Охири моҳи октябр зумрае аз шогирдону пайвандон ва наздикони академики марҳум Муҳаммадҷон Шакурӣ зодрӯзи ӯро таҷлил карданд. Дар ин рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ расмҳое аз зиёрати манзили охирати устод Шакурӣ интишор ёфтанд. Чанде аз донишмандону рӯзноманигорон ёдномаҳо дар ин саҳифаҳо интишор доданд, аз суҳбатҳои олими маъруф ёд шуд, хизматҳои шоиста ва ҷойгоҳаш дар илми тоҷикро ёдрас карданд.
Устод Шакурӣ 16-уми сентябри соли 2012 дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.