Чаҳор сол бе Шакурӣ

Охири моҳи октябр зумрае аз шогирдону пайвандон ва наздикони академики марҳум Муҳаммадҷон Шакурӣ зодрӯзи ӯро таҷлил карданд. Дар ин рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ расмҳое аз зиёрати манзили охирати устод Шакурӣ интишор ёфтанд. Чанде аз донишмандону рӯзноманигорон ёдномаҳо дар ин саҳифаҳо интишор доданд, аз суҳбатҳои олими маъруф ёд шуд, хизматҳои шоиста ва ҷойгоҳаш дар илми тоҷикро ёдрас карданд.
Устод Шакурӣ 16-уми сентябри соли 2012 дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт. Яъне, ин чоримин тирамоҳ аст, ки ӯ бо мо нест. Рафтани инсоне назири Муҳаммадҷон Шакурӣ барои илми тоҷик як талафоти сангине буд, ки миллат акнун бори гарони бе ӯ буданро таҳаммул намояд.
Ва мақолаи зер рӯзи 19-уми сентябри ҳамон сол, яъне баъди 3 рӯзи даргузашти олими тавоно навишта шуда буд. Ҳоло, ки аз ӯ ёд мекунем, хостем онро бори дигар интишор диҳем ва дар поён номгӯи осорашро барои аҳли илм ва толибони илм чоп кунем.

Се рӯз бе Шакурӣ

Сеюмин рӯз моро аз реҳлати ҷонгудози олими нотакрор, адиби хушсалиқа, мунаққиди борикназар, муҳаққиқи соҳибқалам, академик устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ҷудо мекунад. Ҳамчуноне дар зиндагӣ хоксор буду хоксорона зист, баъди маргаш низ маросими видоъ бо ӯ тибқи васияти марҳум ҳамон гуна оддиву хоксорона баргузор шуд. Аммо ин маросим аз маросимҳои видоъи дигар, ки ин ҷониб тӯли як соли охир шоҳид буд, бо самимияти худ фарқ мекард. Дар он асосан касоне ҳузур ёфтанд, ки иродатмандони устоди шодравон буданд, шогирдон, ҳамқаламон, ҳамсафон ва ҳамгинони ӯ маҳсуб мешуданд. Ва Сафирон ҳам дар ин мароси ҳузур доштанду сиёсатмадорон ҳам, академикҳову профессорон ва донишҷӯён ҳам.

Сояи устод Шакурӣ, сояи Бухоро

Ёд дорам шояд ду ё се моҳ қабл хабари азми табобат карданаш ба Эронро интишор додем ва баъди фурсате гӯё ҳамагон бозгашти саломати ӯро мунтазир будем, ки аз вурудаш ба Душанбе хабар сохтем. Бозгашташ ба гунае буд, ки гумон кардем шаҳри холиро пур кард. Шахсиятҳо ҷойгоҳи холӣ доранд дар ҷомеа ва онро ба ҷуз худи онҳо касони дигар наметавонанд пур кунанд. Ва ҳамон рӯзҳо буд, ки ин шеъри Сиёвуш дастраси матбуот шуд:

Дар миёни кучаҳои шаҳри зебои Душанбе
Дар миёни сояравшанҳо
Меравад як сояе сокит,
Меравад як сояе мармуз,
Сояе гум гашта аз дирӯз дар имрӯз
Сояи торихи Миҳан,
Дар Душанбеи дилоро
Сояи шаҳри Бухоро.

