Чаҳор рӯз баъди Озмун...

 “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба сони як ҷашнвораи китобу китобхон ба анҷом расид. Дар чаҳорумин субҳи эълони ғолибону анҷоми Озмун сатрҳое хостам нависам, чун тӯли ин рӯзҳо гирифториҳои зиёд доштем ва намешуд ҳамаро вогузоштаву паси роёна нишаст ва эҷод кард. Аммо ҳоло фурсат расид, гузаштаро пеши назар меорам ва меболам, ки мо тавонистем бо як ишораи Пешвои миллат ва амри ӯ Озмунеро оғоз кунему ба поён барем, ки дар таърихи Истиқлол мондагор бошад. Иҷрои ин лоиҳаи адабӣ ба талабот, ба рӯҳия ва ниёзҳои замон ҷавобгӯ буда, бешак саҳми муҳим дар тарғиби хониш дар байни кӯдакон ва  наврасон, рушди маърифати китобхонӣ мегузорад.

 Озмуни “Фуруғи субҳи донои” бузургтарин озмуни адабии кишвар  барои тарғиб, дастгирӣ ва нигоҳдории забон, адабиёт ва фарҳанги миллӣ мебошад.

 Кормандони Китобхонаи миллӣ тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, то ин ки хоҳишмандон аз ҷузъиёти озмун бештар огоҳ шаванд. Барои ин аз аввалин рӯзҳои эълони озун илова ба толорҳои хониши мавҷуда толоре маҳз барои омодагӣ ба “Фурӯғи субҳи доноӣ...” таъсис шуд. Хоҳишмандон метавонистанд китобҳои дилхоҳи худро аз ин тариқ фармоиш диҳанд ва мутолиа намоянд. Дар худи толор  зиёда аз ҳафтсад номгӯ китоб аз муаллифони гуногун тибқи номинатсияҳои озмун гузошта шуда буд, то кори ҷустуҷӯ барои хонанда осон шавад. Ба онҳо ҷиҳати дастрас намудани маълумот аз адабиёти зарурӣ кӯмакҳо расонида шуданд.

 Ҷолиб он аст, ки бори аввал масъулияти асосии озмуни китобхонӣ ба уҳдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буд. Ва мутасаддиёни баргузории он вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарикони баргузории озмун таъин шуданд.

  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани давраҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буданд. Ҳамчунин дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо масъулияти баргузории озмун ба зиммаи раёсат, шуъба ва бахшҳои маориф, маънавиёт ва фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор карда шуд. 

 Аммо барои довталабон ҳам талабот кам набуд. Онҳо мебоист на камтар аз 100 ғазал адибони гузаштаву имрӯз, 120 рубоиву дубайтӣ, на камтар аз 100 мисраъ қасида, порча аз достон медонистанд. 

 Донистани «Томирис ва Куруш», «Шерак», «Авасто», «Ёдгори Зарирон», «Дарахти Ассурик», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Андарзи доноён ва маздоясно», «Андарзи Хусрави Ковадон», «Андарзи Пурйуткешон», «Бундаҳишн», «Динкард» аз адабиёти қадим, достонҳои  «Калила ва Димна», «Симбоднома», қасидаҳои «Шикоят аз пирӣ», «Модари май»-и Абуабдулло Рӯдакӣ, «Таърихи Наршахӣ»-и Абубакри Наршахӣ, «Муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, «Пирӯзнома» -и Абуалӣ Сино, «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва ғайра барои касоне, ки дар номинатсияи асарҳои назмиву насрии классикӣ ва муосир қувва меозмуданд, зарур буд.

 Бачаҳо мебоист аз эҷодиёти Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонова, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Нӯъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Алӣ Бобоҷон, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷа, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азизи Азиз ва дигарон, инчунин афсонаҳои халқи тоҷик, чистону латифаҳо медонистанд.

 Аз адабиёти ҷаҳон м ебоист аз осори Ҷек Лондон, Виктор Гюго, Ги де Мопассан, Марк Твен, Эрнест Хеменгуэй, Ромен Роллан, Виллям Шекспир, Ийҳан Гёте, Алигери Данте, Франсуа Рабле, Рюноскэ Акутагава, Александр Пушкин, Лев Толстой, Юрий Лермонтов, Антон Чехов, Владимир Маяковский, Максим Горкий, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Мухтор Авезов, Олжас Сулаймонов, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Теодор Драйзер, Олес Гончар, Янн Купала, Яккуб Колас, Самад Вурғун, Нодир Думбадзе, Оттар Чилладзе, Грант Матевосян, Муҳаммад Иқбол, Ҷуброн Халили Ҷуброн, Рашод Нури, Робендранат Тагор, Стефан Тсвейг, Муртазо Мушфиқ Козимӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур, Аҳмади Шомлу, Халилуллоҳи Халилӣ, Нусрати Раҳмонӣ, Бориқ Шафеӣ, Восифи Бохтарӣ, Саид Нафисӣ, Мо Ян (Гуан Мое) бохабар мебуданд.

 Ва ин як ҳаҷми басо азими мутолиа буд. Озмун нишон дод, ки мо хонандагони пурхону пурдон зиёд дорем ва майлу рағбати онҳо ба мутолиа меафзояд. Шояд дар оянда дар шакли дигар ё ҳатто ба ҳамин шакл ин Озмун идома ёбад, зеро он таҳрике хоҳад шуд ба мутолиаи китоб. Миллатро дубора ба китоб бармегардонад.

 Ҳоло ки ин сатрҳоро менависам, мебинам, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук бидуни хастагӣ аз ин Озмун ситоиш мекунанд, барномаҳои телевизионии бар пояи он таҳияшударо васф мекунанд. Пас маълум, ки Озмун ба ҳамагон писанд омадааст.

 Дар хотима як бори дигар мехоҳам ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипос гӯям, ки бо ин иқдом ба ҷаҳониён нишон доданд, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати тамаддунофаранд.  

З.Забирова,

Сардори шӯъбаи хизматрасониҳои

библиографӣ