Ваҳдати миллӣ ва ман. Чаро ман ин рӯзро интизорӣ мекашам?
Истиқлолияти Тоҷикистон ба дусолагии ман рост омад. Моҳи июли соли 1989 ба дунё омадам, он замон мо давлати дигар доштем, ки СССР ном дошт. Ва Ҷумҳурии Тоҷикистон як бахши ҳамин СССР-и паҳновар маҳсуб мешуд. Ман ду сол дар он кишвар овони кӯдакӣ сипарӣ мекардам, ки Тоҷикистон истиқлолият ёфт. Ва боз соле нагузашта ҷанг сар шуд, ҷанги дохилӣ. Ва ман сесола будам, ки садои тир оромиши кишвари моро халалдор кард. Ҳамин тариқ кӯдакии ман миёни обу оташ буд, дар кишвар ҷанг ва мани кӯдак озод аз ҳамаи ин ташвишҳо бо орзуҳои кӯдакӣ зиндагонӣ доштам.
Ҳаштсола будам, ки дар кишвар сулҳ омад. Он вақт ман дар синфи дуюм мехондам ва акнун каму беш ба маънои ҷангу сулҳ сарфаҳм мерафтам, чун муаллимон дар ин бора камубеш гап ҳам мезаданд.
Овони мактабии ман ба ҳамин давра рост омад, яъне мо ҷангро гузаштем ва бо пайроҳаи сулҳ по гузоштем. Ба диёри мо Ваҳдат омад. Мегуфтем, ки қудуми ин ваҳдат хуҷаста бод.
Бо ҳамин эҳсос, ки дигар мо рӯйи ҷангро намебинем, мактаб ҳам хатм шуд. Вақте ба Донишгоҳ дохил шудам, дар Тоҷикистон Ваҳдати мо даҳсола мешуд. Ва ёд дорам, ки даҳсолагии Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати бемисл таҷлил шуд. Ман акнун фалсафаи Ваҳдатро мефаҳмидам, чун муддати даҳ сол шоҳиди дигаргунӣ дар ҳаёти кишвар будем. Бачагиву наврасии худро дар ҳамин овон пушти сар гузоштем ва ҳарчи аз ин ба баъд мегузашт, барои мо бегона набуд. Аз телевизион медидем, аз радио мешунидем, дар хона ва мактаб дар ин бора мегуфтанд. Хулоса, донистем, ки чаро мо бояд ба қадри ин бирасем. Мо аз наворҳои телевизион солҳои ҷангро медидем, гарчи он замон тифл будем, аммо баъдтар дарк кардем, ки ин чӣ мусибати сахте будааст. Гиряи модарон, ба ҳам оғӯш кашидани мардон бо мардону забон бо занон, шодиҳои кӯдаконро медидем ва мегуфтем, ки ана акнун ҳамааш пушти сар монд. Танҳо чизе монда ҳифзи ҳамин Ваҳдат аст.
Тадриҷан дар бораи хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам хондему шунидем ва донистем, ки барои ин сулҳу суботу Ваҳдат ин марди хирад чӣ талошҳое кардааст. Имрӯз ҳам сулҳи мо ва Ваҳдати мо бо баракати талошҳои ӯ пойдор аст.
Рӯзҳо гузаштанд, ҳоло Ваҳдати мо 19-сола ва дар ин 19 сол ман ҳам қатори дигарон мактаби миёна ва факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллиро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардам. Соле дар худи Донишгоҳ кор кардам ва баъд ба Китобхонаи миллӣ ба кор омадам.
Имрӯз чорабиниҳои ин ҷашни бузург аз шаҳри Хоруғ шуруъ шуда, кулли шаҳристонҳо ва навоҳиву рустоҳоро фаро мегирад. Мебинам, ки 19 сол бо созандагӣ сипарӣ шудааст, дар ин 19 сол мо соҳиби нақбҳои азим ҳам шудему соҳиби корхонаҳои бузург ҳам. Соҳиби нерӯгоҳҳои калон ва роҳҳои мумфарш ҳам. Сатҳи зиндагии мардум боло рафт ва дар чунин як солҳои буҳрон Сафари давлати мо маоши кормандон ва нафақаи пиронсолону стипендияи донишҷӯёнро боло бурд.