Ва мурод ҳамин сояи устод Шакурӣ буд. Вале ин сояро мо баъди бозгашти устоди шодравон дигар дар қадоқади растаҳои гулпӯши Душанбе надидем. Омаду боз бистарӣ шуд, дарди бедаво дигар амонаш надод.
Вале ҳамин шеърро хондем, то устодро аз он ёбем. Шеъре, ки як достони кӯтоҳро мемонад, шеъре, ки осон хонда мешуд, ба мисли устод Шакурӣ осонгуфтору осоншунав буд. Ва шеър моро дунболи худ кашид, ба Бухорои замони Садри Зиё, Бухорое, ки гаҳвораи тамаддуни миллат буду баъд зери пои бегонагону бегонапарастон ҳатто гури Аллома Донишро гум кард. Бухорое, ки Мунзиму Айнӣ аввалин мисраъҳои акнун ба ҳамаи мо шиноси худро гуфтанд. Бухорое, ки бӯи Оли Сомон мекард.
Ва устод Шакурӣ охирин намояндаи он фарҳанги боғановати Бухоро буд, ки акнун рафт. Охирин фарзанди Шарифҷон Махдум Садри Зиё, охирин қозии Бухорои амирӣ, ки аз ҷабри коммунистон дар кунҷи зиндон бо хориву зорӣ ҳаётро падруд гуфт. Устод Шакурӣ дар ҳамон синни тифлӣ ин фоҷеаи падарро дид. Донишманди фарзона дар зиндон фавтид, ҷанозаашро доданд, ки гӯронанд, вале мурдакаше наёфтанд, ки ӯро то қабристон барад. Ҳама тарс доштанд, ки паси тобути қозикалони собиқ ба гуристон раванд, мабодо, ки тозиёнаи НКВД ба сарашон фуруд ояд ва мили камони “тройка” сари сабзи онҳоро нишон гирад. Ва устод Шакурӣ дар аввалин солҳои бозсозии Горбачёвӣ бо шуҷоати бемисл ҳамин сарнавиштро навишт ва аз тариқи маҷаллаи “Фарҳанг” расонаӣ шуд ва ба хонанда расид. Ӯ буд  охирин  парчамбардори маърифати Садри Зиё. Ба қавли шоираи ширинсухан Гулрухсор:

Бухоро қудрати зодан надорад,
Шакурӣ охири Садри Зиё буд

“Соҳиби ахлоқи Бухоро аз аҳди Сомон то Садри Зиёву Айнӣ...”

Устод Шакурӣ аз ҷумлаи пуркортарин олмони кишвар буд. Вай муддати шаст сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ заҳмат кашид, шогирдони зиёдеро тарбия кард, роҳбарии шояд садҳо рисолаҳои илмиву корҳои дипломии донишҷӯёнро ба ӯҳда дошт. Ба гуфтаи муҳаққиқони осораш ин муддат вай худ ним ҳазор мақола ва 45 асари таҳқиқотии пурарзишеро дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ ба чоп расонидааст. Аз ӯ китобҳое боқӣ мондаанд, ки барои аксари мардум ошноянд. Аз ҷумла,  "Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист", "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад",  "Садри Бухоро", "Равшангари бузург", "Хуросон аст ин ҷо",  "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" ва ғайра, ки онҳо дар Душанбеву Эрон нашр шудаанд ва бидуни шак хонандагони сершумори худро доштанд.
Устод Шакуриро муаллифи пешнависи Қонуни забони тоҷикӣ медонанд, ки охири солҳои 80 асри гузашта рӯи кор омада буд. Вай якҷо бо дигар пешвоёни илму маърифат ва адибон талоши фаровон дод, то забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб кунад. Ба гуфтаи шоири саршиноси тоҷик устод Мӯъмиин Қаноат устод Шакурӣ  “ягона олиме буд, ки ҳам дар Академияи улум, ҳам дар Иттиҳоди нависандагон ва ҳам анҷумани "Пайванд" барои эҳёи забони форсии тоҷикӣ талош мекард." Адиби соҳибқалами тоҷик китоби "Хуросон аст ин ҷо"-ро посухе медонад ба онҳое, ки ваҳдати ҷомеаи форсизабонро нодида мегирифтанд.
Шоири Халқии Тоҷикистон устод Мӯъмин Қаноат ахлоқи олии Муҳаммадҷон Шакуриро ирсияти Бухорои шариф аз аҳди Сомон то ахлоқи Садри Зиёву устод Айниву ҷадидон медонад, ки “як нафар дар маҷмӯъ ҳамаи ин ахлоқро дошт". Шоири тавонои тоҷик Муҳаммадҷон Шакуриро аз ҷумлаи муҳаққиқони бисёр ҷиддӣ дар риштаи таърихи адабиёт, ҷадидон, маорифпарварон медонад. Ба гуфтаи ӯ  Муҳаммадҷон Шакурӣ то охирин нафас дастандаркор ва пажӯҳишгари ҳамин масъала буд. дар сӯҳбат бо “Озодӣ” мегӯяд: "Дар ибтидо бештар дар мавриди фаълиятҳои падари бузургворашон менавиштанд ва баъдан мавзӯи пажӯҳишҳои ӯ фарохтар шуд ва дар доираи фарҳанги Хуросони бузург қарор гирифт. Шакурӣ пайваста аз рӯи як низом ва система таҳқиқотҳои худро анҷом медоданд”.

