Ҳар рӯзи моҳи январ 1236 нафар хонандагон ба Китобхонаи миллӣ меомаданд

Моҳи январи соли равон Китобхонаи миллӣ мизбон ва пазирои 37088 нафар хонандагон буд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 15732 нафар зиёд мебошад.
Бино ба гуфтаи Фирдавс Аминов, Сардори шуъбаи хизматрасонии библиографӣ ҳар рӯз ба ҳисоби миёна ба Китобхонаи миллӣ 1236 нафар ворид шудаанд ва дар толорҳои гуногуни хониш саргарми китобхонӣ шудаанд.
Фирдавс Аминов мегӯяд, моҳи январи соли гузашта ба ҳисоби миёни ҳар рӯз 711 нафар ба Китобхона меомаданд.
Хонандагон зарфи ин як моҳ 24 ҳазору 196 китоб дархост кардаанд ва ин ҳам дар муқоиса ба моҳи аввали соли 2015 2840 адад зиёд аст.
Зарфи ҳамин як моҳ 1910 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ қабул шудаанд, ки аз моҳи январи соли 2015 147 нафар бештар аст.