Афсарони Вазорати мудофиа дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-12-21 12:42
Ҳудудан 150 нафар афсарони Вазорати мудофиа, ки сарварони ситодҳои минтақавии ин вазорат ҳастанд, баъди зуҳри рӯзи 19 декабр вориди Китобхонаи миллӣ шуданд ва бо шароити он аз наздик ошно гаштанд.
Баъд аз ҳури рӯзи чоршанбе ҳудудан 150 нафар афсарони ситоди қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии полковник Ҷамшед Саидзода – сардори раёсати амалиётии Ситоди Генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва полковник Фарух Аҳмадзода – сардори шуъбаи корҳои фароғатии Раёсат оид ба корҳои тарбиявии Вазорати мудофиа ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва аз толорҳои хониш, толори намоиши китобҳои тозанашр ва “Осорхонаи китоб” дидан намуданд.
Дар рафти саёҳат афсарони қувваҳои мусаллаҳ бо дастнавиштаҳои қадимаи форсу тоҷик, китобҳои тозанашри даврони Истиқлолият шинос гардида, аз сатҳу сифати хизматрасонӣ дар Китобхонаи миллӣ огоҳ шуданд.
Аз имконияту шароитҳои хизматрсонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба даст омадааст, хеле шод гардида, аз рафти саёҳат дар дохили Китобхона як ҷаҳон таасуротои нек бардошт намуданд.
Бояд зикр намуд, ки афсарони қувваҳои мусаллаҳ, ки ба ҳайси сардори ситод дар қисмҳои низомии шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ фаъолият намуда, аксарияти онҳо бори аввал насиб гардидааст, то аз Китобхонаи миллӣ дидан намоянд.
Ин аввалин бор нест, ки низомиён дастаҷамъӣ сайри Китобхона меоянд. Дар гузашта низ борҳо аз мақомоти қудративу сохторҳои интизомӣ омада ва бо шароити китобхона аз наздик ошно шуда буданд.
Гуфтан бомаврид аст, ки дар миёни хонандагони ҳамешагии Китобхонаи миллӣ кам нестанд касоне, ки худ афсари қувваҳои мусаллаҳ ё дигар ниҳодҳои қудратианд, вале бо муҷарради вақти холӣ ёфтан ба Китобхона меоянд ва аз бойгонии он ташнагии маънавӣ мешикананд.
Фарзонаи МИРЗО