Маҳфили «Ахтари ҳунар» бо Хайрӣ Назарова
Нашр шуд 2016-09-23 11:24
Баъд аз зуҳри 22 –юми сентябри соли равон дар толори “Ошёни булбулон” –и «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» маҳфили «Ахтари ҳунар» бо ширкати ҳунарманди маъруфи театр Хайрӣ Назарова баргузор шуд.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар сухани муқаддамотии худ аз шахсияти ҳунарманди маъруф ҳикоят кард ва гуфт Хайрӣ Назарова аз чеҳраҳои тобноки ҳунари Тоҷикистон аст, ки берун аз қаламрави кишвар низ маъруфияти хос дорад.
Дар маҳфил Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ортиқ Қодир, ки худро аз ҷумлаи шогирдони Хайрӣ Назарова медонад ва мегӯяд аз мактаби ҳунарии ӯ хеле омӯхтааст, гуфт, ки “Нақшҳои офаридаи Хайрӣ Назарова нотакрор буда, арзиши хеле баланд доранд. Хайрӣ Назарова шахсиятест, ки бе дар назар гирифтани хизматҳои вай наметавон таърихи театри тоҷикро навишт”.
Дар ин нишаст бо хоҳиши меҳмонон порча аз моналог аз намоишномаҳои “Ромео ва Ҷулетта” (Ҷулетта), “Дил - дили Зайнаб” (Қумрӣ) аз забони ҳунарманд Хайрӣ Назарова шунида шуд.
Дар рафти маҳфил як зумра ҳунармандони театр, аз ҷумла Фотима Ғуломова аз даврони ҷавонӣ ва рўзҳои ҳамроҳ гузаштаашонро як –як варақгардон намуда, аз он рўзҳо қисса намуду бо ҳасрат ёд кард.
Бояд гуфт, дар нишаст зиёда аз 60 нафар ҳунармандону мутахассисон ва рўзноманигорон иштирок намуда, аз рафти маҳфил як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова 2-июли соли 1929 таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1942 то 1951 ба ҳайси сароянда ва раққосаи Театри халқии ноҳияи Қўрғонтеппа шурўъ намудааст. Баъдан дар саҳнаи театр нақшҳои зиёди хотирмонро иҷро кардаст. Аз ҷумла нақши Зўҳро дар намоишномаи «Тоҳир ва Зўҳро»-и Саид Абдулло, Ойхон дар «Найрангҳои Майсара»-и Ҳакимзода Хамза, Райҳон дар«Арўси панҷсўма»-и М. Урдубодӣ ва ғайра.
Аз соли 1951 то соли 1977 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намудааст.
Дар саҳнаи театри тоҷик беҳтарин нақшҳои офаридааш дар спектаклҳои «Ромео ва Ҷулетта» (1953, 1963), «Шоҳ Лир» (1957), «Отелло»-и У. Шекспир (1963) мебошад.
Ҳамчунин нақшҳои дигари ў Савсан дар«Номус»-и А. Шервонзода (1953), Ширин дар «Афсонаи ишқ»-и Н. Ҳикмат (1954), Қумрӣ дар «Дил-дили Зайнаб»-и Шамсӣ Қиёмов ва А. Мароз (1955), Ҷамила дар «Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳамза (1957), Нигина дар «Рўдакӣ»-и Сотим Улуғзода (1963), Маша дар «Соати бурҷи Кремл»-и Н. Погодин (1960), Маҳзода дар «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (1963), Манижа «Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушкинобӣ (1968), Архонта дар «Муборизон»-и С. Крас (1976), Зебуннисо дар «Зебуннисо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ (1977), Азиза дар «Интизорӣ»-и М. Ҳакимова (1958), Гертруда дар«Ҳамлет»-и У. Шекспир, Соттӣ дар«Исёни арўсон»-и С. Аҳмадов (1960), Шамсия дар«Баҳои умр»-и С. Сафаров (1963) мебошанд.
Дар баъзе филмҳои истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм»: «Дўсти ман Наврўзов» (1957), «Вазифаи олӣ» (1958), «Дувоздаҳ соати ҳаёт» (1964) низ нақшҳои хотирмон бозидааст.
Ҳамчунин ў дар дубляжи беш аз 500 филм иштирок кардааст.
Солҳои 1963-1967 вакили мардум дар парламони Тоҷикистон будааст.
Хизматҳои Хайрӣ Назарова бо унвонҳои Ҳунарпешаи шоиста, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.