“Адабиёти бачагона дар замони Истиқлол”
Нашр шуд 2020-02-13 15:17
Муаллифи ин китоб пажӯҳишгари тоҷик Саидраҳмон Саидов аст ва он аввали соли равон интишор ёфтааст. Китоб барои омўзгорону магистрҳо ва донишҷўёни факултаҳои филологӣ, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии ихтисосҳои омўзгории донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои омўзгории ҷўмҳурӣ,таҳсилоти ибтидоӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, мухлисону ҳаводорони адабиёти тоҷик тавсия дода шудааст.
Дар пешгуфтор муаллиф навиштааст: “Нахустин китоби бадеӣ барои кўдакони тоҷик бо унвони «Таронаи бачаҳо» соли 1927 ба табъ расидааст, ки он ба қалами олими дақиқаназар Тўракўл Зеҳнӣ тааллуқ дорад. То нашри ин китоби Турақул Зеҳнӣ китобҳои дарсии зиёде барои таълиму тадриси бачаҳо ба табъ расидаанд ва мувофиқи мавзўву муҳтавояшон барои кўдакон шеъру ҳикоя ва нақлу ривоятҳои бисёре иншову тарҷума шудаанд.
Натиҷаи ин ҳама пешравиҳои адабиёти кўдакону наврасони тоҷик буд, ки фишурдаи муҳтавои он дар «Тазкираи адабиёти бачагон» иборат аз панҷ ҷилд (1979-1986) ба нашр расид. Баъдтар «Тазкираи адабиёти советӣ барои кўдакон» иборат аз ду ҷилд (Душанбе,-»Адиб»,1989-90) нашр гардид, ки дар тарҷумаи он бисёр адибони мамлакат фаъолона ширкат варзидаанд...”
Идомаро шумо аз китоби “Адабиёти бачагона дар замони Истиқлол”, ки дар Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст, мехонед.
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.