Китобдорӣ дар солҳои Истиқлолият
Истиқлолияти мо калиди соҳибдавлатӣ
ва ватандории миллати сарбаланду
соҳибфарҳанги тоҷик аст…
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рўзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рў ба рў гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дўст медорад, ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соли 1991 ҳукумати ҷумҳурӣ рушди анъанаи китобдорию китобшиносиро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, бо вуҷуди мушкилоти иқтисодию иҷтимоии солҳои аввал шароити лозимро барои низоми ҷадиди соҳа фароҳам овард. Соли 1993 махзани асосии маърифатии ҷумҳурӣ мақоми Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) гирифт. Кунун ҳаллу фасли масоили китобдорию китобшиносӣ ба тарзи мустақил бо дарназардошти илми соҳа ва татбиқи шеваҳои ҷадид сурат мегирифт, яъне бо тақозои талаботи давлати мустақил ҳама риштаҳои соҳа пайваст гардиданд. Махзани асосии маърифатии мамлакат аҳдоф ва арзишҳои куллан нави китобхонавиро дар худ таҷассум сохт. Аз доираи фаълияташ баъзе маҳдудиятҳои ҳизбию ақидавӣ ва мазҳабӣ берун омада, он оинаи тараққиёти таърихии миллат гардид. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2005 «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015»-ро қабул намуд, ки тадриҷан амалӣ шуд. Инак, 28 феврали соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» тасдиқ гардид. Кормандони КМТ барои амалӣ гардидани он камари ҳиммат бастанд.
Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ ҳамвора боло меравад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон кори китобхонаҳои кишварро дар сатҳи миллӣ зери назорат ва ҳимоят гирифт, ба ин манзур иқдомот ҷиҳати баровардани ниёзҳои рўзафзуни хонандагон, беҳбуди хадамоти библиографӣ, баррасии равишҳои ҷадиди китобдорӣ, тадвин ва такмили феҳристнависӣ, боло бурдани стандартҳои китобхонавӣ, шеваҳои нави гирдоварӣ ва ҳифзи манобеъ, беҳбуди мубодилоти мадорик бо китобхонаҳо ва созмонҳои хориҷи кишвар ва ғайра анҷом медиҳад.
Аммо беҳтарин туҳфа ба китобдорон ва китобдўстони ҷумҳурӣ бешак, бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардид, ки 20 марти соли 2012 бо иштирок ва суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Ин бинои зебою замонавии нуҳошёна зоҳиран шакли китоби кушода дорад, ба меъёрҳои байналмилалӣ муносибу ҷавобгўст ва дар бузургии масоҳат (дарозии бино 167 м., баландӣ 52 м., масоҳати умумӣ 45 ҳазор метри мураббаъ), фарогирии хадамоти китобдорӣ, иттилоотӣ, ғунҷоиши захираи китоб, фаъолияти фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Ба хотири гиромидошти арзишҳои волои миллӣ, бузургдошти мероси пурғановати пешиниён ва зиндасозию абадгардонии хотираи неки таърихӣ дар намои бино нимпайкараи 22 чеҳраи намоёни илму адаб ва фарҳанги миллати тоҷик гузошта шудааст. Он дорои имконияти фарохи маърифатӣ, толорҳои хониш, маҳфузгоҳҳо, дигар намуди асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳу толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, лабораторияҳои тармими китоб, бахшу шуъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотӣ мебошад, ки ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ мутобиқанд. 1458 ҷои нишаст дар 25 толори хониш ва 274 таваққуфгоҳи автоматикунонидаи корӣ дар хизмати хонанда қарор дорад. Се намоишгоҳи китоб-Осорхонаи китоб барои намоиши дастхатҳои қадима ва китобҳои нодир; Галереяи (долон) китоб ҷиҳати намоиши нашрияҳо оид ба соҳаҳои мухталифи дониш; Намоишгоҳи китобҳои тозанашр, 9 маҷлисгоҳ барои 1100 ҷои нишаст, баҳри тафреҳи хонандагон 250 ҷои нишаст, 558 ҷои нишаст барои таомхўрӣ дар ошхона баёнгари имконияти махзани маърифатанд.
Дар толорҳои хонишу иттилоотрасонӣ ҷиҳати дарёфти маълумот шароити хос вуҷуд дошта, дар толорҳои электронӣ хонандагон ройгон аз шабакаи интернетӣ истифода мебаранд, ин толорҳо бо як қатор китобхонаҳои электронии кишварҳои пешрафта иртибот доранд, муштарӣ бо ворид шудан ба сомонаи интернетии Китобхона аз хазинаи китобхонаҳои бо мо шартнома дошта баҳра бардошта метавонад.
