Activities calendar

08 сентября 2018

Таҷлили Истиқлолияти давлатӣ дар Китобхонаи миллӣ

Дар ҷамъомади тантанавии Китобхонаи миллӣ, ки дирӯз ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуд, зумрае аз кормандони фаъол бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода зимни табрики кормандон ба муносибати ин санаи таърихӣ дар бораи роҳи тайшуда дар ин 27 сол суханронӣ кард.

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати 27-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Дар остонаи бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки