Ёздаҳумин китоб аз силсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) рӯйи чопро дид. Ин бор аз ин силсила, ки бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр мешавад, китоби маъруфи “Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот”-и Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯсӣ интишор ёфт. Муаллифи китоб намояндаи майдони илм ва фарҳанги асри ХII аст ва шаҳри Тӯс мутаваллид шудаву бештари умрашро дар