Китобшиносӣ илм аст ё фан?

Бархе китобшиносиро илм дониста ва бар он исрор кардаанд. Қисмати дигар бошад тарафдори фан буданд. Дар ҳақиқат бояд исрор намуд, ки дар рафти пажўҳиш ва нигоришу омўзиш маълумамон гардид, ки ба чунин зайл андеша кунем: Китобшиносӣ на илм асту на фан, балки омезае аз илму фан мебошад, ки фан дар ин ҷо сабту нигоҳдории китобҳо буда, илм бошад санъати китобҳо аст. Яке аз донишмандони соҳа чунин қайд намудааст, ки «Ҳар илме дар арзи мавзўӣ худ фан ҳасту ҳар фане дар равиши худ илм мебошад».  Донишманди дигаре бо номи Моликас чунин ақида дорад, ки «Китобшиносиро набояд илм ё фан номид». Охиран ба чунин хулоса омаданд, ки китобшиносии тавсифӣ ҷудо аз дигар китобшиносиҳо, яъне илм ба ҳисоб меравад, дар ҳоле, ки китобшиносии шуморишӣ низомёфта фанни маҳз аст.

***   ***   ***

Агар мутолиаи китоб ҳеҷ фоидае надошта бошад, ҷуз ҳамин, ки туро аз истодани беҳуда, дар манзил ва нигоҳ кардан ба обирон боз дорад, кифоят мекунад.

                                                                                                                   Ҷоҳиз

Китоб пояи асосии тамаддуни башараст, ки танҳо тавассути нигаҳдошти он ин поя мустаҳкам хоҳад шуд. Мавзўи китоб ва китобдорӣ барои пешрафту ташаккули ҳаёти иҷтимоии ҷомеа нақши муассир дошта, рушди ҳар ҷомеа барои нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва илмию адабӣ ба ин мавзўъ иртибот дорад.

Аз рўзе, ки инсон тавонист фикру андешаи худро рўий қоғаз оварад ва осори китобатшудае аз худ ба мерос гузорад, қарнҳост, ки мегузарад. Аз қадим то ба имрўз танҳо тавассути нусхабардорӣ ва феҳристнигорӣ осори аҳли башар боқӣ мондаанд. Халқи тоҷик аз зумраи халқҳоест, ки аз худ осори бузурги илмию фарҳангӣ боқӣ гузоштааст, ки ин осор дар шинохти тамаддуни халқҳои Осиёи Миёна саҳми арзанда дорад. Нишонаи асосии ҳуввияти миллӣ доштани ин миллат низ аз осори бузургашон шаҳодат медиҳад. Ниёзи аввалияи ин осори таълифшуда таҳия ва тадвини феҳристҳо ва китобномаҳо мебошад, ки ҳам барои огоҳӣ пайдо кардан ва пажўҳиши ин осор кўмак мекунад ва ҳамин осор дар шакли наву тоза коркард мегардад. Солҳост, ки чунин таҳияи феҳристро дар истилоҳ бо номи библиография мешиносанд.

Библиография калимаи юнонӣ буда, маънояш навиштани китоб ё нусхабардорӣ кардан аст. Маънои ин вожа аз асрҳои 17 мелодӣ то ба имрўз чанд маротиба тағйир ёфтааст. Библиография – дар фарҳанги  тафсирии  забони   тоҷикӣ  ба  ду  маъно  омадааст:

  1. Тасвири илмии чигунагии китобҳо ва тартиб додани феҳристи онҳо, китобиёт, китобнигорӣ.
  2. Илм дар бораи тарз ва усулҳои тасвири китобҳо ва тартибдиҳии феҳристи адабиёт.

