Аз 22-ум то 28-уми январи 2017
Нашр шуд 2017-01-24 17:23
22 январи соли 2017
- 80 солагии зодрӯзи Муҳиба Яъқубова (1937), доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.
- 50 солагии зодрӯзи Зебои Хатлонӣ (1967), шоира.
- 50 солагии зодрӯзи Ҳотами Ҳомид (1967), журналист.
- зодрӯзи Александр Ермолаев (1914-1987), рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
- зодрӯзи Гулбаҳор Авғонова (1926), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- зодрӯзи Камолиддин Биноӣ (1453-1512), шоир, хаттот ва оҳангсози форсу тоҷик.
- зодрӯзи Лутфия Содиқова (1945), олимаи соҳаи психология (равоншиносӣ).
- зодрӯзи Мирзо Ҷонов (1929-2004), генерал- майор.
- зодрӯзи Муҳиддин Умаров (1929-2000), олими соҳаи кишоварзӣ.
- зодрӯзи Тулқин Муродалиев (1944), доктори илми тиб, профессор ( тоҷики Қирғизистон).
- зодрӯзи Файзия Додоҷонова (1963), олимаи соҳаи тиб.
- зодрӯзи Ҷалолиддин Муҳаммадов (1920-1990), арбоби ҷамъиятию хоҷагӣ.
- зодрӯзи Шавкия Почоҷонова (1945), доктори илми тиб, профессор.
- зодрӯзи Шамсиддин Нуриддинов (1951), адабиётшинос.
- Рӯзи гумрукчиёни тоҷик.
- таъсиси (1755) Университети давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов, ки дар тарбияи мутахассисони тоҷик саҳм дорад.
- таъсиси (1966) унвони Корманди шоистаи савдои Тоҷикистон. Соли 1989 барҳам хӯрд.
- 23 январи соли 2017
- 100 солагии зодрӯзи Серафим Ятсковский (1917-1945), ҷанговар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.
- 85 солагии зодрӯзи Яъқуб Исломов (1932), муаррих, профессор.
- 70 солагии зодрӯзи Ҷумъа Ниёзов (1947-2006), олими соҳаи техника.
- зодрӯзи Белла Монастирская (1915-1992), доктори илми тиб, профессор.
- зодрӯзи Амеде Журден (1788-1818), шарқшиноси фаронсавӣ.
- зодрӯзи Кароматхон Зокирова (1915-1972), актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Мамадёр Мамадназарбеков (1931-2014), иқтисоддон, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
- зодрӯзи Маъруф Исоматов (1966-2009), муаррих.
- зодрӯзи Намоз Бердиев (1939), доктори илми биология, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
- зодрӯзи Николай Беспалов (1898-1962), доктори илми кишоварзӣ, профессор.
- зодрӯзи Нусрат Ашӯров (1941), олими соҳаи иқтисод.
- зодрӯзи Равшан Ғанӣ (1948), нависанда.
- зодрӯзи Хосият Улуғхоҷаева (1945), олимаи соҳаи иқтисод.
- зодрӯзи Эргаш Бобоев (1934-1995), забоншинос, (инглисӣ).
- зодрӯзи Юрий Шербаков (1930), генерал-майори адлия.
- Ҷашни Баҳмангон-иди хуҷастаи ниёгон.
24 январи соли 2017
- 85 солагии зодрӯзи Ҷамол Бузруков (1932-1993), олими соҳаи геология.
- 75 солагии зодрӯзи Мавҷуда Қосимова (1942), олимаи соҳаи тиб.
- 60 солагии зодрӯзи Мавҷуда Бобоева (1957), забоншинос.
- зодрӯзи Виктор Шикловский (1893-1984), кинодраматург (муаллифи сенарияи «Дохунда»).
- зодрӯзи Вил Морозов (1924-1997), меъмор.
- зодрӯзи Виталий Коретский (1895-1973), доктори илми ҳуқуқ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
- зодрӯзи Геннадий Михайлин (1938), генерал-майори адлия.
- зодрӯзи Ғуломқодир Сафаралиев (1954), олими соҳаи кишварзӣ.
- зодрӯзи Зоя Козлова (1920-1994), олимаи соҳаи кишоварзӣ.
- зодрӯзи Михаил Боголюбов (1918-2009), эроншиноси рус, муҳаққиқи забони суғдӣ.
- зодрӯзи Норбой Йулдошев (1930), журналист.
- зодрӯзи Раҳматулло Раҳмонов (1920-2002), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- зодрӯзи Хайриниссо Расулӣ (1956), журналист.
