Дар ҷамъомади тантанавии Китобхонаи миллӣ, ки дирӯз ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуд, зумрае аз кормандони фаъол бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода зимни табрики кормандон ба муносибати ин санаи таърихӣ дар бораи роҳи тайшуда дар ин 27 сол суханронӣ кард.
Вай аз ҷумла гуфт, ки бунёди кохе назири Китобхонаи миллӣ яке аз дастовардҳои ҳамин Истиқлолият аст, ки имрӯз бо он ифтихор дорем. Вай иброз дошт, ки ин бинои муҳташам як кохи бузурги фарҳангист ва эҳтиромаш аз он аст, ки миллионҳо адад китоб дар бойгонӣ маҳфуз медорад.
Абдусалом Мирализода ҳамчунин гуфт, ки мо бояд ба қадри истиқлолияму мухторият расем ва ифтихор дошта бошем, ки дар олам кишваре бо номи Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки соҳибистиқлол аст.
“Имрӯз маҳз ҳамин шарофияти Истиқлолият аст, ки мо озодона ба кӯчаву хиёбонҳоямон гаштугзор мекунем. Давлатҳое ҳастанд, ки ин қадар шукуҳу шаҳомат доштанду абарқудрат буданд, вале бубинед имруз дар чӣ аҳволанд? Беҳтарин неъмати бузурги руйи олам маҳз тинҷиву осоиштагии давлат ба шумор меравад. Пас, моро месазад, ки шукронаи Истиқлолият, шукронаи ободиву озодии ин давлатамон кунем ”,-гуфт Абдусалом Мирализода.
Фарзонаи МИРЗО