Activities calendar

11 ноября 2020

Муаррифии китоб: “Фаъолияти китобдорӣ. Фаъолияти иҷтимоӣ – фарҳангӣ: Назария, услубҳо, амалия”

Маҷмўа мақолаву андешаҳои пурқимати илмии китобхонашиноси тоҷик Сафар Шосаидовро, ки тайи солҳои гуногун чоп гардидаанд, инъикос менамояд. Мақолаҳои маҷмўа дар 6 фасли мавзўӣ ҷойгир шуда, дар маҷмўъ самтҳои гуногуни фаъолияти илмӣ – эҷодии муҳаққиқро инъикос менамоянд. Фасли якуми маҷмўа мақолаҳои бахшида ба проблемаҳои назариявии барои рушду камоли китобхонашиносии тоҷик муҳимро, ки дар ҳоли ташаккул қарор дорад, дар бар мегирад.Мақолаҳои фасли мазкур бо инъикоси эҳсосу тафаккури олим дар заминаи андешаҳои амиқу равшан масъалаҳоеро фаро гирифтаанд, ки баррасии онҳо бо назардошти вазъи имрўзаи китобхонашиносии тоҷик ҳаётан  

Рӯ ба илм. Ҳолати пиряхҳои мавзеи дараи Камароб дар китоби нав

Дар даҳсолаҳои охир мониторинги пиряхҳо дар ҳудуди қаторкўҳи Қаротегин, аз ҷумла ҳавзаи дараи Камароб гузаронида нашудааст ва ҳолати кунунии онҳо арзёбӣ нагардидааст. Солҳои 60-70-уми асри гузашта бо мақсади омўзиши пиряхҳо дар ҳудуди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Институти географияи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ якчанд экспедитсияи глятсиологӣ сурат гирифта буд ва натиҷаҳои ин таҳқиқот дар Феҳристи пиряхҳои Иттиҳоди Шўравӣ, ки 50 сол қабл нашр гардидааст

​“Комсомол...” – роҳкушо ба зинаҳои камолот

Ин матлабро рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба муносибати 90-солагии нашрия чоп карда буд ва Ғанӣ Ҷӯразода худ дастпарвари ҳамин газетаи маъруф буд. Устод Ҷӯразода, ки ҳоло давлати пирӣ меронанд, хотироти худро аз солҳои корашон дар “Комсомоли Тоҷикистон” ёдовар шудаанд. Ин ёдонома хонданиву шавқовар ва омӯзанда аст. Аз ин хотир лозим донистем онро бо андаке ихтисор бознашр кунем.

Дархостномаи муҳарир– роҳнамои нахустин

«Ҳанўз аз замони мактабхонӣ ба касби рўзноманигорӣ завқу рағбати беандоза доштам, бо тамкини хос ба сўҳбат оғоз