Толорҳои пурхонандаи рӯзи якшанбе

Рӯзҳои истироҳати гузаштаро метавон серхонандатарин рӯзҳои ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ номид. Аксари толорҳои хониш пур аз хонанда буданд. Аксари онҳо донишҷӯёне мебошанд, ки аз шароитҳои мусоиди Китобхона истифода мекунанд ва меоянд, то ба дарсҳои семинарии худ омодагӣ бинад, корҳои курсиву дипломӣ нависанд.

Дар миёни хонандагон ҳастанд касоне, ки донишҷӯ нестанд ва танҳо барои мутолиа меоянд, то рӯзҳои истироҳатии худро беҳуда нагузаронанд.

Ҳамкорамон Хусрави Милод рӯзи якшанбе чанде аз ин толорҳои хонишро гашт ва аксбардорӣ кард.