Паёми Пешво, одоби ҷавонон, фарзандон ва волидон

«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ўро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчи хоҳад, кунад ва ба ҳарчи хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намуд.

Дар Паём аз ҷумла чунин омадааст: «Аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба инғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».

Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъолтар бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро нерўи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо мешуморанд ва ба сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзи аввали истиқлолият диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонони тоҷик бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Ҷавонон кувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Умуман, ҷавонон дар маркази ҳама гуна тағйироту табаддулотҳои ҷиддӣ ва ҳам нек дар кишварашон буданд. Масалан, ҷавонон ба мисли Сўҳробу Сиёвуш дар таърихи мо дар дифои манфиатхои миллат ҳамеша омода буданд ва мубориза мебурданд, Жанна д-Арк барои истиқлоли Ватанаш ҷонашро фидо карда буд.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ...

Адаб ҳусни инсон аст. Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хислатҳои ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархурдор аст. Аслан ин қабил одамон фурўтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Зеро хуб медонанд, ки бузурге гуфтааст:

Манманиҳо пешаи шайтон бувад,

Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.

Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумў низ ба миён меояд. Ҳатто дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб ба худи ҳар як инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст:

«Луқмони Ҳакимро пурсидаанд: Адаб аз кӣ омўхтӣ? Гуфт: Аз беадабон. Ҳарчй аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».

Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирўз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рўз маҳв мекунад.

Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷўҳи хосса зохир намуда, адабро ганҷи қимат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. икмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:

Адаб беҳтар aз ганҷи Қорун бувад,

Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.

Адаб дар назари аҳли ҷуд бахту саодат, давлати ноёб, эьтибору шаҳомат, тоҷи сари мардон аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфта:

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,

Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст.

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,

Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Мутаассифона, на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рўи он амал мекунанд. Вақтҳои охир теъдоди ин қабил ҷавонон ба маротиб афзуда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар кўчаю хиёбонҳо беадабиро дида, бепарво мегузарем. Ин амали бемавқеъ ба суди ҷомеаи навину демократӣ нест.

Аз ин хотир, ҳамаи мо вазифадорем, ки наврасонро дар рўҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин сараввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб ҳидоят намоем.  

Ҷавонӣ манзилест, ки мобайни масофаи кўдакӣ ва пирӣ воқеъ шудааст. Айёми салтанату комёбӣ дар он ҷо мегузарад. Ҷавонӣ ситораест, ки фақат як бор дар осмони умр тулўъ мекунад. Ҷавонон ниҳоли кўчаке ба ҳисоб мераванд, ки бо сабзидани ин ниҳолҳо ояндаи кишвари мо сарсабзу хуррам мегардад. Пас, ҷавонон ояндаи миллатанд. Аммо ба ҳамаи ин чӣ тавр бовар кард?

Ягона роҳе, ки ҷавонон миллатро пеш бурда метавонанд, ин дониши хуби онҳост. Яке аз беҳтарин муқаддасоте, ки инсонро ба дунёи рангин ворид мегардонад, ин китоб аст. Китоб, ки сарчашмаи донишу хирад аст, метавонад ҳама касро ба пешравиҳо ноил гардонад. Дар ҷомеа, ки китобу китобхон набошад, он ҷо мисоли хонаест, ки чароғ надорад. Аслан дар ҳама кишвару давлатҳо ҷавонон нақши асосиро мебозанд, аз ин рў, ояндаи ҳама кишварҳо ҷавонон ба ҳисоб мераванд.

Ниёгони мо аз азал тараннумгари ахлоқи нек буданд. Асарҳои бисёр ибратбахши худро барои мо ба ёдгор мондаанд. Аз он ҷумла, «Маснавии маьнавӣ»- и Мавлавӣ, «Гулистон» ва «Бўстон»-и Саъдӣ, «Қобуснома»-и Кайковус ва даҳҳо шоҳкориҳои ахлоқӣ дастури ибратбахше ҳастанд ба аҳли башар оид ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ.

Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Гарчанде ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таьлиму тарбияи фарзанд» амал мекунад, то ҳол ба чашм мерасад, ки баъзе падару модаре ҳастанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳамияти зоҳир менамоянд. Дар ин замина мутафаккири бузуги тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ чунин гуфтааст. «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ўро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчи хоҳад, кунад ва ба ҳарчи хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар як падару модар барои тарбияи фарзандонашон бояд дар оила сар карда, аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода баранд. Фарзанд дар оила бояд ончунон ба камол расад, ки боиси на танҳо таҳсину офарин, балки номбардори падару модар ва ватану миллат гардад.

Соли 2017 эълон шудани Соли ҷавонон ҳар як ҷавони кишварро бояд ҳушдор диҳад, ки ба ин ғамхорӣ, меҳрубонӣ ва таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳои рўзгори мо сахмгузор, пешсаф ва фаъол бошанд.

Ман ҳамчун корманди Китобхонаи миллӣ ифтихор аз он дорам, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат арзёбӣ намудаанд ва мо низ ин гуфтаро ҳақ шуморида, ҳамчун фардҳои комилҳуқуқ бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ин соҳа рушди ҳамаҷониба дошта бошад.

Масрура Мирзоҳасанова
корманди шуъбаи абонименти
байни китобхонаҳо