Тавсифи мухтасари қисме аз дастхатҳои китобхонаи миллии Тоҷикистон. Осори Сино ва «Ҳудуд-ул-олам»
Абӯали ибни Сино дар Аврупо бо номи Авитсена машҳур аст. Ӯ соли 980-ум дар деҳаи Афшона (Лагдака)-и ноҳияи ҳозираи Рометани Бухоро таваллуд ёфтааст ва соли 1037-ум дар сини 57 солагиаш дар Ҳамадон фавтидааст. Номи илмии ў Шайхурраис, номи худаш Ҳусейн ва номи падараш Абдулло ибни Синост. Бахшида ба ҳаёти Абӯалӣ ибни Сино дар китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ривоятҳо хеле хуб оварда шудааст. Абўали ибни Сино ҳанўз дар синни ҳаждаҳсолагӣ, ҳамаи илмҳои замона, аз ҷумла тибро омўхта буд. Ӯ донишманди гуногунҷабҳа-фйласуф, табиб, шоир ва арбоби сиёсӣ низ ҳаст.
Мутафаккири бузурги халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино асарҳои зиёде эҷод кардааст ва аз онҳо бархе ба рўзҳои мо асидааснд. Дар китоби Моҳирхўҷа Султонов «Аҳамияти рисолаи саргузашт дар омўзиши аҳвол ва осори Ибни Сино» нисбат ба кори ў рақамҳои ҷолибе оварда шудаанд. Ӯ менависад, ки «Дар бораи осори Ибни Сино байни муаллифони манбаъҳои асримиёнагӣ ва таҳқиқоти асрҳои баъдинаю муосир ихтилофи ақида ҷой дорад. Онҳо миқдори осори Ӯро ба ин тариқ, муқаррар кардаанд. Ибни Кифтӣ-48, Абдулҳасани Байҳақӣ-39, Ибни Усайбиа-45, К.Броккелман-250, А. Деҳхудо-100, М.Баҳовадинов-300 ё 274, С Айни-77, Саиди Нафисӣ-249, А.Мирзоев -200. Р.Ҳошим-276. Герман Лей-107, Киновати-276, Ю.Н. Завадовский-169, Шарофуддини Сомӣ-77, Зебуҳулло Сафо-238 ва амсои он.... Дар ин маънӣ рўйхати комилтарин аз Саиди Нафисӣ мебошад... Ба ақидаи Саиди Нафисӣ, ки миқдори осори ибни Синоро таҳқиқ намудааст, 456 асари ў ба забони арабӣ ва 23-то бо забони форсӣ - дарӣ таълиф ёфтааст».
«Ал-қонун фи-т-тиб»-и Абўалӣ ибни Сино китоби бузургтарини соҳаи илми тиб мебошад ва дар олам шўҳрати калон пайдо кардааст. «Ал -қонун фи-т-тиб» соли 1473 дар Милан ва ҳамон сол дар нуқоти мухталифи олам 15 маротиба, соли 1593 матни арабиаш дар Рим ва садаи ХVдар шаҳрҳои гуногуни олам 16 маротиба, садаи ХV1 20 маротиба ба забон бисёр халкҳо интишор гардидааст. «Ал-Конун» аз панҷ китоб иборат аст.
Китоби якум - ба фанни тиб, вазифаҳои он, сабаби ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногун, воситаҳои паҳн гардидани бемориҳо, табобати онҳо, воситаҳои нигоҳдории тандурустӣ бахшида шудааст.
Китоби дуввум - ба олами набототи шифобахш бахшида шуда, дар бораи 810 намуди дорувориҳо, хусусият ва тарзи истифодаи онҳо сухан меравад.
Китоби саввум - дар бораи пайдоиши бемориҳо дар узвҳои алоҳидаи организм ташхис ва табобати ин касалиҳо маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Китоби чорум - дар хусуси касалиҳои умумӣ, таб, табобати ҷароҳатҳо ва ғайра ривоят мекунад.
Китоби панҷум - дар хусуси тайёр кардани доруҳои мураккаб маълумот медиҳад.
**** **** **** ****
Китоби «Ҳудуд - ул олам ал-Машриқ илал Мағриб» («Ҳудуди олам аз Машриқ то Мағриб») соли 983-уми милодӣ дар вилояти Ҷузҷони соҳили ҷилди дарёи Xайҳун ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудааст. Муаллифаш маълум нест.
«Ҳудуд-ул- олам» 909 сол аз назарҳо пинҳон буд. Касе аз вуҷуд доштани он тасаввуроте ҳам надошт. Тасодуфан ва бо мадади Абдулфазли Гулпойгонӣ ном муллои зуфунуни Бухороӣ «Ҳудуд-ул-олам» рў зад. Баъди дарёфти китоб Абдулфайзи Гулпойгонӣ 5-уми октябри соли 1892 ба шарқшиноси Санкт-Петербург нома мефиристад ва аз он дарёфти дастхати «Ҳудуд-ул-олам» хабар медиҳад. Баҳори соли 1893 ба туфайли ҳамин нома шарқшинос А.Г.Туманский ба Бухоро меояд. Абдулфазли Гулпойгонӣ дастхатро ба ў тўҳфа мекунад. «Ҳудуд-ул-олам» ба шарқшинос хеле хуш омад. Ӯ ин китобро китоби бемислу нодир донист.
Пеш аз инқилоби Октябр академик В.Бортолд ва шарқшинос А.Г.Туманский бахшида ба ин асари муҳим мақолаҳо интишор карда буданд. Вале ба «Ҳудуд-ул-олам» боз омад накард. Соли 1920 А.Г. Туманский фавтид. Дастхат ниҳон шуд. Бадтар ҳамсари марҳум, ки дар Станбул (Турция) истиқомат дошт, ба воситаи яке аз рўзномаҳо ба сокини Фаронса, шарқшинос Владимир Минорский хабар дода буд,ки «Ҳудуд-ул-олам» дар сандуқи ман аст. Сабаби бори дигар пайдо шудани “Ҳудуд-ул-олам” ҳамин хабар шуд. Пас аз он “Ҳудуд-ул-олам”ба Порис гузашт ва онро Владимир Минкорский ба Санкт-Петербург баргардонид.
«Ҳудуд-ул-олам» баъдан дар шаҳри Лондон (!937) ва бо ташаббуси Манучеҳри Сутуда дар шаҳри Теҳрон (1962) бори дуввум интишор гардид.
«Ҳудуд -ул-олам» асари ҷуғрофӣ мебошад. Дар вай шакл, ҷасомату тақсимоти замин, баҳру дарё ва ҷазираҳо, кўҳу биёбонҳо, регзорҳо инъикос ёфтаанд. Дар он андар ноҳияти Осиёи Миёнаи қадим, Русия, Тибет, Хуросон, Араб, Рум, Шом, Судом барин шаҳрҳо низ сухан меравад.
Ҳоло нусхаҳои «Ҳудуд-ул-олам» дар хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Eзбекистон ба номи Абурайҳони Берунӣ маҳфузанд.
Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.
Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи
илмӣ ва тадқиқотӣ.