Аз 22-ум то 28-уми майи соли 2017
Нашр шуд 2017-05-22 17:33
22-юми майи соли 2017
- 60- солагии зодрӯзи Раҷаб Ҳакимов (1957), олими соҳаи сиёсатшиносӣ.
- 65- солагии зодрӯзи Мавлоно Раҷаб (1952-2006), журналист.
- 70- солагии зодрӯзи Сафар Сафаров (1947-2016), иқтисодшинос, арбоби давлатӣ.
- 70- солагии зодрӯзи Шодиқул Соҳибов (1947), олими соҳаи геология.
- 75- солагии зодрӯзи Малика Собирова (1942-1982), актрисаи балет, Артисткаи халқии СССР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
- 75- солагии зодрӯзи Эшдавлат Сафаров (1942), олими соҳаи педагогика.
- 80- солагии зодрӯзи Иван Милашевич (1937), рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
- 60- солагии зодрӯзи Дилбар Амонова (1957), доктори илми иқтисод, профессор.
- зодрӯзи Алимаҳмад Холов (1950), олими соҳаи химия.
- зодрӯзи Ашӯр Эшмуҳаммадов (1906-1990), журналист- суратгир, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
- зодрӯзи Имом Давлатов (1955), олими соҳаи математика.
- зодрӯзи Муаззамахон (1833-1917), шоира.
- зодрӯзи Николай Миронов (1919-1998), муаррих.
- зодрӯзи Раҳматҷон Азизов (1953), олими соҳаи математика.
- зодрӯзи Робиа Тағоева (1941), арбобзани ҳизбию давлатӣ.
- зодрӯзи Саидбой Шербоев (1944), доктори илми педагогӣ, профессор.
- зодрӯзи Сайфулло Маҳкамов (1950), олими соҳаи педагогика.
- зодрӯзи Салоҳиддин Фатҳуллоев (1936), олими фолклоршинос.
- зодрӯзи Саодат Ашӯрова (1963), наттоқи радио ва ТВТ.
- зодрӯзи Татяна Каратигина (1923), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- зодрӯзи Умед Мухторов (1934), олими соҳаи педагогика.
- зодрӯзи Файзулло Назаров (1938-2010), олими соҳаи математика.
23-юми майи соли 2017
- 110- солагии зодрӯзи Антонина Писарчик (1907-1998), муаррих, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
- 80- солагии зодрӯзи Алиқул Тӯраев (1937-1997), олими соҳаи биология.
- 95- солагии зодрӯзи Карим Солеҳзода (1922), журналист.
- зодрӯзи Абдул Зоҳир (1910-1991), арбоби давлатии Афғонистон (падари Аҳмад Зоҳир).
- зодрӯзи Абдуҳафиз Бобоҷонов (1963), олими соҳаи математика.
- зодрӯзи Абдуҷаббор Сатторов (1946-2013), муаррих, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Алишер Абдуллоев (1951), файласуф.
- зодрӯзи Бахтиёри Муртазо (1940), нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- зодрӯзи Валерий Талвик (1939-1987), нависанда.
- зодрӯзи Константин Болдирев (1900-1967), муаррих- эроншиноси рус.
- зодрӯзи Ладо Шанидзе (1944), меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
- зодрӯзи Николай Никитин (1925-2001), рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
- зодрӯзи Саймуддин Бурҳонов (1928-1993), Ҳофизи халқииТоҷикистон.
- зодрӯзи Сафар Зайниддинов (1951), олими соҳаи техника.
- зодрӯзи Тамара Ламзина (1924-1996), Китобдори Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон.
- зодрӯзи Ҳомиди Ҳикматулло (1955), журналист.
- зодрӯзи Шодимурод Ҷумъаев (1936), файласуф.
- зодрӯзи Шодимурод Ҷумъаев (1939), адабиётшинос, журналист.
- зодрӯзи Шӯҳрат Султонов (1951), доктори илми сиёсӣ.
- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.
24-уми майи соли 2017
- 125- солагии зодрӯзи Охунҷон Ёқубов (1892-1969), наққош, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
- 80- солагии зодрӯзи Абдумаҷид Юлдошев (1937), олими соҳаи тиб.
- 90- солагии зодрӯзи Додоҷон Музаффаров (1923), олими соҳаи география.