Илми библиография ё китобшиносӣ яке аз муҳимтарин шохаи китобдорӣ буда, маводи асосии иттилоотрасонӣ дар ҷомеа ба шумор меравад. Дар садаи XX илми китобшиносӣ барои донишандўзӣ ва нигаҳории китоб аҳамияти хосса дар худ касб карда, ба тадриҷ  рушд  намуда буд. Дар ин замина, махзан барои сабту нигаҳдории сарчашмаҳои илмию таърихӣ таъсис дода шуд. Рафта-рафта талабот ба ин соҳаи илм ва омўзиши он бештар гардида, таъсиси китобхонаҳои муосир ба нақша гирифта шуд. Китобхона ҳамчун маркази ҷамъоварӣ ва нигаҳдории маводи илмию таълимӣ маҳсуб гардида, равиши содае барои истифодабарандагон мебошад. Пас маълум  мегардад, ки библиография дар ҷомеа нақши муҳим ва муассире дорад, ки ҳар ҷомеае барои пешрафти  илму дониш ба мутолиаи  китоб  ниёз дорад.

Донишмандони соҳа дар бораи китобшиносӣ илм аст ё фан назари мухталиф доранд, яъне китобшиносӣ таҳкими илмӣ буда, ё як кори иҷрошуда дар заминаи мушаххас аст, бо вуҷуди оне ки дар ин соҳа корҳое зиёде ироа гардиданд. Метавон гуфт, ки дар ҳақиқат китобшиносӣ байни ин ду яъне илму фан нуҳуфтаст. Илм ба маънии равиш ва тариқ аст ва фан бошад ба як самту як чиз равона ва тааллуқ дорад, ки дар ин росто мунтазам сабти китобҳо ва дигар мавод мебошад. Илм бошад бо санъати китобҳо ва гирдоварии онҳо иртибот дорад. Илм дар китобшиносӣ дорои паҳлуҳои сершумор мебошад. Китобшиносии таҳлилӣ ё холиснамоӣ пажуҳишгарро ба китобшиносии таърихӣ, ки вазифааш баррассии таърихи китобат, чопу ҷилднамоӣ ва ороиши китоб мебошад равона менамояд, ки ин ҳама ба фан тааллуқ дорад.

Бархе китобшиносиро илм дониста ва бар он исрор кардаанд. Қисмати дигар бошад тарафдори фан буданд. Дар ҳақиқат бояд исрор намуд, ки дар рафти пажўҳиш ва нигоришу омўзиш маълумамон гардид, ки ба чунин зайл андеша кунем: Китобшиносӣ на илм асту на фан, балки омезае аз илму фан мебошад, ки фан дар ин ҷо сабту нигоҳдории китобҳо буда, илм бошад санъати китобҳо аст. Яке аз донишмандони соҳа чунин қайд намудааст, ки «Ҳар илме дар арзи мавзўӣ худ фан ҳасту ҳар фане дар равиши худ илм мебошад».  Донишманди дигаре бо номи Моликас чунин ақида дорад, ки «Китобшиносиро набояд илм ё фан номид». Охиран ба чунин хулоса омаданд, ки китобшиносии тавсифӣ ҷудо аз дигар китобшиносиҳо, яъне илм ба ҳисоб меравад, дар ҳоле, ки китобшиносии шуморишӣ низомёфта фанни маҳз аст.

Дар ин мавзўъи китобшиносӣ илм аст ва ё фан пажуҳиш ва ақидаҳо хеле зиёданд, ки дар ин роҳ иктифо намудани мо метавон аз мавзўйи асл берун барояд. Аз ин рў мекушем то мавзўйи  зери  назарро рўшан намоем.

Таҷрибаи фарҳанги китобдории ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки пешрафти рушди фикронӣ ва рушди фарҳангӣ аз китобхонӣ ва тарзи китоб шиносии ҷомеа вобастааст. Аз ин рў, фарҳанги китобхонӣ ва китобдорӣ дар ҷомеа василаи асосии рушди тамаддун ва шинохти мероси илмӣ- адабӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид бояд кард, ки дар замони кунунӣ ҳарчанд пешрафт ва тараққии расонаҳои интернетӣ назаррасанд, вале китоб ва фарҳанги китобдорӣ нақши асосӣ дорад. Фаъолияти соҳаи библиография дар ҳамаи кишварҳо маҳз ба хотири рушди ҳаёти фарҳангии ҷомеа амал намуда, то ба имрўз ҳеҷ яке аз расонаҳои ҷаҳонӣ натавонистааст ҷойгоҳ ва мақоми онро гирад.

