Пажуҳиши арзишманд аз торихи китоб ва хат

Чун нависам васфи лаълат, нома гулбандӣ бувад,
Дафтаре бошад, агар коғаз самарқандӣ бувад.

Ин танҳо як байтест, ки ҳикоят аз қаламу китобу коғаз мекунад. Ин ин гуна байтҳову қитъаҳо, шеъру ғазал, ки китобу коғаз ва хату қаламро васф кардаанд, бешуморанд. Ин миллат аз қадим китобдору китобхон буд. Торихи аввалин китоб, чун ровии сарнавишти миллати форс реша ба ҳазорсолаҳои дур дорад. Торихе, ки бо вуҷуди навиштаҳову гуфтаҳои зиёд ҳамоно ногуфтаву нонавишта боқӣ мондааст. Ҳар пажуҳише дар ин самт сурат гирифтааст, ҳамоно ноқис аст, чун дар ҳар навишта мебинем, ки паҳлуҳои дигар ифшо мешаванд, аз зери чанги асрҳо китобҳои нав пайдо мешаванд, ки дар сабки нигоришу ороиш шигифтангезтар аз пешиниёнанд. Пас ин торихи хеле муассир ва хонданиву шунидании миллат аст.
Бекназар Аҳмадов ва Ҷӯрабой Раҷабов ҳам дар китобе бо номи “Мақоми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик” сайри торихии китобу китобдорӣ дар қаламрави форснажодонро мавриди пажуҳишу таҳқиқот қарор додаанд ва ин китоб ахиран дар Китобхонаи миллӣ интишор шуд.
Як бахши ин китоб ба пайдоиши хат ихтисос ёфтааст, чун сароғози китоб пайдоиши хат аст. Муаллифон дар пешгуфтор навиштаанд, ки “Хат яке аз кашфиётҳои бузурги инсоният мебошад ва воситаи иҷтимоии қонеъкунандаи эҳтиёҷоти он ба шумор меравад. Агар хат намебуд, аз  орзуву ормон, мақсаду маром, андеша, эътиқоду эътибор ва  аз ҳама муҳимаш,  аз таърихи  милатамон бебаҳра мемондем.  Лаҳзаҳои маъмули зинаҳои таърихи гузаштаи халқамон, ки дар навиштаҷот акс ёфтаанд, бароямон азизу муътабар мебошанд”  
Муаллифон дар асоси маводи фаровон роҷеъ ба пайдоишу истифодаи хату қалам, сангнавиштҳо пажўҳиши доманадоре кардаанд ва дар чор фасл онро ба риштаи таҳлил кашидаанд: «Пайдоиши хат, қалам, китоб ва масолеҳи хаттию осори аҷоиб», «Дастхатҳои  беназир, хаттотон ва саҳҳофони гулдаст», «Нашрияҳои чопӣ (китоб, тақвиму атласҳои ҷуғрофӣ ва рўзномаю маҷаллаҳои кўҳан)» ва  «Китобхонаҳо  –  сарватҳои бузурги маънавӣ»  таркиб ёфтааст, ки номи ин қисматҳо  муҳтавои китобро бозгў мекунанд.
Дар фасли «Пайдоиши хат, қалам, китоб ва масолеҳи хаттию осори аҷоиб» хонанда мавзўъҳои «Масолеҳи хаттӣ ва осори аҷоиб», «Папирус», «Лўлакитобҳои папирусӣ», «Пергамент», «Китобҳои пергаментӣ», «Пайдоиши қоғаз», «Пайдоиши хат», «Тавзеҳоти мухтасари баъзе хатҳо», «Пайдоиши қалам», «Бузургони адаб дар васфи қалам»,  «Сангнавиштҳо», «Донистан хуб аст», «Китоббарг ва ғайра», «Китобҳои азим», «Китобҳои оҳанин», «Китобҳои гаронбаҳо», «Китобҳои диққатрабо»,  «Китобҳои кўчак»,  «Алифбо ва хошниш»,  «Бузургон дар ситоиши китоб», «Бузургон дар ситоиши дониш ва банди илм» ва ғайраро пайгирӣ мекунад.
Дар фасли «Дастхатҳои беназир, хаттотон ва саҳҳофони гулдаст» хонанда метавонад бо хаттотони моҳир, навъҳои хат, саҳҳофони ҳунарманд, силсиланависон, зарринқаламон ошно шавад.
Дар  фаслҳои дигари китоб  оид ба нашрияҳои чопӣ, атласҳои ҷуғрофӣ, китобҳои машҳури олам, пайдоиш ва танзими хронологии  намудҳои хат, аз ҷумла хатҳои тасвирӣ, идеографӣ, мехӣ, паҳлавӣ, хоразмӣ, суғдӣ, арабӣ  ва  ғайра  ба тафсил маълумот дода шудааст. Аз ҷумла муаллифон овардаанд, ки “инсоният дар ҳар давру замон барои ёфтани масолеҳи хат ҷустуҷў ва кофтуковҳо мекард. Ҳолате буд дар тахтасанг, сангу  сафол, чўбу баргҳои дарахтони хурмову зайтун, пўсти дарахти тўсу папирус навишт, то он ки коғаз ҳам ихтироъ шуд”.
 5500 сол қабл китобҳо дар папирус таълиф шудаанд. Соли 1855 лўлакитоби дар папирус навишташударо пайдо карданд, ки  405 см дарозӣ  ва 42,5 см  бар дошт ва он дар хусуси сохти шоҳигарии Мисри Қадим,  Фиръавн Рамзиси II  ривоят мекунад. Ҳоло ин китоб дар китобхонаи  Британияи Кабир (Лондон) маҳфуз аст.
Ва аз ин қабил маълумот хеле зиёд аст, ки мутолиаи он шавқангез ва муфид мебошад.
Дарёфти китоб: мақоми китобдар фарҳанги мардуми тоҷик