Дастуре, ки ҳоло мехоҳем муаррифӣ кунем, қисми сеюм аз силсилаи “Адибони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст ва мураттибонаш онро “тавсияҳои методию библиграфӣ барои китобдорон” номидаанд.
Ин китоб тоза рӯйи чоп омадааст ва аз зиндагинома ва осор адибони шинохтаи кишвар - Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Мўъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Кароматулло Мирзоев,Мирзо Турсунзод, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ ҳикоят мекунад.
Илова бар он ки тарҷумаи ҳоли онҳоро оваранд, муаллифон талош кардаанд адабиёти дар бораашон чопшуда, рӯйхати комили мақолаҳо ва таҳлилҳо дар атрофи осори гаронмояи онҳо, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо интишор шудаанд, китобҳои нақдӣ ва тарҳи суҳбатҳо ва сенариёи баъзе маҳфилҳои адабӣ дар бораи удаборо низ ҷо диҳанд.
Мураттибони китоб Г а д о б е к М а ҳ м у д о в, Ҷ а м и л В а л и е в ва С а л и м а Ра ҷ а б о в а ба ин назаранд, ки “ маводи дар дастур пешниҳодшуда барои омўзгорону муҳаққиқон, кормандони соҳаи фарҳангу ҳунар ва васоити ахбори умум низ судманд мебошанд”.
Дарёфти Китоб: Адибони Ҷумҳурии Тоҷикистон