Касби китобдорӣ дар Тоҷикистон
Пеш аз он ки дар бораи касби китобдорӣ ҳарф бизанем, бояд аввал дар бораи мафҳуми китоб чанд сухане гуфта бошем. Китоб ин навиштаҷоти варақаҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Китоб пурқиматтарин падидаи фарҳангист. Кулли одамони бомаърифати олам, китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Халқи тоҷикро ҷаҳониён бо санъаташ мешиносанд, ки онҳоро маҳз китобҳо ҳифз ва баррасӣ намуда, то замони мо овардаанд.
Китобдор шахсест, ки дониши хуб ва маҳорати баланди педагогӣ дорад ва ба фаъолияти китобдорию библиографӣ машғул буда, корҳои техникӣ ва амалиро ба анҷом мерасонад. Китобдорӣ аз шахс одоби касбиро талаб менамояд, ки он яке аз рукунҳои ахлоқӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷараёни муносибат ба хонанда таъсири амиқ дорад. Имрўз китоб шиносномаи шоистаи халқи мост. Бинобар ин Китобхонаи миллии Тоҷикистон махзани маданияти миллии тоҷик, рукни беназири фарҳанги миллӣ буда, дар ташаккули тамоми бахшҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бузург дорад. Вобаста ба талаботи маънавию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаи муосир, насли башар инкишоф ёфта, ба тарзу усулҳои фаъолияташ мазмунҳои тоза зам менамояд ва дар ғанӣ гардонии бойигарии моддию маънавӣ ба наслҳои оянда, хизматҳои арзандаро сомон мебахшад.
Барои фарогирии илмомўзон ва мутахассисону пажуҳишгарон ба манбаҳои иттилоотӣ, имрўзҳо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, Китобхонаи Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаҳои пажўҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо ва китобхонаҳои хусусӣ фаъолият доранд, ки метавонанд талаботи хонандагон ва мутахассисонро ба манбаҳои лозимӣ таъмин намоянд.
Соҳаи китобдорӣ аз корбурди дониш, корбурди аслии фонд ва назарияҳои мушаххас дар эҷод, нигаҳдорӣ, созмондиҳӣ ва истифода аз шумори китобҳо, ки дар китобхонаҳо мавҷуданд, ҳамчунин густариши хадамоти китобхона ва ё донише, ки марбут ба идораи китобхона ба китобу китобшиносиро дар бар мегиранд, иборат аст. Илми китобшиносии тоҷик соҳаи нисбатан ҷавон аст. Нақшу нуфўз ва вазифаҳои иҷтимоии китобдорӣ дар тарбияи мутахассисони варзида дар кишварамон назаррас аст.
Истиқлолияти Тоҷикистон барои рушду нумўи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеъа шароити мусоид фароҳам овард. Ин буд, ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса низ зоҳир карда шуд. Дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар замони истиқлолияти кишвар ин қабули силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ аз ҷумла қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», ки тамоми самтҳои китобдорӣ бунёд ва ба истифода додани китобхонаи замонавӣ ва муҷаҳҳазсозӣ бо техникаи муосири иттиллотӣ дар мисоли Китобхонаи милли Тоҷикистон мебошад. Бо фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-уми сентябри соли 2007 Рўзи китоб пешниҳод гардид, ки ин соҳаи муҳим бо унвони «Рўзи китоб» дар кишвар ҳамасола ҷашн гирифта шавад. Дар бисёр чорабиниҳои гуногун аз қабили корвони китоб, бунёди мағозаҳои китобфурушӣ, таъсиси нашриётҳо ва бо ибтикори Президенти мамлакат ба роҳ мондани силсилаи китобномаи «Ахтарони адаб» ва дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нашри силсилаи китобҳо бо номи «Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун» ба роҳ монда шудааст.
Дар миёнаҳои асри XIX дар як қатор мамлакатҳои Аврупо касби китобдориро ҳамчун соҳаи мустақили илмию амалӣ шинохтанд. Дар ин самт давлатҳои Амрико ва Британияи Кабир пешрафта мебошанд. Дар собиқ давлатҳои шуравӣ бошад, пешрафти маълумоти олии китобдорӣ ва сохтмони донишкадаҳои тахассуси китобдорӣ, Русия саҳми арзанда дошт. Пеш аз пошхўрдани ИҶШС китобдоронро дар 29-мактаби олӣ ва 132-муассисаи маълумоти миёнаю махсус таълим медоданд. Факултаи китобдорӣ дар дохили 6-донишгоҳ (Боку, Вилноюс, Кишинев, Рига, Ашқобод, Махаҷқалъа) 5-донишкадаи педагогӣ (Алмато, Тифлис, Фрунзе, Ереван, Таллин), ҳамчунин 7-донишкадаи маданӣ амал мекард.