Тавре ки маълум аст, интернет дар солҳои 60-70 садаи XX пайдо шудааст, аммо осори бузурги илмӣ-адабӣ аз қадим то ба имрўз ҳам дар шакли дастхат ва ҳам дар шакли китоб дар китобхонаҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Китобхонаро метавон ниҳоди илмӣ ва макони баргузории ҳамоишҳои илмӣ номид. Пас ин ниҳод барои соҳибназарон ва донишмандон макони бисёр муқаддас маҳсуб меёбад, зеро пешравию шукуфоии истеъдодҳои ҳам донишмандон ва ҳам донишҷўёнро ба қуллаҳои баланди зеҳнию фикрӣ бурда мерасонад. Рушду нумўи тамаддун ва фарҳанг дар ҷомеа маҳз тавассути донишандузӣ ва шинохти осори бузурги гузаштагон ба анҷом мерасад. Китоб ганҷ бошад, пас китобхона ганҷина аст. Дар воқеъ ҳар ҷомеаеро аз ҷаҳлу нодонӣ танҳо китоб метавонад берун оварад. Пас маълум мегардад, ки ҷойгоҳи китобат ва ё библиография дар ҷомеа барои рушди ҳаёти фарҳангии ҷомеа бисёр муҳим буда, пайғамбари Ислом низ уммати худро пайваста ба ҳифзи кутуб ва китобати он мефармуданд.

Муҳаққиқ ва фарҳангнависи англис Самуэл Ҷонсум дар бораи китобшиносӣ мегўяд: «Дониш бар ду навъ аст: якум, ё мавзўеро медонем ва ё медонем дар куҷо дар бораи он иттилооте биёбем. Дуюм, вақте мо роҷеъ ба ҳар мавзўе мехоҳем таҳққиқ кунем, нахуст коре, ки бояд анҷом диҳем, он аст, ки бидонем чи китобҳое дар бораи он баҳс мекунад»[1]. Мақсад аз зикри ин нукта он аст, ки ҳар касе бихоҳад аз осор ва зиндагии донишманде бохабар ва ё мавзўе дар бораи он мавриди пажўҳиш қарор диҳад, бидуни донистани китобшиносӣ вақти бештари худро сарф хоҳад кард. Аз ин рў, библиография дар ҷомеа барои пешрафти ҳаёти маънавии аҳли башар аҳамияти аввалиндараҷа касб кардааст.

Яке аз китобшиносони машҳури эронӣ Эраҷ Афшор дар бораи аҳамияти китобшиносӣ менависад: «Имрўза таҳққиқ ва татаббўъ дар ҳаде, ки вуқуфи комил дар мавзўъ ҳосил шавад, бидуни муроҷиа ба китобшиносӣ муяссар намешавад. Фанни китобшиносӣ чандон аҳамияте пайдо кардааст, ки бисёре аз муассисоти ҷаҳонӣ, чун Созмони Миллали Муттаҳид, ЮНЕСКО ва ағлаби ҷомеи илмӣ ва донишгоҳӣ дар ин боб кўшишҳои мудом ва муассир мекунанд ва интишороти махсус ва муфид доранд»[2].

Доир ба аҳамият ва нақши библиография дар ҷомеа ҳамин нуктаро бояд қайд кард, ки бе донистан ва амалкарди ин соҳа анҷом додани таҳққиқоте ғайри имкон аст ва ё ба пуррагӣ пажўҳиши он ба муҳаққиқ муяссар намегардад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар соҳаи китобшиносӣ барои рушду нумўи ҷомеаи тоҷик дар мадди аввал гузошта шуд ва ҳамеша мутолиа намудани китоб ва китобдорӣ таъкид мегардад. Маҳз бошарофати Истиқлолияти давлатӣ библиографияи тоҷик тавонист ганҷинаи бузургеро чун Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ намояд. Бояд таъкид кард, ки фаъолияти ин ганҷина имрўз ниёзи аввалияи донишҷўёну пажўҳишгаронро бароварда мекунад ва ҳар фарди ҷомеа аз нақш ва аҳамият доштани библиография дар ҷомеа бархурдор мешавад.

Шукрона Каримзода,

мутахассиси пешбари шуъбаи

 илмӣ ва тадқиқотӣ