Имрўзҳо, мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мўди, хориҷии барои мо носозгор рафта, либосҳоеро ба бар мекунанд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест, балки баръакс, ҳусни зебои онҳоро мекоҳонад, ҳусни зебои модарзодиашонро доғдор месозад.
Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Ҷойи хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин, бешубҳа, сабаб дорад.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегўянд.
Барои ҳамагон равшан аст, ки дар Тоҷикистони азиз мо атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдўзиҳои нотакрори чеварони минтақаи Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷўробҳои зебои занҳои ҳунарпарасти Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилоҳои минтақаҳои кишвари мо дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Аммо, чи тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспўшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд ва ҳозир низ идома доранд.
Имрўзҳо, мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мўди, хориҷии барои мо носозгор рафта, либосҳоеро ба бар мекунанд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест, балки баръакс, ҳусни зебои онҳоро мекоҳонад, ҳусни зебои модарзодиашонро доғдор месозад.
Дар робита ба ин масъала Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рўзи модарон чунин таъкид карданд:
“Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва бафарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.
Ин падидаи зишт қариб дар ҳамаи зинаҳои синну сол ва вазифа реша давондааст. Баъзан дар кўчаҳои зебою биҳишт монанди Душанбе бо духтароне вомехўрем, ки либосашон ба танашон чунон зебанда аст, ки гумон мекунед паризоде аст ва ба духтари тоҷик ҳаваси кас меояду беихтиёр ин маънӣ ба забон меояд: Ин қадар зебост духтари тоҷики мо!
Аммо боз духтаронеро мебинем, ки либоси бегонаи безеб ҳусни расояшонро, қомати раънои онҳоро чунон хира кардааст, ки афсўс мехўрад ҳар як шахси миллатдўст ва асили тоҷик.
Қайд кардан ба маврид аст, ки либоспўшии расмӣ – хизматӣ иҷозат додашуда аст, танҳо зебову шинам бошад ва мувофиқи қаду баст ва синну сол бошад.Аз ҳама чизи муҳим он аст , ки мо бонувони тоҷик бояд дорои шарму ҳаёи тоҷикона ва хоксории тоҷикона бошем, ин яке аз хислатҳои неки инсонии ниёҳгонамон буд.
Моҳира Бахшова,
Сардори шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо