“Комсомол...” – роҳкушо ба зинаҳои камолот
Ин матлабро рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба муносибати 90-солагии нашрия чоп карда буд ва Ғанӣ Ҷӯразода худ дастпарвари ҳамин газетаи маъруф буд. Устод Ҷӯразода, ки ҳоло давлати пирӣ меронанд, хотироти худро аз солҳои корашон дар “Комсомоли Тоҷикистон” ёдовар шудаанд. Ин ёдонома хонданиву шавқовар ва омӯзанда аст. Аз ин хотир лозим донистем онро бо андаке ихтисор бознашр кунем.
Дархостномаи муҳарир– роҳнамои нахустин
«Ҳанўз аз замони мактабхонӣ ба касби рўзноманигорӣ завқу рағбати беандоза доштам, бо тамкини хос ба сўҳбат оғоз намуд устод Ғанӣ Ҷўразода. – Хабару мақолаҳо ва шеъру ҳикояҳоям дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳои даврӣ чоп мешуданд. Нахўстин шеъру ҳикояи солҳои 1955–1957 рўи чоп омаданд. Соли 1961, соли охири донишҷўи буд. Дар яке аз рўзҳои моҳи апрел муҳарири рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» Бобо Худойдодов маро назди худ хонда гуфт: “Ба рўзномаи мо шумо барин ҷавонони лаёқатманд лозиманд. Агар розӣ шавед, шуморо ба кор гирем». Ман изҳор доштам, ки бояд аз рўи тақсимоти донишгоҳ ба кори нашриёт равам, вале ў дарҳол дархостномае ба унвони донишгоҳ навишта, ба дастам доду «Метавонед аз пагоҳ ба кор шуруъ кунед», гуфт».
Санаи хотирмон
Нахустин рўзи фаъолият дар рўзномаро бо ҳиссиёти аҷибе қисса намуд, чун он ба санаи таърихию хотирмон барои тамоми мардуми даврони шуравӣ рост меомад. «12 апрели соли 1961 нахустин кайҳонаварди шўравӣ Юрий Гагарин ба кайҳон парвоз кард ва оғози фаъолияти меҳнатии ман дар рўзномаи «Комсоли Тоҷикистон» ба ҳамин рўйдоди бузурги таърихӣ рост омад, ки як умр дар хотирам нақш бастааст,– изҳор дошт ҳамсўҳбати мо – Он солҳо дар ягон донишкадаи олии ҷумҳурии мо кадрҳои журналистӣ тайёр карда намешуданд. Онҳое, ки дар рўзномаю маҷаллаҳо кор мекарданд, асосан ашхоси худомўз ва дастпарварони шўъбаҳои забону адабиёти тоҷик буданд ва табиист, ки доир ба масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, тамоюлоти инкишофи ҷамъият донишҳои казоӣ надоштанд ва мо, кормандони рўзномаи «Комсолмоли Тоҷикистон», низ аз қабили онҳо будем. Дар инъикоси порблемаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат душворӣ мекашидем. Вале ҷўшу хурўши ҷавонӣ, омўзиш ва ҷустуҷўҳои доимии эҷодӣ, дўстию рафоқат ва дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ ба мо имкон медод, ки сарбаладона душвориҳоро паси сар намудаву комёб гардем».
Ёде аз ҳамкасбон
Замони фаъолияташ дар рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (сол 1961-1968) бо 4-нафар муҳарирони ва даҳҳо кормандони эҷодиву техникӣ кору фаъолият намудаву аз ҳар кадоме хотираҳои нек дорад. Аз корманди онвақтаи рўзнома Бобо Худойдодов, Мутеулло Наҷмиддинов, Ибод Файзуллоев, Абдулло Зокиров, Додоҷон Раҷабӣ, Муқим Абдураҳмонов, Нур Табаров, Бахтиёр Муртазоев, Отахон Латифӣ, Ф. Зокирӣ, С. Мирзоев, Т. Бойбобоев ҳамчун кормандони кордону боистеъдод, ки ҳар кадоме сабку услуби хосаи худро дошт, ёд мекунад. Агар аз қисмате кор омўхта бошад, барои қисмати дигар ҳаққи устодӣ дорад.
