Китоби нави Адиби табиатшиноси тоҷик Маҷид Салим бо ҳамин ном аз чоп баромад, ки маҷмӯи ҳикояҳои тозаи нависандаро дар бар гирифтааст. Хонандагон бо ҳикоя ва қиссаҳои адиби табиатшинос, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим ошноӣ доранд.
Фароштурук парандаи хурди тезпарвоз буда, болҳои тез ва думи дарози қайчимонанд дорад. Дарозии бадани ин паранда 14-19 см, паҳноии болҳояш то 30 сантиметрро ташкил дода, 17-20 грамм вазн дорад. Ба оилаи фароштурукҳо ва қатори гунҷишкшаклон мансуб аст. Парандаи васеъ паҳншуда буда, ба ҷуз аз Австралия ва Антарктида дар ҳамаи қитъаҳои дигари кураи замин вомехўрад. Фароштурук бо номи парасту ва достак низ дар байни мардум маълум аст. Ин паранда аз омад-омади баҳор мужда мерасонад ва дар байни мардум чун парандаи муқаддас маҳбубияти зиёд дорад. Вай дар ҳамшафати зич бо инсон зиста, аз ў хайрхоҳӣ меҷўяд.
Вақти зиёди худро фароштурукҳо дар парвоз гузаронида, дар замин кам менишинанд ва туъмаи худро ҳангоми парвоз дар ҳаво пайдо мекунанд. Суръати парвози онҳо то 120 км дар як соатро ташкил медиҳад. Фароштурукҳо хусусияти пешгўӣ кардани вазъи обу ҳаворо доро мебошанд.
Аз қадимулайём дар байни мардум ақидае ҳаст,ки дар хонае,ки фароштурук лона мегузорад, меҳру муҳаббат, самимият ва хушбахтӣ пойдор аст.
Китоби “Фароштурук”-ро, ки ба тозагӣ нашр шудааст, дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа намоед.
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.