Ҳамоиши “Нақши китоб дар ташаккули фарҳанги миллӣ” бо ширкати беш аз 40 нафар донишмандон

Қабл аз зӯҳри имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба  Рӯзи китоб ва  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоб дар ташаккули фарҳанги маънавӣ» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 40 нафар донишмандон, мутахассисон, омӯзгорон ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илми педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода оғоз намуда, иброз намуд, ки китоб роҳнамо ва пояи устувори манбаи донишу маърифати инсонҳост. Вай ҳамчунин қайд кард, ки Ҳукумати кишвар барномаҳои зиёдеро барои таҳкими зарфиятҳои нашри китоб ва ҷалби хонанда рӯи даст гирифтааст, ки бархе иҷро шудаву бархе дигар дар дасти иҷрост.

Абдусалом Мирализода ба он ишора кард, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронии худ ба зарурати маърифатнокии оммаи васеъи миллат таъкид мекунанд ва як роҳи расидан ба ин ҳадафҳо ҷалби оммавии мардум ба китоб ва китобхона аст.

Дар нишаст чор маърўза аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногун ироа гардид. Аз он ҷумла, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар мавзӯи «Тасвири китоб дар осори бузургони классик ва муосир» суханронӣ намуд.

Мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми фалсафа Ғаффор Мирзоев оид ба «Нақши тоҷикон дар ташаккули фарҳанги китобдорӣ», дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдуваҳоб Абдулазизов  оид ба «Нақши мутолиаи китоб дар рушди маънавии донишомӯзон», муовини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Неъматулло Акбаров дар мавзӯи «Аҳамият ва зарурияти донишнома» суҳбат карданд.