“Меҳвари рушди илми ҳуқуқшиносӣ”
Нашр шуд 2020-03-04 11:13
Китоби мазкур бо инъикоси дастовардҳои дирўз ва дурнамои факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи мили Тоҷикистон бахшида шуда, аз саҳифаҳои дурахшону нотакрор, роҳи пуршебу фароз ва басо пурифтихор тайнамудаи факултет, диловарию корнамоиҳои устодони забардаст, олимони шуҳратёр, омўзгорони асил ва дастпарварони содиқи ин кохи муҳташами нуру маърифат ҳикоят намуда, дар он ба наслҳои имрўзу фардо оид ба воқеиати рушди факултети ҳуқуқшиносӣ дар дарозои 70- соли таърих ва хусусан даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти муътамад пешниҳод шудааст.
Китоб барои кулли ҳуқуқшиносони кишвар дар роҳи шинохт, эътироф ва арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаву шоистаи саромадон ва давомдиҳандагони факултеи ҳуқуқшиносӣ дастури муфид хоҳад буд.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Точикистон марҳилаи сифатан нави рушдро тай намуда, дар тамоми самтҳои афзалиятноки ҳаёти таълимӣ,илмӣ ва тарбиявии факултет дигаргуниҳои бузургро пушти сар намуд.
Имрўзҳо бо ифтихор метавон саҳми бузурги дастпарварони ин маҳзани илму маърифатро дар соҳаҳои таъмини қонуният,волоияти қонун адолати иҷтимоӣ, таҳияи лоиҳаи Конститутция, омода кардани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба он, қабули қонунҳои ҷавобгў ба манфиатҳои миллӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар хотирнишон намуд.
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.