Паёми Пешвои миллат ва масъулияти китобдорон
Нашр шуд 2017-01-24 17:17
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 – декабри соли 2016 ҳуҷҷати муҳимтарини давлатӣ ба ҳисоб рафта, вазифаҳои асосӣ, роҳу усулҳои тараққиёти ҷомеаро барои ояндаи наздик муайян менамояд.
Муҳимтарини онҳо Ваҳдату озодӣ, тақвияту устувор гаштани пояҳои соҳибистиқлолӣ, ягонагию муттаҳидии мардуми кишвар дар атрофи Пешвои миллат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию маънавии кишвари азиз ва тавассути ҳамаи ин баланд гардидани обруву эътибори давлат дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Мусаллам аст, ки пешрафти ҷомеа пеш аз ҳама аз сиёсати давлатӣ, фаъолияти мақомоти давлатии сатҳи марказиву маҳалӣ, пешрафти илму маориф, фарҳангу маънавиёти он вобастагӣ дорад .
Дар Паёми Пешвои миллат ҳамаи ин самтҳо таҳлили аниқи худро ёфтанд ва вазифаҳо ба ояндаи наздик муайян гардиданд. Ба мо, кормандони илму фарҳанг зарур аст, ки сатҳи донишомўзии насли навини ҷомеаро мувофиқи пешрафти илму технологияи ҳозиразамон, ҳисси баланди ватанпарастиву худшиносӣ ва омўзиши илмҳои дақиқу забоншиносӣ, аз худ кардани осори ниёгон ва ҷавобгў будан ба талаботи ҷаҳони муосир тарбия намоем. Яке аз мақсадҳои «Соли ҷавонон» эълон намудани соли 2017 низ дар ҳамин самт аст.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар қатори дигар кормандони илму фарҳанг вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли маъсалаҳои дар боло зикр шуда, пеш аз ҳама ҳифзи истиқлолият, инкишофи тафаккури солими ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии ҷомеа, ҳифзи фарҳангу мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии он ба ҷаҳониён тақвият бахшад.
Маҳз барои ҳамин ҳам, ҷавобан ба ғамхорию талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафти Ватани азизамон, мо кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, чун дигар мардуми шарафмандамон, бояд кушиш ба харҷ диҳем, ки вазифаҳои хизматиамонро садоқатмандона, дар сатҳи баланди тахассусӣ иҷро намоем.
Ҳар яки мо бояд дарк намоем,ки тараққиёти кишвар, пешравии иқтисодию иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии мардум аз мо китобдорон низ хело ҳам вобастагии калон дорад.
Моҳира Бахшова
Сардори шуъбаи
Абонементи байни китобхонаҳо