28-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ба номи Акашариф Ҷўраев маҳфили «Ҳамешабаҳор» баргузор гардид. Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, ин бор баҳсу баррасиҳо атрофи китоби Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим “Биё, гулро ба барги гул бупечонем” буд. Маҳфил бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ, нашрияи
Дирӯз, якшанбе кулли толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ серхонанда буданд. Серхонанда шояд на он вожаест, ки асли мақс ади моро ифода кунад. Ин толорҳо ҷойи нишаст надоштанд. Соат даҳи субҳ буду бисёриҳо аз толор ба толори дигар мегаштанд ва ба худ ҷойи нишасту мутолиа мекофтанд. Маъмулан дар остонаи ҳар имтиҳоноти тобистонаву
Забони давлатӣ, мақоми расмие, ки давлат ба як ё якчанд забони маъмули серистеъмоли мамакат медиҳад. Чунин мақом ба зимаи аҳолӣ, шахсони мансабдор, инчунин мақомот ва ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати татбиқ ва истифодаи он уҳдадориҳои муайян мегузорад. Ба Забони давлатӣ коргузорӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ сурат мегирад, қонунҳо нашр мешаванд, интихоботу райъпурсӣ баргузор мегардад ва ғайра. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони
Забонаҳои офтоб, машъалаҳои офтоб, машъалаҳое, ки бевосита дар гирди доғҳои Офтоб мушоҳида мешаванд. Забонаҳои офтоб ба намуди қитъаҳои нисбатан равшан дар канорҳои қурси Офтоб беҳтар мушоҳида шуда, ҳарораташон нисбат ба ҳарорати атроф то 20000С баландтар аст.
Забонаҳои офтоб дар гирди доғҳо ҷой гирифта, аз онҳо пештар пайдо ва дертар нест мешаванд.
Завқии Дарвозӣ Абдулқоҳир, Эшони Домулло соли 1800 дар деҳаи Сангевн, Дарвози Бадахшон ба дунё омадааст, шоири тоҷик. Дар зодгоҳ, дар муҳити хонаводагӣ омўзиш дидааст. Завқии Дарвозӣ дар байни мардуми Дарвоз ба нисбаи «Домулло» шуҳрат дошт. Барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафта, айёми толибилмӣ ба шеър гуфтан оғоз кард ва тадриҷан дар ин фан устоду номвар шуд. Дар мухаммас гуфтан маҳорат дошт. Абёти зер аз ўст.
Оташам, дар хирмани хошок шўру шар задам,
Сафҳаи дилро ба тори ростӣ мистар задам.