Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. САНГНАВИШТҲО
Замони қадим одамон барои навиштани номаҳо, ҳуҷҷатҳои расмӣ, таълифи китобҳо воситаҳои мувофиқро ҷустуҷў кардаанд. Якеи ин асбобу анҷомҳо ҳаҷман вазнин бошад, дигаре душворнавису гаронбаҳо будааст.Тахтасанг, тахтачаҳои фузулӣ, мисӣ, сурбӣ, сафолӣ, тактачўбҳо, чўбдаст, пўстлоқи дарахти тўс, барги дарахтони хурмо, рустании папирус, пўсти ҳайвонот ва қоғаз давра ба давра истифода шудаанд.
Мардуми Шумери қадим, мамлакати хетҳо рўи тахтасанг, тахтачаҳои сафолӣ, танаи деворҳо, пештоқҳо воқеотро мусаварӣ (сабт) мекарданд. Юнониёни қадим қонун, санадҳои давлатиро дар тахтасанг, тахтачўб ва матни аввали достони «Илиада»-ро рўи тахтаи сурбӣ навиштаанд. Амрикоиёни Ҷанубӣ дар навиштан дарахти лифдор ва дигар зироатҳоро ҳамчун масолеҳи хатнависӣ истифода мебурданд. Мисриён аввал дар барги зайтуну хурмо ва пас дар папирус, суриягиҳо дар пўсти ҳайвонот, арабҳои кўчманчии садаҳои V-IV- и мелодӣ рўи устухон навиштаанд. Мардумони Чин, Корея, Ҷопон, Арманистон, Машриқзамин ва ғайра ба ин гуна анҷому афзоли навиштанӣ сарукор доштанд.
Байни ҳамаи анҷомҳои навиштанӣ папирус, пергамент ва баътар қоғаз писанд омад ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд.
Рўи тахтасангҳо лаҳзаҳои шикоргаҳ - шикори говони ваҳшӣ сабт шудаанд. Шикорчиён рўи худро бо або (либоси остинкўтоҳ) пўшонидан. Ба гуфтаи таҳқиқотчиён тасвироти рўи ин тахтасангҳо ба замонҳои неолиту энеолит таллуқ дорад. Баъзе он қабатҳои дури ин тасвирҳоро ба замони мезолит тахмин мекунанд. Саҳнаи говони ваҳшӣ дар яке минтақаҳои мафтунгоҳи Заравутсои Фарғона воқеъ гардидааст.
*** *** ***
Гурўҳи бостоншиносон дар кўҳи Гегамии Арманистон қариб сад намуд сурат, нақшаҳои сангҳоро ёфта буданд. Рўи сангҳо маросими рақс, селаи ҳайвонот ва набототи гуногун сабт шуданд. Бостоншиносон таърихи тасвироти кўҳи Гегамиро ба се-ҳафт ҳазор сол пеш нисбат додаанд.
*** *** ***
Солҳои муқадам бостоншиносон дар қисми ҷанубии Урал, наздикии дарёи Вишер, танаи сахраҳо тасвирҳоро мушоҳида карда буданд. Дар ин сахраҳо сурати гурўҳи одамон, хирс, гавазн, савсор (ҷонвари даранда) нақш бастаанд. Таҳқиқотчиён бозёфтро ба ҳазораи сеи қабл аз милод мутааллиқ донистанд.
*** *** ***
Дар тобеи Лангаркишти ноҳияи Ишкошими Бадахшон беш аз 6 ҳазор тасвироти рўи тахтасангҳо мавҷуданд. Силсилаи ин тасвирҳо ба панҷ майдон- дараи Кихнҷаров, қисмати шарқии сои Чикордур, наздикии деҳоти Лангаркишт, Исор ҷудо гардидаанд ва дар масоҳати шаш чақрим тўл кашидаанд. Рўи тахтасангҳо шикори нахчир бо саг, аспсаворӣ, қутосҳо тасвир ёфтанд. Тасвирҳои дигар ба мисли марди қадаш 1,8 метр бузи калонеро ба ҳадаф гирифта, ду даранда бо селаи бузҳо, манзараи киштукор бо омоч (сипор), ҳуҷуми одамони шамшердор, шикор бо милтиқи поядор ва ғайра нақш шудаанд.