- зодрӯзи Камол Ёқубӣ (1938-2009), файласуф.
- зодрӯзи Матлуба Азимова (1946), доктори илми филологӣ, профессор.
- зодрӯзи Маҳмадалӣ Маҳмудназаров (1954), олими соҳаи тиб.
- зодрӯзи Михаил Шолохов (1905-1984), нависандаи Рус, ки бисёр адибони тоҷик зери таъсири осораш асар эҷод кардаанд.
- Оғози нашри (1929) газетаи «Комсомольская правда» (1925), ки он аз ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон матолиби зиёд нашр кардааст.
- зодрӯзи Раҳмат Ташрифов (1938), журналист.
- зодрӯзи Раъно Ғолибова (Рена Галибова, 1915-1996), сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Сабоҳатхон Абдуллоева (1953), муаррих.
- зодрӯзи Саидмурод Соқиев (1950), олими соҳаи техника.
- зодрӯзи Сафарбек Давлатов (1933-2004), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- зодрӯзи Содир Форсихонов (1924-2006), доктори илми кишоварзӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
- зодрӯзи Толиби Омулӣ (1580-1627), шоири форсизабони Ҳиндустон.
- зодрӯзи Шералӣ Мирзо (1966), генерал-лейтенант.
- зодрӯи Акрам Амонов (1954), генерал-лейтенант.
25-уми майи соли 2017
- 60- солагии зодрӯзи Саидҷон Нодиров (1957), олими соҳаи тиб.
- 65- солагии зодрӯзи Файзулло Ӯлмасов (1952), мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- 70- солагии зодрӯзи Амал Гаҷиева (1947), журналист, мутарҷим.
- 75- солагии зодрӯзи Омон Раҷаб (1942), шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон.
- 80- солагии зодрӯзи Қадам Мӯъминшоев (1937), мухбири суратгир.
- зодрӯзи Александр Тихонович (1898-1977), доктори илми тиб, профессор.
- зодрӯзи Баҳодур Сабуров (1944-2005), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.
- зодрӯзи Болтабой Толбоев (1933), олими соҳаи математика.
- зодрӯзи Дмитрий Гечелиладзе (1913-1989), олими соҳаи геология.
- зодрӯзи Додоҷон Музаффаров (1929-2003), олими соҳаи география.
- зодрӯзи Олуболу Боқиев (1934-2000), доктори илми таърих, профессор.
- зодрӯзи Рустам Деҳотӣ (1944-2006), забоншинос (немисӣ).
- зодрӯзи Сафо Ҳалимӣ (1933), нависанда.
- зодрӯзи Суннат Бобохоҷаев (1929-2004), доктори илми геология, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Ибни Сино.
- зодрӯзи Толибҷони Муҳаммадии Саъдӣ (1944), журналист.
- зодрӯзи Тоҳирҷон Қурбонов (1953), доктори илми иқтисод, профессор.
- зодрӯзи Турсунпӯлод Амини Истаравшанӣ (1949-2011), шоир, Журналисти шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Шарафниссо Ҳасанова (1933), файласуф.
- Рӯзи ҷаҳонии филологҳо.
- Таъсиси (1933) ноҳияи Ванҷ.
26-уми майи соли 2017
- 120- солагии зодрӯзи Елена Татаринова (1897-1987), ҳайкалтарош, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
- 60- солагии зодрӯзи Лола Бобоҳоҷиева (1957), олимаи соҳаи тиб.
- 70- солагии зодрӯзи Абдусаттор Сулаймонов (1947), доктори илми техникӣ, профессор.
- 70- солагии зодрӯзи Бобобек Раҳимӣ (1947), адабиётшинос.
- 85- солагии зодрӯзи Зиёвиддин Алиев (1932), олими соҳаи кишоварзӣ.
- зодрӯзи Абдулҳакими Шукур (1940-1993), шоир, журналист.
- зодрӯзи Азим Раҳимов (1925-1991), ҷанговар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.
- зодрӯзи Анатолий Любименко (1956), журналист.
- зодрӯзи Анвар Содиқов (1939), олими соҳаи математика.
- зодрӯзи Виталий Коротич (1936), нависандаи украин, муаллифи китоби «Чумчаи урфӣ» дар бораи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Кенҷа Ҳасанов (1938), доктори илми ҳуқуқ, генерал-майор.
