“Баҳром Фирӯз ва саҳми ӯ дар рушди санъат ва синамо”

 Дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба 80-солагии нависандаи баномаи тоҷик Баҳром Фирӯз як маҳфили  адабии хотирмоне бо номи “Баҳром Фирӯз ва саҳми ӯ дар рушди санъат ва синамо” доир шуд. Маҳфил бо ҳузури гарми зумрае аз донишмандон, таҳлилгарон, рӯзноманигрон, намояндагони Донишгоҳи милии Тоҷикистон, “Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Иттифоқи расомони Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аҳли хонаводаи Баҳром Фирӯз ва хонандагон осори адиби номвар баргузор гардид.

 Ҷонишини директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова маҳфилро ифтитоҳ намуд ва мухтасар аз зиндагинома ва осори гаронарзиши адиби шинохта ҳикоят кард.

 Доктори илмшои филологӣ, профессори кафедраи филологияи Эрони  факултети забонҳои Осиё ва аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар нигоҳе дошт ба масири зиндагии Баҳром Фирӯз.

Киношинос Ҷамшед Раҳматов маърӯзае дошт бо номи “Баҳром Фирӯз – тарҷумони филмҳои ҳунарӣ”, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии “Кино” Кароматулло Саидов  аз боби инъикоси асарҳои Баҳром Фирӯз дар синамо суханронӣ кард.

 Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва осори адиб табодули афкор сурат гирифт.

 Адиби маъруф, муаллифи беҳтарин повесту ҳикояҳо барои ҷавонон, таронасарои муҳаббати ҷавонӣ, шоир ва мутарҷим Баҳром Фирӯз ҳамагӣ 55 сол умр дид. Аммо дар ин умри кутоҳ аз худ осоре ба ҷой гузошт, ки хонданиву сутуданист.

 Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон дар бораи адиби шинохта  мехонем:           

 БАҲРОМ ФИРӮЗ (Бобоев Баҳром) 1 – уми ноябри соли 1939 дар ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, чанд сол дар ҳамон ҷой омӯзгор будааст. Баъдан ба Душанбе омада, муддате корманди радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», моҳномаи «Садои Шарқ», нашриёти «Маориф», рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», нашриёти «Адиб» будааст. Солҳои охир дар Хуҷанд сардабирии моҳномаи «Сайҳун»-ро бар ӯҳда доштааст.

 Аз ибтидои солҳои 60-ум даставвал ҳамчун шоир, баъдан чун насрнавис ном баровардааст. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Розҳои маҳтобшаб» (соли 1967), «Силсила» (соли 1973), «Тафти дил» (соли 1984) мебошад. Гулчини қиссаву ҳикояҳояш дар кутуби «Пайи ситора» (соли 1975), «Рухсора» (соли 1978), «Ганҷ дар вайрона» (соли 1977), «Ту танҳо нестӣ» (соли 1980), «Тору пуд» (соли 1985), «Агар вай мард мебуд….» (соли 1988) ва ғайра ба табъ расидаанд.

 Соли 1981 нашриёти «Детская литература», (Маскав) китоби қиссаву ҳикояҳояш «Ты не одинок»-ро ба табъ расондааст.

 Баъзе шеъру ҳикояҳояш ба забони халқҳои  бародар – русӣ, арманӣ, ўзбекӣ, литвонӣ, молдавӣ ва ғайра дар Эрон, Булғория, Чехословакия, Ҷопон чоп шудаанд.

 Мақолаҳои публитсистиаш дар маҷмӯаи «Саҳнаи гардон» (соли 1993) интишор ёфтаанд.

 Асарҳои ҷудогонааш дар Эрон, Булғория, Чехославакия, Ҷопон чоп шудаанд.

 Намунаҳое аз осори М. Лермонтов, А. Блок, Д. Кугултинов, Ҳ. Олимҷон, Ф. Алиева, И. Грин ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

 Соли 1991 сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.

 Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

 25 сентябри соли 1994 дар синни 55-солагӣ аз олам даргузашт.

 Дар бораи Баҳром Фирӯз боз ин матлабро метавонед дар сомнаи Китобхонаи мллӣ бихонед:

 Адиби хушном ва хушмазҳар 

 “Рухсора”. Чопи нави қисса бо сарсухани Муҳаммадҷон Шакурӣ

  Китобҳои тозавуруд: Баҳром Фирӯз. Ғафлатзадагон

 Торикравшани шинохт. Нигоҳе ба зиндаги ва масири эҷодии Баҳром Фирўз