Муаррифӣ: Китобдорӣ шоиста Ритикова Ирина Александровна

Яке аз чеҳраҳои шинохта ва донишманди тавонои соҳаи  китобдорӣ, библиограф ва китобдори шоиста. Ритикова Ирина Александровна 10 июли соли 1955 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.Ў соли 1977 Донишкадаи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷўраев (ҳоло ба  номи С.Айни ) факултаи забон ва адабиёти русро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 1977 ба сифати саркитобдори шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи давлатии ба номи А.Фирдавсӣ   оғоз намуда  аз соли 1992 дар вазифаи сарбиблиографи шўъбаи Тоҷикистоншиносӣ адои вазифа намудааст.

Ў бештар ва хубтар дар баробари корҳои хизматрасонӣ ба муштариён, созмон ва таҳрири дасгоҳи маълумотдиҳии шўъба (феҳристу картатекаҳо) ва кор бо хазинаи шуъба ва инчунин тайёрнамоии дастурҳои библографӣ аз қабили «Тарбияи коммунистии меҳнаткашон»(1986), «Муҳаммадҷон Раҳимӣ»(1991), «Устоди насри тоҷик» (бахшида ба 80 –солагии зодрўзи Ҷ.Икромӣ 1989), «Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ» (1985), «Авесто – китоби муқаддаси зардуштён» (2001), «Эстафетаи коргарӣ» (1985), «Давлати бузурги Сомониён» (1999), «Ленин дар Тоҷикистон» (1980) дар якҷояги бо ҳамкоронаш саҳми худро гузоштааст.

Инчунин дар маҷмўаҳои тахассусӣ мақолаҳои ҷолиб пешкаш намудааст. Ў дар таҳия намудан «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қисми русӣ) ва интишори очеркҳо дар он бахшида ба адибон П.Лукинцкий, Ҳ.Карим, С.Табаров ва дигарон саҳми беназир гузошт.

Ирина Александровна соли 2011 ба нафақа рафта, айни замон дар шаҳри Москва кор ва фаъолият намуда истода аст.

Сулҳия Иброҳимова,

мутахассис шуъбаи илмӣ тадқиқотӣ