Санъати коғазгарии анъанавӣ
Санъати коғазсозӣ, яке аз ҳунарҳои қадимии тоҷикон буда, дар гузашта дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот,Чорҷўй, Хуқанд ва ғайра маъмул буд. Устоҳои коғазгар анвои коғазҳоро истеҳсол намуда, ба кишварҳои дигар содир мекарданд. Вале дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ аз тавсифи коғази самарқандӣ бештар сухан рафтааст, ки он тақрибан аз асри XVIII инҷониб дар Осиёи Марказӣ маъмулу машҳур будааст. Яке аз асарҳои қадимтарини ҷуғрофии муаллифаш номаълум, ки дар асри Х таълиф шудааст, “Ҳудуд-ул-олам” мебошад, ки дар он роҷеъ ба коғази самарқандӣ чунин суханҳо зикр шудаанд: “Самарқанд шаҳри бузург аст ва ободон аст ва бо неъмати бисёр ва ҷойи бузургони ҷаҳон аст. ... Ва аз вай коғаз хезад, ки ба ҳама ҷаҳон бибаранд ва риштаи канаб хезад” [5, с. 71]. Аз ин навишта маълум мешавад, ки дар тўли ду садсолаи пайдоиши худ коғази самарқандӣ шуҳрати ҷаҳониро касб карда будааст.
Оғози истеҳсоли коғазро дар Осиёи Марказӣ, аксари муаллифон ба муносиботи сиёсию иқтисодии суғдиён бо кишвари Чин рабт додаанд. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, марди чиние бо номи Сай Лун бо истифода аз канаб ва решаи дарахтон бори нахуст дар соли 105-и мелодӣ коғазро ихтироъ кардааст. Баъдан ба маводи хоми коғаз латтапораҳо, абрешим ва ширеши оҳарӣ ҳамроҳ мекардаанд. [6, с. 153; 3, с. 482].
Санъати коғазгарӣ аввалан дар Чин ихтироъ шуда, сипас ба кишварҳои ҳамсоя, махсусан, ба Осиёи Миёна роҳ ёфтааст. Мувофиқи ривоятҳои таърихӣ, соли 751 лашкари чинӣ аз дарёи Тироз гузашта, ба шаҳри Ҷамбул наздик мешавад. Ҳокими онвақтаи Самарқанд – Абўмуслим сипоҳи худро барои муҳофизати қаламраваш мефиристад. Дар байни онҳо задухўрди сахте сурат мегирад, дар
косибону ҳунармандон, аз ҷумла устоҳои коғазгар низ будаанд. Онҳо барои ҳифзи ҷони худ ин ҳунарро ба суғдиён ошкор менамоянд. Ҳамин тавр, санъати коғазгарӣ дар Самарқанд густариш меёбад ва дорои шуҳрати ҷаҳонӣ мегардад. Коғази самарқандиро тоҷирон ба Арабу Форс, Ҳинд ва Хоразм мебурданд. Чунончи, миқдори зиёди дастхатҳои порсию арабии асри IX-X дар коғази самарқандӣ иншо шудаанд.
Дар баробари Самарқанд санъати коғазгарӣ инчунин дар шаҳрҳои Бухоро, Балх, Ҳирот, Чорҷўй ва дертар дар асри ХIX дар шаҳри Хуқанд рушд мекунад. Мавҷудияти номи деҳаҳо ва наҳрҳое бо номи “Ҷувози Коғаз” ва ё “Коғазгар” дар навоҳии атрофи Бухоро ва Хуқанд аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар гузаштаи начандон дур дар он ҷойҳо коғаз истеҳсол мешудааст. Сабаби “Ҷувози Коғаз” ном гирифтани ин қабил вожаҳо дар он аст, ки маводи хоми коғази осиёимиёнагиро дар обҷувозҳо ба монанди шолӣ мекўфтанд. Пас аз низоъҳои феодалии асрҳои XVIII - XIХ, махсусан, дар даврони ҳукумати шайбониён ба сабаби зулму ситам ва андозситониҳои миёншикан косибону ҳунармандон ҳам тарки пеша мекарданду ҳам тарки ватан. Дар натиҷа ҷувозу корхонаҳои коғазбарорӣ аз кор мемонданд. Дар ҳамин давра баъзе аз коғазгарон ба Хуқанд ва атрофи он ҳиҷрат карда, ин ҳунарро ба Хуқанд бурдаанд.
