Ширкати Китобхонаи миллӣ дар семинар-онлайни байналмилалӣ

Баъд аз зӯҳри рузи 24-уми феврал бо ибтикори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии минтақавии марказӣ ИФЛА/ПАК дар Осиёи Марказӣ дар низоми онлайн баргузор шуд.

Дар семинар Салимов Мариф ва мутахассисони Хадамоти таъмир ва таҳрири Институти шарқшиносӣ ба номи Абў Райҳони Берунии АИ Ҷумҳурии Ўзбекистон, рӯнамоӣ дар мавзўи «Мактаби санъати Бухоро: тарзи омода намудани муқоваи ҷилодор» дар масъалаи таъмиру тармими китобҳоро пешниҳод кард.

Чорабинии мазкур ҳамчун натиҷаи ҳамкориҳо миёни давлатҳо, ташкилотҳо, барои барқарор намудани мероси қадимаи санъати китоб, саҳмгузор мебошанд ва инунин Мактаби тармим ва таҳрири мероси хаттӣ, ки дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон амал мекунад, гузаронида мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки дар семинари мазкур таъмиргарон аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон иштирок карданд. Миёни иштирокдорон мубодилаи афкор оид ба санъати таъмир ва тармими китобҳои мероси хаттӣ сурат гирифт.

Ҳамзамон дар ин семинар-онлайн намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо сарварии муовини директори Китобхонаи миллӣ Махмудов Гадобек ширкат варзиданд.

С.Каримова,

Сардори Шуъбаи тарғиб ва баргузории

чорабиниҳои фарҳангӣ.