*** *** ***
Қисмати Шимолу Шарқии шаҳри Мосулаи Ироқ вайронаҳои Найнаво - пойтахти империяи қадим воқеъ гардидааст. Бостоншиносон бунёд ёфтани найнаворо ба ҳазораи панҷуми пеш аз милод тахмин кардаанд. Тараққиёти Найнаво замони ҳукмронии шоҳи Синахароб ба авҷи боло расида будааст. Масоҳати шаҳр 1800 акрро ташкил медод ва шаҳр 15 дарвоза дошт. Деворҳои яке аз толори шаҳр сурати ҳайвоноти одамсар, шерҳои болдор, ки ба ақидаи ассириён ифодаи доногӣ,тавоноӣ будааст, зебу зиннат ёфта буданд. Матни зери ин тасвирот бо хати мехӣ анҷом ёфта, аз задухўрдҳои лашкари ассириён бо душманонаш ва ғалабаҳои онҳо дарак медоданд.
*** *** ***
Дар Эрмитажи шаҳри Санкт Петербург тахтасанге нигоҳ дошта мешавад ва то кунун чӣ гуна хат ва ба кадом забон таалуқ доштани навиштаҷоти рўи он маълум нашудааст. Танҳо ҳаминаш дастрас шудааст, ки навиштаҳо ба 3300 сол қабл аз милод мансуб мебошанд.
*** *** ***
Деҳаи Фороби ноҳияи Панҷакент. Дар ин ҷо ду тасвироти нодирест рўи санг. Яке сурати ҷавонмарди зебоандоми юнонӣ дар болои булури тангашакл. Мегўянд, ки ин суратест таърихи зиёда аз 2500-сола дорад. Сурати дигар ҳайвонест сипомонанд бар болои ақиқ, ки таърихи онро беш аз ҳазорсола гўянд.
*** *** ***
Байни деҳаи Хоҷаи Аъло ва Ворухи ноҳияи Исфара сангест, ки танаи он навишта бо забони арабӣ мебошанд ва ин навиштаҳо ба соли 1041 мансубанд. Дар ин санг номи намояндаи сулолаи Қарахониён Муиззуддавла Арслонтагин Абулфайзи Аббос зикр ёфтааст.... Катибаи Ворух манбаи муҳими таърихии замони ҳукмронии сулолаи Қарахониён дар Мовароуннаҳр мебошад.
*** *** ***
Бошандагони деҳаи Оббурдони Масчоҳ чашмаи «Озухак» - и деҳаро ба тартиб меоварданд ва онҳо дохили он сангеро пайхас карданд. Санг лаби чашма бароварда шуд ва пас аз тоза кардани танаи он навиштаҳо падид омаданд. Дар танаи он солҳои 1511-1512 ва номи Зоҳириддин Муҳаммади Бобур мавриди дар Мастчоҳ шуданаш, сари чашмаи мазкур таваккуф оварданаш сабт шуда буд. Ӯ он ҷо бо дасти худ танаи санг се байтеро аз «Бўстон»-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ навишта, ки он чуни наст:
«Шунидам,ки Ҷамшеди фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар санге навишт.
Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,
Бирафтанд, то чашм барҳам заданд.
Гирифтем олам ба мардию зўр,
Валекин набурдем бо худ ба гўр».
Соли 1953 муаррих Аҳрор Мухторов санги катибаи Зоҳириддин Муҳаммад Бобурро ба Душанбе овард ва ҳоло ин санг дар Институти таърих ва бостоншиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
*** *** ***
Ин осор бист чақрим дуртари шаҳри Қирмоншоҳи Эрон дар роҳи корвонгузар ба сўи Бағдод воқеъ гардидааст. Вай ба садаи У1-и пеш аз милод мансуб буда, аз сатҳи замин дар баландии 105 метри танаи куҳ ҷой гирифтааст. Катибаи бесутун дар панҷ сутуни паҳнии ҳар кадом ду метрӣ бо навиштаҳои хати мехӣ анҷом ёфтааст. Катибаи бесутун китобест аз корнамоиҳои шоҳи ҳахоманишиниён -Дорои 1 ( 522-486 то милод) ҳикоят мекунад. Навиштаҳои танаи сутунҳо бо амри шоҳ Доро ба забонҳои форсии қадим, бобулӣ ва эламӣ навишта шудаанд ва аввалин сарчашмаи хаттиест, ки дар бораи забони қадимаи форсӣ ва эламӣ оиди гузаштагони тоҷикон - бохтариҳо, хоразмиён, марвҳо маълумот медиҳад. Бо ривояти ин осори бузург симои мардумони Бохтару Марв, Суғду Сакокиҳо ва сару либоси онҳо равшан мегардад. Афсари инглис Генри Фредрик Роулинсон катибаи бесутунро нусхабардорӣ карда, соли 1848 бо тавзеҳоташ дастраси олимони Аврупо гардида буд.
Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.
Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи
илмӣ ва тадқиқотӣ.