- зодрӯзи Лев Калштейн (1924-1989), доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
- зодрӯзи Мақсуд Муҳиддинҷонов (1950), мухбир-суратгир, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Нина Олховская (1941), адабиётшинос.
- зодрӯзи Носир Исмоилов (1951), журналист.
- зодрӯзи Сироҷиддин Низомиддинов (1936-1996), олими соҳаи физика.
- зодрӯзи Хушқадам Қамариддинов (1933), доктори илми тиб, профессор.
- зодрӯзи Ҷалолиддини Ҳумоӣ (1899-1980), шоир ва адабиётшиноси эронӣ.
- Рӯзи адвокатҳои Тоҷикистон.
27-уми майи соли 2017
- 60- солагии зодрӯзи Гулчеҳра Муҳаммадиева (1957), нависанда.
- 65- солагии зодрӯзи Сафар Сайфиддинов (1952), олими соҳаи тиб.
- 80- солагии зодрӯзи Раҷабалии Роғӣ (1937), шоир.
- зодрӯзи Абдураҳим Шеров (1956), журналист.
- зодрӯзи Аҳмадбек Қучқоров (1936-1990), олими соҳаи педагогика.
- зодрӯзи Бекназар Аҳмадов (1926), фарҳангшинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Бурҳон Муҳаммадқулов (1945), сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Бурҳон Ризоев (1948), доктори илми таърих, профессор.
- зодрӯзи Винсет Монтей (1913-1999), шарқшиноси фаронсавӣ, муҳаққиқи адабиёти классикии форсу тоҷик.
- зодрӯзи Ғаффор Қаримов (1938), актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Григорий Воробев (1925-1986), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Ғуфрон Раҳимбоев (1949), мутриб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Душанбе Паллаев (1950), Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ.
- зодрӯзи Зайниддин Наҷмиддинов (1938), Устои халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Константин Чайкин (1889-1939), адабиётшинос, мутарҷими рус. мутарҷими осори адибони классики форсу тоҷик.
- зодрӯзи Марина Некрасова (1954), шоира.
- зодрӯзи Неъмат Мирсаидов (1955), журналист.
- зодрӯзи Нурулло Оқилов (1965), олими соҳаи педагогика, нависанда.
- зодрӯзи Шариф Қодиров (1954), актёри театр.
- Рӯзи кимёгарон (химикҳо).
- Ҷашни Хурдодгон – иди хуҷастаи ниёгон.
28-уми майи соли 2017
- 60- солагии зодрӯзи Мӯҳсин Махмалбоф (1957), коргардони сенамои Эрон.
- 70- солагии зодрӯзи Николай Шербина (1947), санъатшинос, коргардони театр.
- 75- солагии зодрӯзи Аскар Тӯраев (1942), олими соҳаи тиб.
- 80- солагии зодрӯзи Евгений Валика (1937), доктори илми тиб.
- зодрӯзи Абдусаттор Ғаффоров (1945), олими соҳаи физика.
- зодрӯзи Амриддин Шарифов (1936), олими соҳаи химия.
- зодрӯзи Анна Розенфелд (1910-1994), доктори илми филологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино.
- зодрӯзи Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров (1954), актёри театру кино.
- зодрӯзи Галина Краснухина (1940), актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Мардон Муҳаммадиев (1928), забоншинос.
- зодрӯзи Низоми Барот (1940), журналист.
- зодрӯзи Нобовар Хусравов (1938), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Сафар Тағоев (1944-1994), адабиётшинос.
- зодрӯзи Сироҷиддин Осимӣ (1945), шоир.
- зодрӯзи Тамара Мунавварова (1946), олимаи соҳаи педагогика.
- зодрӯзи Тошқул Азимзода (1950), нависанда (Самарқанд).
- зодрӯзи Фатҳулло Рауфов (1950-1993), сароянда.
- зодрӯзи Ҳакимҷон Саидов (1920-1993), Рассоми халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Ян Рипка (1886-1968), шарқшиноси чех, муҳаққиқи адабиёти классик ва муосири тоҷик.
- Рӯзи байналмилалии авф.
- Рӯзи сарҳадчиёни тоҷик.
- таъсиси (1935) Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ.
Масъули ин бахш
Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии
Китобхонаи миллист.
Барчаспҳо: