Шахси бо фарҳанг Назаров Тағоймурод Аҳмадович

Назаров Тағоймурод Аҳмадович яке аз донишманди тавонои соҳаи китобдорӣ мебошад. Ӯ 5-майи  соли 1955 дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хаткардаи  мактаб –интернати № 2  шаҳри Душанбе буда, соли 1971 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил мешавад ва факултаи китобдории онро хат мекунад.

Вай фаъолияти кориашро дар вазифаи китобдори шуъбаи илмию методӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ оғоз намуда, барои китобдорони ҷумҳурӣ тавсияҳои методӣ бо  номҳои “Ташкили фондӣ кушоди китобӣ дар асоси ҷадвали таснифоти китобхонавию библиографӣ” (1979)  “Кори китобхона доир ба тарбияи меҳнаткашон” (1979) таҳия намуда, ба китобдорони деҳоти ҷумҳурӣ оиди соҳаи китобдорӣ маслиҳатҳои муфид медиҳад, дар семинарҳои кормандони китобхонаҳо баромадҳои пурмаъно мекунад.

Ў аз соли 1980 дар  Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба кор даъват шуда, дар ин даргоҳ аз вазифаи нозир то сардори раёсати фарҳанг (1998-2001, 2003-2006) кор карда, барои рушди фаъолияти китобхонаю клубҳо, ансамблҳои тарона ва рақс, театрҳои халқӣ ва ғайра саҳмг гузоштааст. Дар созмондиҳии фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявии “Андалеб” (солҳои 1996, 1998, 2001, 2004), ”Чароғи ҳидоят”, “Дониш талабу бузурги омўз”, “Оинаи таърих” ва гузаронидани ҷашну чорабиниҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, таҳияи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, “Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи  Абдулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015”ҳиссаи босазо гузоштааст.

Дар давраи сарвари Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи Тоҷикистон ба номи М.Миршакар буданаш (солҳои 2001-2003)  ба пешбурди фаъолияти Китобхона ва китобхонаҳои бачагонаю мактабии ҷумҳурӣ ҳисаи шоиста гузошт. Дастурҳои таҳриркардаи ў “Табиат ва кўдакон” (соли 2002) ва “Адиби дўстдоштаи кўдакону наврасон - М.Миршакар” (соли 2002) барои китобдорони китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар тарбияи насли наврас ва тарғиби адабиёти соҳавӣ то кунун хизмат мекунад.

Ў дар бисёр чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ба монанди семинар –тренингҳо, мактабҳои тобистонаи кормандони китобхонаҳо, конфронсҳои амалӣ, мизҳои мудаввар дар мавзўъҳои “Осорхонаҳои Тоҷикистон: проблемаҳо ва бартарияти рушд”(соли 2002), “Китобхонаҳои Тоҷикистон дар давраи ташаккули фазои иттилотӣ”(соли 2001), “Китобхонаи электронӣ”(соли 2001)  дар мавзўи рўз баромад намудааст.

Аз соли 2006 дар Китобхонаи миллии ба номи А.Фирдавсӣ дар вазифаи муовини аввали раис фаъолият намуда, баъдтар дар вазифаи ёрдамчии ректори Донишкадаи санъат оид ба таълим мансуб шуда, ба донишҷўёни факултаи китобдорӣ дар Донишкадаи давлати санъатТоҷикисон  ба номи М. Турсунзода дарс мегӯяд.

Барои хизматҳояш дар соҳаи фарҳанги Тоҷикистон бо як чанд ифтихор номаҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст.

Сулҳия Иборҳимова,

мутахассиси шуъбаи илмӣ  ва тадқиқотӣ.