Арҷгузории Пешвои миллат ба китобу китобдорӣ
Миллати тоҷикро бе китобу китобхона тасаввур кардан нашояд, зеро ки аз қадимулайём сарвати асосии зеҳнии мо китоб буду ҳаст. Дар ин замони мушавваши сиёсию иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомеро рўи даст гирифт, ки он ҳам бошад бунёди китобхонаи азиме, ки дар Осиёи Марказӣ бо чунин ҷалолу шаҳомат ҳамто надорад. Новобаста аз мушкили молиявии давлат ва буҳронҳои шадиди молиявӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳонӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо саъю талошҳои бевоситаи Сарвари давлат бунёд ёфт ва аз соли 2012 то имрўз дар хизмати мардуми Тоҷикистон қарор дорад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин иқдоми худ рисолати таърихӣ ва миллии худро дар рўбарўи мардуми Тоҷикистон ва мардумони олам иҷро намуданд. Нишон додаанд, ки чун гузаштагони худ барои олам на ҷангу хунрезию даъво, балки фарҳангу маърифат ҳадя хоҳанд кард. Имрўз мушоҳида мешавад, ки ҷаҳон ба инноватсия ва технологияи сохтаи худ ҳамоҳанг шуда наметавонад. Дар бисёр кишварҳои олам зиёд волидайнро мебинем, ки ҷиҳати оромии хотир ва сиҳатии фарзандони худ аз олами виртуалӣ роҳи наҷотро меҷўянд ва мутахассисону коршиносон ягона роҳи наҷотро дар китобу китобхонаҳо медонанд. Имрўз метавон бо эътиқод гуфт, ки Пешвои миллат барои наҷоти фарҳангу тамаддуни миллӣ ва суннатҳои китобу китобдории тоҷикон амалӣ беназири таърихӣ намудаанд, ки баъди ҳазорсолаҳо дар ёдҳо ва хотироти таърихии миллат боқӣ хоҳад монд.
Аз рўи лоиҳа, бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои 10 млн. нусха китоб тарҳрезӣ шудааст. Бино бо воситаҳои замонавии муҳандисии ҳамлу нақл, таъмини обу барқ, таҷҳизотҳои гармидиҳӣ ва ғайраҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Китобхона дорои 25 толори хониш барои 1500 ҷойи нишаст, 9 маҷлисгоху толорҳо барои баргузории конфронсу ҳамоишҳо барои 1200 ҷойи нишаст, 3 толори намоишгоҳи китобҳо ва 1 толори театрӣ барои 100 ҷойи нишаст, инчунин барои хонандагон 275 ҷойгоҳи худкор ва барои кормандон 312 ҷойгоҳи худкори корӣ мебошад.
Агар дар маҷмуъ ин миқдор китобро мо дар ин махзан тавонем, ки дар даҳсолаҳои оянда ҷамъоварӣ ва гунҷоиш диҳем, пас ин нишондиҳандаи он аст, ки мо дар ин бинои боҳашамат метавонем барои наслҳои баъдӣ 10 млн. нусха китобу дастхат ва осори таърихию фарҳангии миллат ва маълумоту тасвирҳо аз давраҳои аввали бунёди давлатдории миллии тоҷикон ба мерос гузорем.
Имрўз агар ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва хизматрасонию нигоҳдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон назар намоем, пас мебинем, ки Китобхонаи миллӣ танҳо макони нигоҳдошти китоб набуда, балки як маркази илмӣ-маърифатӣ мебошад. Зеро дар ин кохи бегазанд дар баробари китоб боз рўзномаву маҷалла, дигар маводҳои чопӣ ва диску фиттаҳо аз осори савтии кинову театр ва суруду мусиқии тоҷик нигоҳдорӣ мешавад. Бо ин раванд мо метавонем китобхонаро ба марказе мубаддал намоем, ки дар оянда барои насли нав манбаи шинохти миллат бошад ва осори таърихию фарҳангии худро аз нестшавӣ эмин дорем. Бубинед, ки имрўз сарватҳои фарҳангию дастхатҳои нодиртарини миллати мо дар саросари ҷаҳон парешонанд, зеро дар давраҳои таърихӣ юришҳои ғосибонаи мақдуниёну аъробу чингизиёну темуриён ва дигар халқиятҳо ба мероси фарҳангии мо газанди бузург расид ва нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки то қадри имкон ин осори парешони миллатро ҷамъоварӣ ва ба соҳибони худ муаррифӣ намояд. Пас бояд зикр намуд, ки Пешвои миллат бо бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон фарҳангу тамаддуни миллатро умри дубора бахшиданд.
Мехохам дар ин замина як сухани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр намоям, ки ҳангоми ифтитоҳи бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон чунин гуфта буданд: «Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт». Ин сухан далолат аз он мекунад, ки Сарвари давлат ба соҳаи китобдорӣ ва китобхонӣ, ки яке аз анъанаҳои таърихии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хоса доранд ва бунёди китобхонаҳо дар манотиқи кишвар махсусан дар деҳу русто бозгунандаи ҳол аст.
Дигар ин ки агар нашри номгўи китобҳо ва нашри силсилакитобҳое, ки марбут ба адабиёту фарҳанг ва таъриху тамаддуни кишвар, ки дар Тоҷикистон ба табъ мерасанд, ба даврони пешин муқоиса намоем, шоҳид мешавем, ки Сарвари давлат ба таълифу чопи осори бузургони илму адаби кишвар таваҷҷуҳи хоса доранд ва чопи силсисаи «Ахтарони адаб» дар панҷоҳ ҷилд дастгирии хоса ва саҳми арзишманди Пешвои миллат мебошанд.
Китобу китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Ин пеш аз ҳама қабули як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурўшӣ дар тамоми манотиқи кишвар, намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, таҷлили «Рўзи китоб», бунёди биноҳои нави китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошанд. Дар ягон давру замон таърихи миллати тоҷик дар соҳаи китобдорӣ ба чунин комёбиҳо ноил нагашта буд.
Гадобег Маҳмудов,
Муовини директори
Китобхонаи миллии Тоҷикистон