«Давраи кор бо Мутеулло Наҷмиддинов сатҳу сифати кор дар рўзнома хеле тағир ёфт. Бо омадани кормандони нав дар саҳифаҳои рўзнома бахшу гўшаҳо, рубрикаҳо, мавзўҳои нав пайдо шуданд, ки барои боз ҳам хонданибоб шудани рўзнома ва дучанд афзудани сафи хонандагонаш мусоидат намуд. Очерку лавҳа, репортаж, шеъру ҳикоя, фелетон дар рўзнома мавқеӣ доимӣ пайдо намуданд. Мо зуд- зуд ба колхозу совхозҳо, корхонаҳои саноатӣ, сохтмонҳои зарбдор рафта, аз ҳаёту фаъолияти пешқадамони истеҳсолот, чорводорон, пахтакорон, боғдорону ғаладорон ва заҳмати диловаронаи онҳо омода ва чоп мекардем ва дар радифи ин камбудиҳоро низ фош мекардем».
Агар А. Шукўҳӣ шўҳрати рўзномаи «Тоҷикистони сурх» (имрўзаи Ҷумҳурият) –ро дар он солҳо ба авҷи аъло расонида бошад, пас гуруҳи кормандоне, ки зери роҳбарии М. Наҷмиддинов фаъолият менамуд, ҳамин гуна шуҳратро барои газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» оварда буд. Ба чопи мақолаҳое низ даст мезадем, ки дар миёни қишрҳои алоҳидаи ҷомеа норозиву вокунишҳо ба миён меоварданд. Аз камбудиву нуқсонҳо рўирост мегуфтем, ҳақиқати зиндагиро рўи об мебаровардем, ки чунин ҳақиқатбаёниву ошкоргўи на ба ҳама писанд меомад».
Хотираҳо кўҳна намешаванд…
Вақте лаҳзаҳои душвору ҳамзамон хеле барояш азизи кор дар рўзномаи овозадори «Комсомоли Тоҷикистон»-ро ба хотир меоварад, дар чашмони камнураш лаҳзае шуълаи меҳру муҳаббат барқ мезанад, лаҳзае худро дар ҳамон рўзҳову ҳамон айём, дар ҳалқаи он дўстону ҳамкорон медид. Лаҳзае баъд аз нигоҳаш ба нуқтаи дуре дўхта мешуду андешамандона сўҳбатро идома медод. Ва аёнамон мегашт, ки хотираҳо ҳаргиз кўҳна намешаванд, балки бо гузашти моҳову солҳо дар қалбу ёдҳо ба сони алмос дар умри баҳру уқёнусҳо, боз ҳам рўшантар ҷило медиҳанд.