Аз асрҳои қадим се навъи коғази самарқандӣ вуҷуд дошт. Навъи беҳтарини он коғази абрешимин ном дошт, ки аз лоси шоҳӣ тайёр мекарданд ва рангаш зардча буд. Навъи дувумашро коғази нимкатонӣ мегуфтанд, ки ҳангоми кўфтан ба лоси шоҳӣ нахи катон илова менамуданд. Навъи севумаш аз хамираи латтапораи пахтагин истеҳсол карда мешуд, ки сифати он аз коғази абрешимӣ пасттар буд.
Коғазҳои сохтаи устоҳои Осиёи Марказӣ ба мисли коғазҳои аврупоӣ нақши обӣ надоштанд. Ягона нақши обӣ дар коғази мириброҳимӣ вуҷуд дошт, ки он ба шакли ҳалқаи сафед намудор мешуд. Ин нақшро усто Мир Иброҳими Самарқандӣ дар садаи XVI эҷод карда буд ва он то ба ибтидои асри ХХ дар Самарқанду Бухоро бо ҳамин ном шуҳрат дошт.
Касби коғазгариро шоири тавонои тоҷик Сайидои Насафӣ низ дар асари хеш – “Шаҳрошўб” ёдрас шудааст. Ў дар қатори дигар ҳунарҳо роҷеъ ба устои коғазгар чунин навиштааст:
Бадани он нигори коғазгар,
Коғази муҳркардаро монад.
Маълум мешавад, ки дар шаҳри Насаф, ки ба Бухоро наздик аст, дар замони ҳаёти Сайидо, яъне нимаи дувуми асри XVII ва ибтидои XVIII ҳунари коғазгарӣ маъмул будааст.
Муаррих ва мардумшиноси маъруф А. А. Семенов дар мақолаи худ “Дар бораи коғази осиёимиёнагӣ” маълумоти ҷолиби таваҷҷуҳро роҷеъ ба контексти таърихии истеҳсоли коғаз дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Хуқанд фароҳам овардааст. Ў инчунин раванди истеҳсоли коғаз, анвои он ва тартиби кори коғазгарони самарқандиро дар охири садаи XIХ ва ибтидои ХХ хелебармеояд, ки санъати коғазгарӣ, воқеан пешаи душвору мураккаб мебошад. Устои коғазгар беш аз як моҳ вақт сарф мекард, то ки аз миқдори муайяни ашёи хом – пўсти дарахти тут, абрешим ва латтапора варақи сафеди зардчатоб ҳосил гардад.
Ин пешаи суннатӣ ва пуршараф то ба имрўз дар Самарқанд идома дорад. Дар деҳаи Кони Гили назди шаҳри Самарқанд устои маҳаллӣ Зариф Мухторов пас аз омўзиши таъриху анъанаи коғазгарии устоҳои пешинаи Самарқанд бо аҳли хонаводаи худ истеҳсоли дастии коғазро ба роҳ мондааст. Онҳо нисбатан усули содаи коғазсозиро ба кор мебаранд. Тавре ки аз тасвири Семенов маълум мешавад, бисёр амалҳо ихтисор ва ё сода шудаанд.