- зодрӯзи Ҳодӣ Кенҷаев (1914-1992), ҷанговар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.
- зодрӯзи Ҳушёр Қаробоев (1951), олими соҳаи техника.
- зодрӯзи Шарофиддин Имомов (1956), доктори илми таърих, профессор.
- зодрӯзи Юно Исҳоқбоев (1909-1993), сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Яъқуб Ғолибов (1930-1976), сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- оғози фаъолияти (1943) корхонаи равғани ш. Регар (ҳоло ш.Турсунзода).
25 январи соли 2017
- 110 солагии зодрӯзи Сергей Толстов (1907-1996), доктори илми таърих, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
- 100 солагии зодрӯзи Нина Журавлёва (1917-1996), муаррих.
- 90 солагии зодрӯзи Қумрихон Абдуллоева (1927), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- 70 солагии зодрӯзи Доробшо Давлатшоев (1947), олими соҳаи техника.
- зодрӯзи Абдулбоқӣ Нуров (1953), олими соҳаи педагогика.
- зодрӯзи Бекназар Имомназаров (1939-1998), олими соҳаи математика, профессор.
- зодрӯзи Дилхоҳи Нозиршо (1965), журналист.
- зодрӯзи Додоҷон Рӯзиев (1954), журналист.
- зодрӯзи Каримҷон Усмонов (1940), забоншинос, профессор.
- зодрӯзи Каромат Довудова (1933), олимаи соҳаи педагогика.
- зодрӯзи Қашқарӣ Мирзоев (1938-2010), арбоби фарҳангӣ.
- зодрӯзи Мавлуда Муҳаммадқулова (1950), олимаи соҳаи химия.
- зодрӯзи Масеҳи Кошӣ (1593-1656), шоири форсу тоҷик.
- зодрӯзи Маъруфшо Мазҳабшоев (1948-2009), коргардони театр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
- зодрӯзи Олга Соболева (1933), доктори илмхои физика ва математика.
- зодрӯзи Саид Шарифӣ (1935), шоир.
- зодрӯзи Саидҷон Ҳакимзода (1939-2004), шоир.
- зодрӯзи Субҳонҷон Ибодов (1944), доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
- зодрӯзи Темурҷон Раҳимбоев (1944-1997), генерал-майор.
- зодрӯзи Тоҷиниссо Султонӣ (1949-2005), нависанда.
- зодрӯзи Ҳайдар Каримов (1950), доктори илми фалсафа.
- Рӯзи кормандони ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолӣ.
- таъсиси (1955) Ҷамъияти спортии «Локомотив».
26 январи соли 2017
- 80 солагии зодрӯзи Аҳмадҷон Шерназаров (1937-2009), олими соҳаи иқтисод, профессор.
- 60 солагии зодрӯзи Сурайё Шукурова (1957), доктори илми тиб, профессор.
- зодрӯзи Азизбек Зиёев (1946), гурӯғлихон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Акрам Мамадюсуфов (1965), журналист.
- зодрӯзи Гурез Абдураҳмонов (1915-1974), сароянда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- зодрӯзи Мария Кострикова (1929), олимаи соҳаи педагогика.
- зодрӯзи Маҳмадназар Исломов (1918-1959), актёри театр.
- зодрӯзи Маҳмадҷон Сафаров (1956), олими соҳаи техника.
- зодрӯзи Мушаррафа Каримова (1963), сароянда.
- зодрӯзи Наримон Бақозода (1935-2009), шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- зодрӯзи Рамазон Сафаров (1936-2008), Рассоми халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Сайдулло Ҷӯраев (1930), олими соҳаи кишоварзӣ.
- зодрӯзи Саъдулло Неъматов (1950), доктори илми педагогӣ, профессор.
- зодрӯзи Темур Мақсудов (1928-1993), забоншинос.
- зодрӯзи Ҳаким Раҳимов (1954), публисист.
- зодрӯзи Ҳошим Назаров (1909-1983), мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Эътибор Султонова (1966), журналист.
- ба кор даромадани (1930) корхонаи хишт дар ш. Душанбе.
- Рӯзи байналмилалии гумрук.
- таъсиси (1927) аввалин колхоз дар Тоҷикистон бо номи «Камбағалон» дар водии Ҳисор.
- таъсиси (1933) базаи Тоҷикистонии АИ СССР (дорои секторҳои илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ).
27 январи соли 2017
- 90 солагии зодрӯзи Валентика Виборнова (1927), доктори илми фалсафа.
