Даъват ба китобхона дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Кормандони шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати даъвати донишҷӯён ба Китобхона ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рафтанд.
Кормандони Китобхонаро раёсати факултаҳои рўзноманигорӣ, шарқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, биология ва математика ба ҳузур пазируфтанд ва барои бо донишҷўён суҳбат намудан кӯмак расониданд.
Дар рафти суҳбат бо донишҷўён кормандони китобхона дар бораи шароити имрўзаи Китобхонаи миллӣ маълумот доданд ва роҷеъ ба тарзи дастрас намудани адабиёт, яъне истифодаи қуттиҳои феҳристи китобхона, тарзи хизматрасониҳои толорҳо, шуъбаҳо ва марказҳои фарҳангӣ маълумот доданд.
Дар охир аз тарафи кормандони китобхона ба саволҳои донишҷўён посухҳо дода шуд.