Мулоқоти бонувон бо номи «Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе»
Нашр шуд 2017-07-14 11:54
«Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе»
Дирӯз дар толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллӣ мулоқоти Шўрои занони Китобхона мулоқоти Раёсати кор ба зан ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе» доир гардид.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова дар суханони муқаддамотии худ дар бораи сиёсати Ҳукумати кишвар дар мавриди занон ҳарф зад ва гуфт, таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ва бахусус Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёти занон боиси он шудааст, ки бонувони мо бештар аз пештар худро ба корҳои муфиди давлатӣ, пажуҳишҳои илмиву омӯзишҳо саргарм созанд.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин гуфт, ки баргузории чунин дидору мулоқотҳо барои ҳамҳангии фаъолият ба нафъи миллату кишвар муфид аст.
Дар идома Сайдализода Шоира Файз - Сардори раёсати кор ба зан ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Зӯҳро Мирзоева - директори Маркази Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” ва муовини сардори раёсати кор ба зан ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саида Зикаева дар мавзӯҳои баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеа, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, хонадоршавии бармаҳал, риояи танзиму анъана, тӯю маъракаҳо, камхарҷ гузаронидани маросимҳо суханронӣ карданд.
Фарзонаи МИРЗО