- 85 солагии зодрӯзи Холмаҳмад Сангинов (1932-1984), олими соҳаи иқтисод.
- 75 солагии зодрӯзи Равшани Ёрмуҳаммад (1942), нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
- 50 солагии зодрӯзи Баҳодурҷон Абдулвоҳидов (1967), олими соҳаи тиб.
- 50 солагии зодрӯзи Бозорбой Пӯлодов (1967), журналист.
- зодрӯзи Александр Макуха (1931-2007), меъмор.
- зодрӯзи Божеслав Тсой (1945), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.
- зодрӯзи Борис Денике (1885-1941), санъатшиноси рус, муҳақкиқи фарҳанг ва меъмории мардуми Осиёи Миёна.
- зодрӯзи Ғаффоралӣ Сафар (1950), шоир.
- зодрӯзи Ёқубҷон Додоҷонов (1949), олими соҳаи равоншиносӣ.
- зодрӯзи Маҳмадқул Каримов (1964), доктори илми химия, профессор.
- зодрӯзи Обида Нӯъмонова (1916-1996), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- зодрӯзи Пётр Лучинский (1940), арбоби ҳизбӣ (солҳои 1986-1989 Котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон).
- зодрӯзи Равил Жарков (1930), олими соҳаи кишоварзӣ.
- зодрӯзи Савринисо Сабзалиева (1948), актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
- зодрӯзи Саид Марофиев (1938), муаррих, профессор.
- зодрӯзи Сорбон (Облоқул Ҳамроев) (1940), Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
- зодрӯзи Хаймагул Усмонзода (1964), шоира.
- зодрӯзи Ҳомиддин Нуриддинов (1954), муаррих.
- кушодашавии (1936) аввалин Театри сайёри колхозии ҷумҳуриявӣ. 21 нафар аъзо дошт, ки миёнашон Саидалӣ Вализода низ буд. Театр чор сол амал кард.
28 январи соли 2017
- 75 солагии зодрӯзи Рустам Мирзоев (1942-1998), доктори илми иқтисод, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
- 65 солагии зодрӯзи Александр Пронин (1952), адабиётшинос.
- 60 солагии зодрӯзи Нуралӣ Солеҳов (1957), доктори илми филологӣ, профессор.
- зодрӯзи Борис Белкин (1939), доктори илми байторӣ.
- зодрӯзи Иван Гришин (1915-1987), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- зодрӯзи Леонид Наумов (1928), доктори илми тиб, профессор.
- зодрӯзи Лумониддин Камолиддинов (1951), журналист.
- зодрӯзи Мансур Эркабоев (1946), санъатшинос, коргардони кино.
- зодрӯзи Мухбира Исмоилова (1941), олимаи соҳаи педагогика.
- зодрӯзи Олимҷон Салимзода (1956), арбоби ҷамъиятӣ, адабиётшинос, журналист.
- зодрӯзи Павел Зорин (1914-1957), нависанда.
- зодрӯзи Паринамо Ҷумъаева (1935-2006), арбобзани ҳизбию ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- зодрӯзи Сайдалӣ Бурҳонов (1904-1959), журналист, яке аз поягузорони матбуот ва радиои тоҷик.
- зодрӯзи Сайфиддин Тӯраев (1945), арбоби давлатӣ.
- зодрӯзи Тоҷиддин Имомалиев (1930-1998), нақбкан, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- зодрӯзи Ҳомид Саидов (1953), файласуф.
- зодрӯзи Ҳусейн Насруллоев (1945), олими соҳаи иқтисод.
- золрӯзи Шавкат Охунов (1928-2006), муаррих, профессор.
- ба истифода додани (1934) аввалин хатти лӯлаи об дар пойтахти ҷумҳурӣ.
- ба истифода додани (1943) фурудгоҳи ҳавоӣ дар ш. Душанбе.
- содир шудани (1936) қарори Бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон дар бораи нашри маҷаллаи ҳармоҳаи назариявӣ ва сиёсии «Коммунисти Тоҷикистон». Солҳои 1938-1941 «Коркуни партиявӣ», 1945-1952 «Болшевики Тоҷикистон» ном гирифт. Соли 1992 нашраш қатъ гардид.
- таъсиси (1947) унвони «Устоди пахтаи Тоҷикистон». Беш аз 800 нафар сазовори он гардидаанд. Соли 1991 барҳам дода шудааст.
Масъули ин бахш
Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии
Китобхонаи миллист.
Барчаспҳо: