Дирӯз, якшанбе кулли толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ серхонанда буданд. Серхонанда шояд на он вожаест, ки асли мақс ади моро ифода кунад. Ин толорҳо ҷойи нишаст надоштанд. Соат даҳи субҳ буду бисёриҳо аз толор ба толори дигар мегаштанд ва ба худ ҷойи нишасту мутолиа мекофтанд.
Маъмулан дар остонаи ҳар имтиҳоноти тобистонаву зимистона ин ҳол мушоҳида мешавад. Вале остонаи зимистони имсол вазъ ба гунаи дигар буд. Ин ҷо ҳоло танҳо донишҷӯён набуданд, ки ба имтиҳоноташон омодагӣ мегиранд. Як зумра аз довталабони ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” низ буданд, ки охирин рӯзҳои омодагиро пушти сар мекарданд.
Толори хониши кӯдакону наврасон чун ҳамеша бо хонандагони худ пур буд, муҳассилини мактабҳои миёна дар ин рӯзи истироҳат ҳам ба Китобхона омада буданд, то ба мутолиаи дӯстдоштатрин китобҳои худ идома диҳанд.
Корм надони илм боз ҳам толори худро пур карда буданд ва ҳамоно саргарми корҳои илмии хеш буданд.
Дар толори хониши электронӣ низ ҳол чунин буд. Хонандагон навбат мепоиданд, то вориди китобхонаи электронӣ шаванд ва матолиби заруриро пайдо кунанд.
Афзоиши сафи хонандагонро аз навбат дар узвият дар Китобхна метавон мушоҳида кард. Тамоми рӯз ин саҳнае, ки дар расмҳо мебинед, чунин буд.