Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозиҳои оммавии халқҳоро, ки дар давраи  Ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дода буданд, ёд надорад.

         ***    ***    ***

Мо имрўз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд.

          ***    ***    ***

Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозӣ кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рўз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

         ***    ***    ***

Шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси халқамон дар давраҳои ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандўстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрўзу оянда мебошад.

        ***    ***    ***

Омўзиши таҷрибаи зиндагӣ, ҳаёту фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва маслиҳату машварати онҳо ба наслҳои имрўзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва рушди давлати соҳибистиқлоламон дастури амал ба ҳисоб  меравад.

            ***    ***    ***

Таҷлили ҳамасолаи Рўзи ғалаба бар фашизм ҷаҳониёнро бори дигар водор месозад, ки доир ба таҳқими муносибатҳои дўстона, ҳамгироиву ҳамкорӣ ва тавқияти равобити халқу давлатҳо ҳамчун шарти асосии ҳифзи сулҳу субот, бунёди рўзгори орому осудаи мардуми сайёра ва омили муҳимтарини муборизаи муштарак ар зидди нерўҳои бадхоҳ саъю талош намоянд.

          ***    ***    ***

Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи  инсоният аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанўз дар ҷисму қалбҳои одамон ва хонадони мардумони гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос карда мешавад.

           ***    ***    ***

Ин санаи пурарзиши таърихӣ на танҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрўза низ гиромиву муқаддас ҳисобида мешавад, чунки он рамзи ватандўстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва аз асорату бадбахтӣ эмин нигоҳ доштани халқу миллатҳои собиқ шўравӣ мебошад.

          ***    ***    ***

Мо имрўз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд.

            ***    ***    ***

Пос доштани хотраи фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳои имрўзу ояндаи Тоҷикистон ҷонбозиҳо намудаанд ва собиқадори меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рўз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи имониву виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

          ***    ***    ***

Дар шароити ноором ва бисёр мураккаби имрўза, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ рўз то рўз вусъат пайдо карда истодаанд, тарғибу ташвиқи сулҳу дўстӣ ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои мубриза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгарӣ ва миллатгароиву наодпарастӣ бо мақсади тарбияи эҳсоси ватандўстӣ ва озодихоҳии наслҳо ниҳоят муҳим мебошад.

         ***    ***    ***

Ҷашн гирифтани Рўзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили  муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рўҳияи ватандўстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад.

           ***    ***    ***

Ғалаба бар фашизм ва як зулму асорати он раҳо ёфтани аҳли башар бори дигар собит сохт, ки  агар дар байни халқҳо ва давлатҳо дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад, ягон қувваи бадхоҳу аҳримандӣ аз болои онҳо пирўз намешавад.

          ***    ***    ***

Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон маҳз ба шарофати дўстии халқу миллатҳои собиқ шўравӣ муяссар гардид, ки ин нуқтаро ҳеҷ кас ҳаққи фаромўш кардан ё нодида гирифтан надорад.

         ***    ***    ***

Ба ҷой овардани эҳтиром ва расонидани кўмаки беминнат ба иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат қарзи инсониву имонии ҳар як шахси савобҷўй мебошад.

            ***    ***    ***

Ҳар як узви ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон ба қадри собиқадорони ҷангу меҳнат, умуман калонсолон расанд ва эҳтироми онҳоро ба ҷо оранд.

          ***    ***    ***

Омўхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рўзгори ибратомўзи онҳо ба наслҳои имрўзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари  соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.

                            ***    ***    ***

Ин суханони Пешвои миллат аз китоби “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, ки соли 2020 дар нашриёти “Меъроҷ”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст, иқтибос шуданд. Муаллифон Ваҳҳоб Набиев, Аюб Усмонов, Зафарҷон Қобилов буда, он зери назари доктори илмҳои таърих, профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло омода гардидааст. Онро маводи таълимӣ ба қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик дар ҷабҳаи муҳорибаҳо, корномаҳои меҳнатии тоҷикистониён дар ақибгоҳ, вазъи илму фарҳанг ва маориф дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ номидаанд ва он ба хонандагон, донишҷўён ва дигар алоқамандон пешниҳод шудааст.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, Сармутахассиси шуъбаи

 илмӣ ва таҳқиқотӣ