​​ Зодаи Бухорои шариф дар қалби Душанбе ба хоби абад рафт

Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1925 дар хонаводаи донишманди замон Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро по ба арсаи ҳастӣ гузошт. Соли 1945 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кард. Фаъолияти кории худро дар нашрияи "Тоҷикистони Сурх" оғоз намуд.
Ду тан аз фарзандонаш Рустам ва Шариф Шукуровҳо доктори илмҳои таърих ва филология буда, дар айни замон дар шаҳрҳои Маскав ва Лондон кору фаъолият мекунанд.
Хизматҳои шоёни устод Шакурӣ аз ҷониби давлат қадршиносӣ шудааст. Ӯ барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ ба унвони як донишманд ва муҳаққиқи саршинос маъруфияти зиёде дар Эрону Афғонистон дорад. Соли 1996 узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби Ҷумҳурии исломии Эрон интихоб гардид.
Охири умр устоди зиндаёд аз беморӣ ранҷи бештар дид. Борҳо барои табобат ба Эрон ва Британиё рафт, вале чун мушкилоти чандсола буд, билохира муолиҷа ҳам нашуд. Пайвандонаш ҳам медонистанд, ки ин дарде, ки гиребогири ӯст, ноилоҷ аст. Вале умед аз ҳама охир мемирад. Ин буд, ки писараш ба Лондон кашид, ки шояд шифои ӯ дар ин шаҳр бошад, пайвандони дигараш ба Эрон, ки шояд дар ватани аҷдодӣ қадаҳи шифо насибаш кунад. Вале ин ҳама талошҳо агарчӣ зарра-зарра ба дардаш таскин мешуданд, вале муолиҷа насибаш нагардид.

Охирин рӯзҳои умри худро боз ҳам ба умеди шифо дар бемористони Ибни Синои пойтахт сипарӣ кард. Дар изҳороти расмии мудирияти беморхона мехонем: “Муҳаммадҷон Шакурӣ  рӯзи якшанбе, 16-уми сентябр пас аз бемории тӯлонӣ соати 3:47 дақиқаи субҳи якшанбеи 16-сентябр дар бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе дар синни ҳаштоду ҳафтсолагӣ вафот кард. Устод Шакурӣ бо ташхиси саратони ғадуди простата бо метазтаза ба устухонҳои кос ва сутунмӯҳра ва аворизи мухталифи ин беморӣ, дар таърихи 5-уми сентябри соли 2012 дар ин бемористон бистарӣ шуда ва аз соати 17-и рӯзи 14-уми сентябр дар ҳолати кома ва дар зери дастгоҳи маснуии танаффус қарор дошт."

Ва хуш гуфт Гулрухсор дар маросими видоъ бо устод Шакурӣ:

Шакурӣ марди дил, марди Худо буд,
Сафири ишқу имону сафо буд.
Забони шамъи худафрӯзии мо,
Шакурӣ дар садоқат бебаҳо буд.
Шакурӣ охирин хунёгари кеш,
Зи пургӯёни камҳосил ҷудо буд,
Бухоро қудрати зодан надорад,
Шакурӣ охири Садри Зиё буд.

