“Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба сони як ҷашнвораи китобу китобхон ба анҷом расид. Дар чаҳорумин субҳи эълони ғолибону анҷоми Озмун сатрҳое хостам нависам, чун тӯли ин рӯзҳо гирифториҳои зиёд доштем ва намешуд ҳамаро вогузоштаву паси роёна нишаст ва эҷод кард. Аммо ҳоло фурсат расид, гузаштаро пеши назар меорам ва меболам, ки мо тавонистем бо як ишораи Пешвои миллат ва амри ӯ Озмунеро оғоз кунему ба поён
Чорумин даври озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” низ ба анҷом расид. Ғолибон эълон шуданд. Ба назар мерасад як иқдоми бузурге дар масъалаи китоб анҷом пазируфт ва гумонамон ҳам ин аст, ки ин марҳилаи аввали он буд ва эҳтимол меравад ташаббуси созандаи Пешвои миллат идома хоҳад кард. Миллат бояд ба китоб баргардад, роҳи дигаре мо надорем. Ва бо чӣ андешаи созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон тасмим гирифтанд ин иқдомро амалӣ созанд. Бори аввал шояд дар минтақа озмуне