Сатҳи баланди хизматрасонӣ ва роҳандозии технологияи муосир дар Китобхона боиси афзоиши теъдоди хонандагон гардид, сафи муштариёни хориҷии мо низ меафзояд. Ҳоло КМТ бо беш аз 60 муассисаю созмони хориҷӣ ва байналмилалии мустақар дар ҷумҳурӣ, инчунин китобхонаҳои калонтарини зиёда аз бист давлати дунё робитаю ҳамкорӣ дорад. Мо дар садади густариши равобит бобати табодули китоб дар сатҳи байналмилалӣ ҳастем ва ният дорем бо дигар кишварҳо ёддошти тафоҳум бандем, ки ба ҳама ҷонибҳо манфиат бахшанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ғанӣ гардондани хазинаи КМТ мардуми мамлакат, корхонаю муассисаҳо саҳми муносиб гузоштанд. Бо мадади онҳо зиёда аз 2 миллион нусха китобу нашрияҳо ҷамъ омад ва теъдоди умумии хазинаи Китобхона ба беш аз 5 миллион расид. Ин иқдом бори дигар аз арҷгузории мардуми фарҳангпарварамон ба анъанаҳои дерини китобдорию китобхонӣ шаҳодат дод. Шумораи китоб аз ҳисоби нусхаҳои ҳатмӣ ва тўҳфаҳо ҳамарўза меафзояд. Тақозои замона ин аст, ки кулли маводи илмӣ, иттилоотӣ ва таърихии марбут ба тоҷикон ва Тоҷикистон дар заминаи дастовардҳои илми муосири китобдорӣ ва технологияи компютери рақамӣ муҷаддадан танзиму такмил ва ба талаботи феълии давлату ҷомеъа мувофиқ карда шавад.
Китобу китобхона хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медоранд, роҳи инсонҳоро бо нури донишу маърифат равшан месозанд, ганҷинаҳои тамаддуни башариро ҳифз менамоянд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон тўли мавҷудияташ рисолати бузурги ҷамъиятӣ ва маърифатию иттилоотиро ба таври шоиста анҷом бахшид, ҳамчун маркази беназири илму фарҳанг мартаба ёфт. Ҳоло дар ҳаёти Тоҷикистони азиз нусрату дастбурду беҳбуду пирўзиҳоро дар ҳамаи ҷабҳаҳо метавон ҳамарўза баршумурд ва ин ҳама дар диламон оҳанги ифтихору шукр менавозанд, пас боястӣ роҳҳои тавҳиду ҳамгароӣ, ки оинаи тамомнамои азамату халлоқияту иззат ва имрўзфурўзу фардобари миллати моанд, бо ибтикороти савобу тозакориҳои азим, баҳри тақвияти озодию истиқлолу пешрафт бипазирем.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ганҷинаи ҳикматҳои бузург аст, ки ҳар кас бо умед аз дари он ворид шавад, ба орзуҳои ширину дерини худ муваффақ мегардад. Кас меҳоҳад, ки зарофату нафосати сухани ин ганҷина бо таҳаммул, бо ҳаловат истифода намояд. Ҳар гоҳе, ки шахс ба ин даргоҳи илму маърифат ворид мегардад, гўё ба дунёи зебою рангин ва сеҳрангези он ворид мешавад, ба он ҷойе, ки зиндагии мо аз он рушд бештар менамояд, ҳамеша азми ҷустуҷў ва мутоила меравем.
Ин қаср дар як ҷойи бисёр зебою барҳаво ва мусаффои шаҳр сохта шуда, ҳар касро тез ба сеҳру афсуни худ мекашад. Он дар маркази шаҳр, дар бари майдони Озодӣ, паҳлўи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Боғи устод Рўдакӣ, Хонаи Радио, рў ба рўи Қасри Миллат ва муқаддасоти миллӣ, дар миёни бузургтарин муассисаҳои илмию фарҳангӣ, сиёсию иҷтимоӣ, боғҳои фароғатӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҳамчун коҳи бузурги ҳикмат, мўътабартарин қасри маърифат қомат афрўхтааст, ки як гўшаи хотири ҳамаамон ба он банд аст, онро чун модар, падар, ҳамчун дилбар азизу гиромӣ медорем, Маҳз ҳамин Китобхонаи миллӣ ҳаст, ки дар дили мо муҳаббату садоқат афзуда, чароғи тафаккурамонро равшан гардонида, бароямон шоистатарин сифатҳо эҳдо менамояд, ки ба халқу миллати худ, ба ҳамаи мардуми дунё некхоҳу гиромиқадр бошем.
Китобхонаи миллӣ ҷойи муқаддас аст, ҳар кӣ ба он ворид гардад, нури сафо мебинад, дурбину болидатабъ мешавад, донишманд, дар оянда ҳакиму мутафаккир берун меояд. Китобхонаи миллӣ, ҳамин хел, ба хонандагони худ беҳтарин, шоистатарин хислатҳо бахшида, ўро дар маънавият баркамол мегардонад, шояд дар дунё дигар ҳеҷ чиз ин дараҷа ба инсон меҳрубон набошад, чӣ хеле, ки китобхона садоқат карда метавонад. Вай хотираи халқ, абадияти маънавияти миллат ва умуман нерўи заковати донишмандони сайёраи Замин мебошад.
