Омўзиши библиографияи миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ барои рушди китобдории кишвари мо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Аз ҷумла, 28- уми феврали соли 2015, Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон таҳти №105, оиди соҳаи китобдорӣ қабул гардид, ки ҳамчун омили ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар рушди соҳа замина мегузорад. Ҳамзамон мавриди истифода қарор гирифтани бинои наву замонавии Китобхонаи милли Тоҷикистон на танҳо дар замони истиқлолият, балки дар таърихи китобдории миллат дастоварди бесобиқа хисоб меёбад.
*** *** ***
Аз оғози даврони сохибистиқлолии ҷумҳуриамон, дар баробари дигар илмҳои замонавӣ тараққиёти бемайлони илму технология, соҳаи китобшиносӣ ва библиогарфияшиносии миллӣ рушду такомул ёфта истодааст. Китобдорону библиографони тоҷик самтҳои гуногуни соҳаи китобшиносии муосирро таҳқиқ намуда, асарҳои зиёди илмию назариявӣ офарида истодаанд. Воқеан, ниёгони мо дар баробари мероси илмию адабӣ, дастурҳои зиёди китобшиносӣ ва библиографияшиносиро боқӣ гузоштаанд. Маъмулан дар марказҳои хамонвақтаи тоҷикнишини Осиёи Миёна, хусусан дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ ҷой доштанд.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки кишвари мо таърихи бой дошта, дар соҳаи Библиографияшиносӣ бошад, сар карда аз даврони Шуравӣ то як андоза пешрафт мекунад. Моро зарур аст, ки осори гузаштагони хешро дар соҳаи библиографияшиносии миллӣ, ки як қисми илми Иттилоотшиносӣ ва Китобхонашиносӣ мебошад, биомўзем. Таҳлил ва таҳқиқи масоили таърихию назариявии соҳа тарҳрезию ба нақшагирӣ бахшида ба эҳёи анъанаҳои китобхонаҳои миллӣ, омўзишу таблиғи мероси бою гаронбаҳои ниёгонамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва беҳтарнамоии дастрасӣ ба иттиллот мебошад, пешниҳоди муштарӣ намоем .
Яке аз вазифаҳои асосии илми Китобшиносӣ ва библиографияшиносӣ ин гирдоварии маълумот оиди мавод, нашр ва тарғиботу ташвиқи маводи буда, таърих, назария, фаъолият ва услубҳои Китобшиносиро ба мо меомўзонад. Библиографияшиносии миллӣ гуфта ин тасвири илмии маводи чопии як миллат ва тартиб додани феҳристу картатекаи расму оинҳои миллӣ ба он вобастабударо омўхта, оиди тавсифу тасвирӣ маводи чопӣ маълумот медиҳад.
Омодасозии рисолаю дастурҳои таълимӣ ба монанди: «Библиографияи адабии тоҷик», «Садриддин Айнӣ аз дидгоҳи библиогрфияи адабӣ», «Абӯалӣ ибни Сино ва библиографияи тоҷик» (Р.Шарофзода), «Масъалҳои мубрами библиографияи ҷомеашиносӣ» (А. Рахимов) ва «Библиографияи адабиёти кўдакон ва наврасон» (Шархи Комилзода Ш), «Библиографияи миниатюраҳои форс- тоҷик ҷанбаҳои таърихии-фарҳангӣ ва назариявӣ услубӣ» (С. Муҳиддинов), «Таърихӣ библиграфияи адабиёти кишоварзӣ», «Библиография дар аҳди Сомониён», «Пайдоиши ахбори библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳо» (Қ. Буриев) ва ғайра дар самти инкишофи соҳаи Китобшиносӣ ва библиографияи миллӣ нақши мухимро мебозанд.
Асоси соҳаи Китобшиносӣ ва Библиогафияшиносӣ ин додани маълумот оиди маводҳои чопӣ буда, мураттаб сохтан ва тартиби фехрестҳо, таҳия намудани маъводхо ва ба рўйхат гирифтан, оиди мазмуни асар маълумот додан мебошад.