Дар корхонаи Зариф Мухторов коғази абрешимини самарқандиро аз пўсти сафеди химчаи дарахти тут тайёр мекунанд. Ҷилди қаҳваранги ин чўб барои сохтани муқова ва баъзе маҳсулоти дигари армуғонӣ ба кор меравад. Тарзи истеҳсоли дастии коғази абрешимин ё шоҳӣ чунин аст: навдаи яксолаи дарахти тутро баҳорон, ҳанўз барг набароварда мебуранд. Чўбро як шабонарўз дар об тар карда, пўсташро ҷудо мекунанд. Пўсти сафедро дар деги об андохта, тақрибан 4-5 соат меҷўшонанд. Баъди ҷўшонидан нахҳо мулоим мешаванд, сипас онро обгардон намуда, таротар дар дўли обҷувоз 7-8 соат мекўбанд. Як нафар коргар онро ба таври мунтазам омехта кардан мегирад. Маҳсули кўфташударо дар тағораи махсуси обдор андохта, мекобанд, то ки нахҳо дар об титу тунук шаванд. Сипас бо қолиби махсуси тўрдор онро аз об оҳиста мебардоранд ва ба болои тахтаҳои амудии болои тағора мегузоранд ва он ҷо обаш метаровад. Чун обаш таровид, нахҳо болои ҳам омада шакли коғазро мегиранд. Баъдан коғази тарро аз қолиб ҷудо карда, дар байни матои пахтагин мегузоранд ва он нимхушк мешавад. Дар гузашта барои ин амал аз тўрҳои бо мўйи асп сохташуда истифода мекардаанд. Коғази нимхушкро дар зери тахтаҳои ҳамвор гузошта, ба муддати 24 соат ба болояш санги вазнинро мегузоранд, то ки он фишор дода, коғазро мустаҳкаму ҳамвор намояд. Пас аз он коғази ҳосилшударо ба тахтаҳои ҳамвор мечаспонанд, он ҷо коғаз дар муддати 4-6 соат пурра хушк мешавад. Амали охирини истеҳсоли коғаз сайқалзанӣ ба шумор меравад. Коғази ҳосилшударо рўйи тахтаи ҳамвор, маъмулан, рўйи тахтасанги мармар гузошта, бо порасанги ҳамвори ақиқ, ё шохи гов ва ё садафи баҳрӣ 10-15 дақиқа сайқал зада, ҳамвор менамоянд. Ҳамин тавр, коғази нафису ҳамвор ва ҷилонок ҳосил мешавад. Тибқи ривоятҳо, дар гузашта коғази самарқандӣ бо ҳамин сайқалзаниаш аз коғазҳои чиниву ҷопонӣ фарқ мекардааст. Шарҳи ҷараёни коғазгарӣ, ки ин ҷо тасвир шуд, дар асоси нақли устоҳои Кони Гил навишта шудааст.
То ба солҳои 20-уми садаи ХХ коғазҳо ба тарзи дастӣ истеҳсол мешуданд. Пас аз рушди технологияи коғазбарорӣ ва ташкили корхонаҳои саноатӣ усули дастии истеҳсоли коғаз тақрибан дар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ аз байн рафт. Танҳо пас аз истиқлолияти ҷумҳуриҳои собиқи Шўравӣ таваҷҷуҳ ба касбу ҳунарҳои анъанавӣ бештар шуд, ки ин падида омили эҳёи баъзе касбу ҳунарҳои суннатӣ гашт. Ҳоло ягона устои коғазгар дар Осиёи Марказӣ Зариф Мухтоистеҳсоли дастии коғаз машғул аст.
Адабиёти мавриди истифода:
1.Семёнов, А.А. О среднеазиатской бумаге // Известия АН Таджикской ССР. – Душанбе, 1963. – №1 (32). – С. 3-20.
2.Коғаз // Энциклопедияи совети тоҷик. – Душанбе, 1981. – Ҷ. 3.– С. 498-499.
3.Султонов, Т. И. Среднеазиатская и восточнотуркестанская позднесредневековая рукописная книга // Рукописьная книга в культуре народов Востока: Очерки. Кн. 1. – М.: Наука, 1987. – С. 478-504.
4.Фляте, Д. М. Технология бумаги. Учебник для вузов. – М.: Лесная промышленность, 1988.
5.Ҳудуд-ул-олам. – Душанбе: Адиб, 2008.
6.Шарофзода, Р. Таърихи номаҳои Аҷам. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010.
Муаллиф Д.Раҳимов
Баргирифта аз маҷаллаи илмӣ-таҳлилии “Паёмномаи фарҳанг” 2015, № 4 (32)