Пас чист Ваҳдати миллӣ аз нигоҳи ман?
Ваҳдати миллӣ - фаъолияти ниҳодҳои мухталифи иҷтимоӣ ва давлатӣ, сатҳи баланди худшиносӣ ва робитаи шаҳрвандон бо давлат, низоми мавҷудаи арзишҳо ва ормонҳо арзёби мегардад ва он ҳамчун қисми ҷудонопазири шуури ҷамъиятӣ ва ғояи меҳварии суботи сиёсӣ дар доираи манфиатҳои шахс, давлат, ҷомеа ва табиат ташаккул меёбад. Асоси онро умумияти арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, динӣ ва ғайра ташкил дода, ба ташаккул ва таҳкими он шароитҳои объективӣ ва омилҳои гуногуни субъективӣ метавонанд таъсир расонанд. Аз ин рў Ваҳдати миллӣ барои тамоми давлатҳо, миллатҳо муҳим буда, аҳмияти онро насле дарк мекунад, ки дар рўҳияи суннату анъанаҳои халқии хеш, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои волои умумибашарӣ тарбият ёфта бошад.
Қабули Кониститутсияи (сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27-уми июни соли 1997) ба Ваҳдати миллӣ заминаи боэътимоди сиёсию ҳуқуқи фароҳам овард.
Бо татбиқи усули тақсими ҳокимият, ташкили парламони касбӣ ва фаъолияти итиҳодияҳои мухталифи ҷаъмиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои мардумӣ, раванди Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таҳкими минбаъдаи худро ёфт. Ваҳдати миллӣ василаи муҳимми таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии умумиятмухталифи миллӣ- этникӣ ҳамзиштии осоиштаи миллати тоҷик ва ташаккули давлатдории навин гардида, дар шароити демократикунонии муносибатҳои ҷаъмияти ба рушди низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва фарҳангӣ мусоидати назаррас кард..
Ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москав байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари гуруҳи мухолифин Сайд Абдуллои Нурӣ 27 июни соли 1997 шаҳодати равшани пешгирӣ аз ҷанги дохили ва таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар, ватани азизамон Тоҷикистон буд. Сулҳ якдигарфаҳмӣ оштиву фарзонагӣ, осоиштагӣ будани ватани азизамон ва мардумро таҷассумгар аст. Ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфаҳму миллатдўст будан ин нишондиҳандаи сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Имруз иттифоқ ва ҳамдилии миллати тоҷик, сабабгори ҳамкорӣ намудани ватани азизамон бо давлатҳои дунё гардидааст. Яке аз омилҳои рушду пешравии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як кишвари тоза истиқлол ин, ба маърифату дониши ҳар як фарди росткору қавиирода ва сохтани сохтмонҳои азим дар дохили кишвар ва бунёди «роҳ ба суйи дилҳо», роҳои байналмиллалӣ мебошад. Ин шаҳодатгари пешравӣ ва гул- гул шукуфоии кишвар аст. Танхо бо Вахдат, хаёти инсон, орзуву армон, наҷоти миллат, тахкими давлат, рушди пешравии сиёсати дохиливу хориҷӣ метавонем сазовор шавем. Пас месазад, ки шукрона аз ин рохи вахдат, якдигарфахмӣ истиқлолияти кишварро кунем.
Бо боварии комил гуфта метавонам, ки мо дар ватани азизамон Тоҷикистон, бо дастгири ва хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати хиради азалии худи мардуми шариф, дар як фазои озоду беғубор, дар як давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дуняви ва ягона зиндагӣ мекунем ва бояд ба қадри ватани азизамон расем. Ободии онро, суботи сиёсати онро ҳифз намоем. Бинобар ин мо ҷавонон бояд, дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ ва ватандусти тарбият ёфта бошем ва Ватани азизамонро муққадас шуморем. Бо фикру андешаҳои бохирадонаи худ ба манфиати миллату Ватани азизи худ хизмат намоем.
Сураё Одинаева,
Сармутахассиси Маркази такмили
ихтисоси Китобхонаи милии Тоҷикистон