Он замон аксари кормандони рўзнома хона надоштанду яке муҷараду дигаре оиладор дар хонаҳои иҷора ба сар мебурданд. Душвориҳо зиёд буд, вале он ҳайати воҳиду мутаҳид, ки аксар ҷавонони бо нангу оре буданд, ҳаросе аз он мушкилот надоштанд. Бинои хурдакаку назарногири идораи рўзнома, ки дар яке аз кўчаҳои маркази шаҳри Душанбе дар миёни биноҳои зиёди баландошёна дар рў ба рўи бинои нашриёти «Адиб» ҷойгир буд, барояшон хонаи дуюм ба шумор мерафт. Зеро аксар шабҳоро дар ҳамин бино рўз мекарданд. Ба хотири он ки рўзнома субҳи рўзи дигар бекаму кост ба дасти хонанда расад. Дар баробари мушкилот талабот низ хеле сахт буд, ки ҳамсўҳбати мо бо шавқ аз он лаҳзаҳо ёдоварӣ менамояд:
«Он солҳо аксари корҳо дар матбаа дастӣ иҷро мешуду макети рўзнома то чоп шудан борҳо тағир меёфт. Материалҳои расмӣ дер мерасиданд ва бинобар ин зарурати чопи ҳатмии онҳо навбатдорон маҷбур буданд, то субҳ нахобида, заҳмат кашанд. Баъзан дар матнҳо хатоҳо роҳ меёфт. Хатоҳо ҳар хел мешаванд, аммо Худо накардаву ин хатоҳои сиёсӣ мебубуданд… Боре дар матни якмақола ба ҷои калимаи «лекин» калимаи «Ленин» чоп шуду навбатдори шумора ҳам ҷазои ҳизбӣ ва ҳам ҷазои маъмурӣ гирифт ва қариб буд, ки аз кор хориҷ шавад. Ҳамин гуна нозукиҳо аз рўзноманигор дақиқкору зираку огоҳ буданро талаб мекунад ва ин аст, ки ин пеша саҳлангорӣ, бедиққатӣ ва бемасъулиятиро намеписандад».
Оре рўзҳо мегузаранд, хатоҳо ислоҳ мешаванд, дардҳо малҳам меёбанд, аммо танҳо хотираҳоянд, ки мондагор.
«Комсомол…» –минбари ҷавонони адолатхоҳу ҳақиқатгў
«Даврае, ки ман мудири шуъбаи ҳаёти комсомолӣ будам, Отахон Латифӣ аз рўзномаи «Комсомолец Таджикистана» ба КМ комсомол ба кор гузаштаву баъдан бо сабаби ошкор намудани нуқсону камбудиҳои соҳа аз кор озод шуда буд. Мо бошем, дар «Комсомоли Тоҷикистон» ўро ба кор гирифта, мақолаҳояшро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва дар саҳифаҳои рўзнома чоп мекардем. Яъне, рўзнома нагузошт, ки як журналисти боистеъдод руҳафтодаву ноумед шавад. Аз ҳамон солҳо рўзномаи мо минбари ҷавонони адолатхоҳ ҳақиқатгў буду хушбахтона, то имрўз ин рисолаташро идома медиҳад. Ғайр аз ин, аз маҳалҳо маводҳои танқидӣ зиёд ворид мешуданду баъди чопи онҳо кормандон барои ислоҳи камбудиҳо ба ҳамон маҳалҳо мерафтанд, бо одамони масъул вомехўрданд ва то қадри имкон проблемаҳоро дар ҷойҳояшон ҳал мекарданд. Ин боис гардид, ки идеяи ташкил кардани гўшае бо унвони «Маданияти деҳот» пайдо шавад. Дар ин гўша аз мушкилоти китобхонаҳо, клубҳо, истироҳатгоҳо ва монанди инҳо маводҳои таҳлиливу танқидӣ ба табъ мерасиданд ».
Боли парвоз
«Комсомол захираи ҳизб аст», мегуфтанд он замонҳо ва ин буд, ки Ғанӣ Ҷўразода соли 1966 ба рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» ва баъдан маҷаллаи «Комунисти Тоҷикистон» ба кор даъват шудаву маҳорату малакаи эҷодиашро сайқал дод. Ва дар солҳои 90-ум, баъди аз нав барқарор шудани сохти конститутсионӣ аз рўзномаи «Садои мардум» ба шуъбаи тарҷума ва таҳрири Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъваташ намуданд.
Сипосгузор аст аз рўзномаи ҷавонону ҷавониаш, ки барояш боли парвоз дод, парвози эҷодӣ, роҳ кушод ба зинаҳои камолот.
Таҳияи Шаҳло Эшонова, “ҶТ”
Бознашр аз рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»,
16 апрели 2020.
Бо талоши ҳамкорамон Фирӯза Раҳимова