Муаррифии китоб. Зариф Ғулом. «Исёни Назир»

Қиссаи таърихии «Исёни Назир» ба корномаи Назир, писари Халифа қурбон, ки дар деҳаи Кўли Сўфиён зиндагӣ мекард, бахшида шудааст. Қаҳрамони қисса ҷавонмарди ҳақталош буда, баҳри манфиати мардуми деҳаҳои гирду атрофи Кўли Сўфиён алайҳи зулму истибдоди бекигарии Балҷувон  баромада, дар ин роҳ  шуҷоату мардонагӣ ва матонату диловарӣ нишон дода, дар натиҷаи роҳбарии дурандешона бар ҳокими Балҷувон ғалаба мекунад ва дар мубориза бо сарбозони мири Ҳисор шикаст хўрда, дар талошу ҷонбозиҳо ба ҷазо гирифтор мешавад.

Асари мазкур ба равияи печутоби зиндагӣ ва бархўрдҳои қисмату саргузашти инсониҳои таърихии диёри Кангурт низ рабт дошта, дар тарбияи худшиносиву худогоҳии ҷавонон саҳми босазо гузоштааст.

Ин китоб соли 2016 чоп шудааст ва шумо метавонед онро дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фирӯза Раҳимова