Ин китоб ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст ва муаллифони он Юсуфзода Юсуфҷонов Сангаҳмад ва Сафар Амирхон мебошанд. Китоб ба тозагӣ дар нашриёти “Дунёи нав” ба теъдоди 200 нусха рӯи чоп омадааст ва он шомили мақолаҳо, шеър, қисса ва хотираҳо мебошад.
«Гули санг» фарогири бобҳои «Муборакқадам», «Тахрихи диёр», «Ёддошт ва хотирот» буда, аз хидматҳои пайвастаи Пешвои миллат ва натиҷаҳои сафарҳои кориаш ба ноҳияи кўҳистони Муъминобод, таърихи бою пурғановати ин диёри биҳиштосо ва заҳмату талошҳои маруми бонангу фидокор, ки дар ин роҳ нақши неке гузоштанд, қаламдод гардидааст.
Рўзгори қаҳрамони ин ёдвора - Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, зиндаёд Сангаҳмад Юсуфзода, ки шабеҳи гули санг рўи сангу бағали шахҳо рўида, баҳри шукуфоиву сарсабзии ҳаёт талош варзидаву машъали илму донишро дар ниҳоди фарзандони мардум фурўзон гардонидааст, намунаи ибрату тарбияи ватандўстии насли наврас мебошад.
Дар ин китоб на танҳо қисмату рўзгори як оилаи зиёӣ, як деҳаи кўҳистон, балки таъриху фарҳанг, маросиму анъанот, пешрафту рў ба тараққиёт ниҳодани ҳаёти сокинони ноҳияи Муъминобод ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шубаи илмӣ ва тадқиқотӣ.