Китобҳои тозавуруди Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ
Нашр шуд 2016-04-27 20:51
Махзани шуъбаи хизматрасонии библиографӣ китобҳоеро муаррифӣ мекунад, ки ахиран аз ноширони хориҷи кишвар ворид шудаанд.
Инҳо аслан китобҳои илмианд. Оид ба илмҳои забоншиносӣ, китобдорӣ, ҳуқуқ, риёзӣ, тибб, кимиё, иқтисод, луғатшиносӣ, адабиётшиносӣ ва ғайра.
Дар миёни ин китобҳо дастурамалҳое низ оид ба сохтмон, таъмири хона, симҳои барқ, маълумотномаҳо, ороишоти занона ва истифодаи дуруст аз онҳо ва ғайраро низ метавон пайдо кард.
Ин китобҳо дар нашрияҳои гуногуни Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия бо сифати хеле хуб чоп шудаанд.
Маълумоти мухтасар дар бораи ин китобҳоро аз ин ҷо дарёфт кунед, вале барои мутолиаи онҳо лутфан ба шуъбаи хизматрасонии библиографии Китобхонаи миллӣ ташриф биёред.
Мо ҳамеша интизори хонандаҳои ҷӯяндаем!