Китоби нав: Фарҳанги миллӣ дар ҷустуҷуйҳои илмӣ
Нашр шуд 2020-04-10 16:36
Дар китоби мазкур, ки муаллифи он Шариф Комилзода – Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот мебошад, бахшу зербахшҳои нав, аз ҷумла лоиҳаи «Бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии «Пешвои миллат - Эмомалӣ Рахмон», роҳандозӣ намудани корҳои пажўҳишӣ ва баргузории экспедитсияхои илмиву тадқиқотҳои сотсиологӣ, иштирок дар конференсияву семинарҳои ғоибона илова гардида, мақолаҳои нашргардида тибқи талабот ба илмӣ ва илмию оммавӣ гурўҳбандӣ шудааст.
Маводи дар китоб пешниҳодшуда метавонад барои омўзиши фаъолияти илмию таҳқиқотии ПИТФИ ба мутахассисону муҳаққиқони соҳа кумак расонад.
Илова бар ин, аз маводи он олимони соҳа, бахусус омўзгорон ва донишҷўёни факултетҳои фарҳангшиноӣ, мусиқишиносӣ, рўзноманигорӣ, китобдории донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат, коллеҷҳои фарҳанг ва санъат, кормандони муассисаҳои иҷтимоӣ – фарҳангии ҷумҳурӣ метавонанд истифода баранд.
Шарофат Мирзоева, сармутахасcиси
Шўъбаи илмӣ ва тадқиқоти.