Бобоҷони Шафеъ

Номгўйи осори Муҳаммадҷон Шакурӣ

Маҷмўаи диктант ва нақлҳои хаттӣ. – Сталинобод, 1949;
Методикаи забони тоҷикӣ. – Сталинобод, 1951;
Корҳои контролӣ аз курси Адабиёти классики тоҷик дар асрҳои XVI-IX. – Сталинобод, 1952;
Маҷмўаи диктант ва текстҳо. – Сталинобод, 1952;
Об идейных и художественных особенностях (воспоминаний С. Айни). – Душанбе, 1954;
Хусусиятҳои ғоявию бадеии С. Айнӣ. – Сталинобод, 1955;
Сотим Улуғзода. – Сталинобод, 1961;
Анъана, халқият, маҳорат. – Душанбе, 1964;
Методикаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаби ибтидоӣ.
Китоби дарсӣ. – Сталинобод, 1956 (ҳаммуаллиф);
Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик. Қисмҳои 1, 2. – Сталинобод, 1957 (ҳаммуаллиф);
Русская литература - Хрестоматия для 9. классов в Тадж. школе. – Сталинабад, 1956 (соавтор);
Маҷмуаи диктант ва нақлҳои хаттӣ. Қисми 2. – Сталиобод, 1958 (ҳаммуаллиф);
Намунаи фолклори диёри Рўдакӣ. – Сталинобод, 1958;
Раҳим Ҷалил. Очерки мухтасари эҷодиёт. – Сталинобод, 1959;
Очерк истории Таджикской Советской литературы. – М., 1961;
Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ. – Душанбе, 1964;
Методикаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаби ибтидоӣ. – Душанбе, 1964;
Анъана, халқият ва маҳорат. Маҷмўаи мақолаҳо. – Душанбе, 1964;
Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ. – Душанбе, 1966;
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. – Душанбе, 1968 (нашри 2, 2005);
Проблемы жанра и стиля в современной таджикской прозы: Дисс… доктора филол. наук. – М., 1970;
Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ. – Душанбе,1973;
Анъана ва навоварӣ. – Душанбе, 1976;
Паҳлўҳои таҳқиқи бадеӣ. – Душанбе,1976;
Пайванди дўстӣ ва бадхоҳони он.  – Душанбе, 1978;
Садриддин Айнӣ. – Душанбе, 1978 (бо ҳуруфи арабӣ);
Насри Ҷалол Икромӣ. – Душанбе, 1979 (ҳаммуал­лиф);
Пайванди дўстӣ ва бадхоҳони он. – Душанбе, 1979 (ҳаммуаллиф);
Насри солҳои 1945-1974. – Душанбе, 1980; Пайванди замонҳо ва халқҳо. Маҷмўаи мақолаҳо. – Душанбе, 1982;
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. – Душанбе, 1985;
Обновление. Таджикская проза сегодня. – М., 1986;
Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ. – Душанбе, 1987;
Мактаби одамият. – Душанбе, 1991;
Забони мо – ҳастии мост. – Душанбе, 1991;
Хуросон аст ин ҷо. – Душанбе, 1996;
Хуросон аст ин ҷо. – Душанбе, 2009;
Истиқлол ва худшиносии иҷтимоию маънавӣ. – Душанбе, 1999;
Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон. – Хуҷанд, 2001;
Садри Бухоро. – Теҳрон, 2002 (бо хатти форсӣ);
Инсонгароии омўзиш ва забони миллӣ. – Душанбе, 2002;
Сарнавишти форсии тоҷикии Фароруд дар садаи бист. –  Душанбе, 2003;
Ҷусторҳо дар бораи забону адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон. – Теҳрон, 2003 (бо хатти форсӣ);
Рўзномаи Садри Зиё. – Теҳрон, 2003 (бо хатти форсӣ);
The personal History of a Bukharan intellectual. – Boston, 2004;
Садри Бухоро. – Душанбе, 2005;
Нигоҳе ба адабиёти тоҷики садаи бист. – Душанбе, 2006;
Равшангари бузург: Дар бораи устод С. Айнӣ. – Душанбе, 2006;
Забони миллӣ ва ҷаҳонгаройӣ. – Душанбе, 2010;
Фитнаи инқилоб дар Бухоро. – Душанбе, 2010;
Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон. – Душанбе, 2012