Аз ҳама марҳилаҳои асосии самтҳои инкишофи библиографияи миллии тоҷик дар даврони гузаштаро зери унвони таърихи библиографияи тоҷик дар асрҳои гузашта буда, дастурҳои библиографӣ «Ал феҳрест»-и Ибни Надим, ва «Рисолаи саргузашт»-и Абўали ибни Сино ҳамчун сарчашмаҳои аввалини маълумоти библиографияи миллӣ мебошад. Ҳамчунин соҳаи Китобшиносӣ ва Библиографияшиносӣ барои бачагон ва наврасон барои соҳа кумакрасон мебошад.
Китобшиносӣ ва библиографияшиносии миллӣ ҳамчун илм аз ҷиҳати вазифа ахборӣ, танқидӣ ва тавсиявӣ мешавад. Аз ҷиҳати мазмун ва навъи асарҳо китобшиносӣ ва библиографияшиносии умумӣ, махсус, тарҷумаиҳолӣ ва кишваршиносӣ мешавад.
Воқеан дар илми библиографияшиносӣ ду навъи ироаи маълумотро истифода менамоянд, ки яке ахбори шифоҳӣ дигаре хаттӣ мебошад. Библиографияи ахбори шифоҳӣ, бештар дар диҳиши китоб ба муштариён зиёд истифода мешавад. Ахбори хаттӣ бошад, дар варақаи титулӣ ва иловаи варақчаҳои дар онҳо чойгирифта, тасвири библиографии ҳамаи маводи чопиро нишон медиҳад.
Маълумоти Библиографӣ бошад, ин ахбори дақиқ оиди номгўи муаллифи асар, макон, соли нашр ва дигар асноди лозимаро дар бар мегирад. Барои амалӣ гардидани ин холат, моро мебояд амиқӣ, пуррагӣ ва мухтасар оиди маводи чопӣ маълумот пешниҳод намоем, то ба ин роҳ диққати хонандагонро ҷалб намоем .
Нақши тасвири библиогафияи миллӣ барои кормандони соҳа ва инчунин барои муштариён саҳми калон дорад, зеро ҳар як иттилоот дар фаъолияти библиографияи миллӣ, илмӣ, иттилоотӣ, чопи китоб, савдои китоб, рўзноманигорӣ, кормандони илм ва соҳаҳои дигари ба он алоқаманд васеъ истифода бурда мешавад. Ҳамаи он иттилоот нисбати маводи чопии библиографияи миллӣ дар фаъолияти рушди асосии қоидаҳои тасвири Библиографӣ ва фазои иттилоотӣ бо чунин роҳҳо ба муштариён пешниҳод мешавад. Мақсади асосии автоматикунонии иттилоот, библиографикунонии мубодилаи иттилоот ва истифодаи низоми автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ тезонидани хизматрасонӣ ба муштарён мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ барои рушди китобдории кишвари мо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Аз ҷумла, 28- уми феврали соли 2015, Қонуни ҷумҳурии тоҷикистон таҳти №105, оиди соҳаи китобдорӣ қабул гардид, ки ҳамчун омили ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар рушди соҳа замина мегузорад. Ҳамзамон мавриди истифода қарор гирифтани бинои наву замонавии Китобхонаи милли Тоҷикистон на танҳо дар замони истиқлолият, балки дар таърихи китобдории миллат дастоварди бесобиқа хисоб меёбад.
Дар марҳилаи навини таърихӣ, соҳаи библиографияи миллӣ ба вусъати тоза ва мазмуну муҳтавои навро ноил гашта истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди анъанаҳои соҳаи китобдорӣ ва библиографияшиносӣ, ки яке аз самтҳои сиёсӣ ва фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто корҳои назаррас ба сомон расида истодааст.
Адабиёти истифодашуда:
Дар оғўши китобҳо: Маҷмўаи мақолот ва китобномаи Сафар Сулаймонӣ / Мураттиб Б. Холов.– Душанбе: Ирфон, 2001. – 174 с.
2. Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон .Китоби 6, мураттиб Қ.Буриев . Маҷмуи мақолаҳо .-Душанбе . Аржанг , 2017. -640 с.
С. Гулов,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва
тадқиқотии Китобхонаи миллӣ.