Китобхонаи миллӣ хазинаи пурасрору сеҳрангезест, ки кас дар он ворид шуда, дар таъсири сеҳру афсуни китобҳои нодир боқӣ монда, то дер гоҳ аз он берун баромада наметавонад. Вай муқаддастарин хазинаи асрори сухан, ҷойгоҳе мебошад, ки одамон барои ҷамъ овардани сарват ва ганҷҳои маънӣ мераванд. Китобхона ба мисли бўстонсароест, ки хонанда дар он дохил гардида, аз гузаштаи дури таърих то имрўз саёҳат менамояд, аз гулу меваҳои пухтарасидаи маънӣ шаҳдком мешавад, ҳаловат ва нашъат мегирад. Дар Китобхонаи миллӣ бо он касоне ҳам, ки дар сўҳбаташон нишастанро орзу менамоед, дарёфта, аз хазинаи суханҳои пуртаровату гуногунсоҳаашон лаззат мебаред. Китобхонаи миллӣ шуморо ба манзили умеду мақсад мерасонад, як сабаби ҷиддии хушбахту саодатманд гардидани қариб одамон ҳамин китобу китобхонаҳои олам, ганҷинаҳои пурсарвати эҷодкардаи одамизод мебошанд. Кас ҳар гоҳ, ки ба ин коҳи маънӣ по мегузорад, фикрҳои нопухтаю норасидаи худро, ки дар атрофи майнаи сар парвоз менамоянд, ба даст гирифта, аз пайи парваришу тарбия карданашон мешавад.
Қасри китоб аз қаъри баҳру уқёнусҳо ба дасти ғаввосҳои моҳир дурдонаҳо ҳадя мерезад. Он вуҷуди инсонҳоро пок гардонида, ҳавас ва иштиёқашонро ба олами маънавӣ афзун менамояд. Яъне китобхона ҷойе ҳаст, ки мо ба он аз баҳри зиёрати китобҳои нодир рафта, шўълавар мешавем, пас бо шуоъҳои маънӣ олами хуфтаро бедору дурахшон гардонида метавонем.
Пешрафти инсоният аз китобу китобхонаҳост, ҷамъият аз китобу китобхонаҳо нашъунамо меёбад. Китобхона сарманзили умеди ҳамаи одамони пешқадами сайёраи замин мебошад. Китобхонаҳои олам алҳол муқаддастарин сарманзилҳои маърифатанд, мо дар онҳо ворид гардида, нури илоҳӣ афрўхта, бо асосҳои илм ошно мешавем, чароғи маърифатро равшан, тангноҳои торики ҷаҳолатро пурнур мегардонем.
Таъсисиёбӣ ва ба фаъолият шурўъ кардани бахшу шуъбаҳо толорҳои нави хониш имконияти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, таҳияи навъҳои мухталифи феҳресту картотекаҳои электронӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагони муқимӣ ва ба фондҳои чопӣ ва электронии китобхона таъмин намуд. Истифодаи технологияи нави иттилоотӣ дар таҷрибаи Китобхонаи миллӣ баҳри вусъатбахшии барномаҳои нави хизматрасонии китобдорӣ мусоидат намуда, барои истифодабарандагон шароитҳои бароҳати мутоилотӣ муҳайё сохт. Истифодабарандагон имконияти дастёбии ройгонро ба манобеҳои зерин:
- феҳрест ва картотекаҳои электронӣ;
- манобеи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон;
- бонки марказонидашудаи иттилооти ҳуқуқии «Адлия»;
- истодабари шабакаи байналмилали «Интернет»;
- Китобхонаи электронии диссертатсияҳои Китобхонаи давлатии Русия ва ғайра доранд.
Маҳз кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аввалин шуда мисли занбўри асал ангубин – мавод ҷамъ оварда, пешкаши гурўҳи васеъи хонандагон мегардонанд. Коргарони даргоҳи илму маърифат ҳамчун шўълапошоне ҳастанд, ки шахсони ба ин даргоҳи маърифат воридшударо пурнур менамоянд. Имрўз Китобхонаи миллии Тоҷикстон на танҳо рамзи ифтихор, балки санади рахшони такомули пояҳои маънавии истиқлолияти миллии мо маҳсуб меёбад. Ҳамаи дастовардҳои ин ганҷинаи фарҳанг дар баҳои ҷонфарсоиҳои даҳҳо ва садҳо нафар кормандонаш ба вуҷуд омада, аз файзи садоқат ба касб, меҳнатдўстию меҳанпарастӣ манша гирифтааст.
Ҷамил Валиев,
корманди Китобхонаи
миллии Тоҷикистон