Дар Ҷумҳури Тоҷикистон бошад, аз соли 1945 дар ноҳияи Рудакӣ техникуми китобдорӣ ба фаъолият шуруъ намуд, дар ибтидо ин техникум аз соли 1967 ҳамчун шуъбаи китобхонашиносӣ ва библиография дар ҳайати факултаи санъати Донишкадаи омўзгорӣ ба номи Шефченко (ҳоло бо номи устод С. Айнӣ) амал намуда, баъдтар аз моҳи сентябри соли 1973 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо унвони факултаи китобдорӣ арзи вуҷуд кардааст. Ва аз соли 1998 инҷониб бо номи факултаи Китобдорӣ – иттилоотшиносӣ амал менамояд. Имрўзҳо яке аз марказҳои асосии омўзишию парваришии мутахассисони риштаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар сатҳи донишгоҳ фаъолият дорад. Аз соли таъсиси факулта устодони соҳибтаҷриба роҳбарии факултаро ба зимма гирифтанд. Аз соли 1973 устод И.А.Ҷўраев то соли 1983 ба ҳайси декани факулта кор ва фаъолият кардааст. Аз соли 1983 то соли 1991 устоди ширинсухан Раҳимов А.Ҳ. ва аз соли 1991 то соли 1995 устод Шерматов Ҷ, соли 1995 бошад то инҷоиб устод Холов Б.С. роҳбарӣ намудаанд. Дар бунёду рушди факулта устодон И.А.Ҷўраев Р.Шарифзода, А.Хоҷаев, С.Сулаймонӣ, Ҷ.Шерматов, К.Шарипов, Н.Нуралиев, Б.С.Холов, Ш.Қ.Тошев, С.Ҳ.Шосаидов хизмати арзанда карданд.
Айни ҳол дар факулта шуморе аз кафедраҳо амал менамоянд, ки дар парвариш ва омўзишу илмандўзӣ, мутахассисони соҳа кумак мекунанд.
То ибтидои солҳои 70-ум дар ҷумҳурӣ доир ба тахассуси китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ шахсони соҳибунвонҳои илмӣ вуҷуд надоштанд. Баъдан бо тақозои замона факулта ба маркази ҳақиқии илмӣ мубаддал гашта, мактаби китобдорӣ ва библиографиро ба амал овард. Эътибору нуфузи мактаби нави китобдории тоҷикро донишмандони кишварҳои дигар эътироф намуда, барои такмили он кумакҳо расондаанд.
Дастпарварони факулта ба аспиранту докторантураи шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург шомил гашта, ба гирифтани унвонҳои илмии номзадӣ ва доктори илмро сазовор шуданд. Соли 1995 Сафар Сулаймонӣ яке аз олимони шинохтаи соҳаи китобшиносӣ ва библиография, рисолаи докторияшро дар шаҳри Санкт-Петербург дифо намуда, аввалин доктори илми соҳа гардид. Факулта бо дастпарваронаш доктори илмҳои педагогӣ, профессор С Сулаймонӣ, дактори илми педагогӣ, профессор А.Ҳ.Раҳимов, доктори илми таърих, профессор С Муҳидинов ва номзадҳои илмҳои педагогӣ Ҷ.Шерматов, З.Шораҳматов, Б.С.Холов, С.Ҳ.Шосаидов, Қ.Авғонов ва дигар олимони соҳаи китобдорӣ ва библиографияшиносӣ барои пешрафти касби китобдорӣ хизматҳои шоиста намудаанд.
Мо бояд китобдорон кушиш ба харҷ диҳем, ки таваҷҷуҳи хонандагонро ба китобу китобхона бештар ҷалб намуда, сатҳи хизматрасониро баланд бардошта, барои пешрафти ҷомеъа дар роҳи ватандорӣ, дустию рафоқат хонандаро раҳнамоӣ созем .
С. Иброҳимова,
мутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.