Баҳси шоҳпарак дар маҳфили “Дастони моҳир”

Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мо мавзӯъи шоҳпаракро интихоб намудем. Ҷонваре, ки миёни мардум номҳои гуногун дорад ва ҳашараи хеле ҷолибу диданист. Дар аввали маҳфил аз хонандагон суол шуд, ки оё онҳо шоҳпаракро дидаанд? Маълум шуд, ки аксари онҳо тасаввуроти комил дар бораи ин ҳашарот доранд. Вале боз ҳам барои рушантар шудани тасаввурашон чанд нукта ёдрас шуд.

Шабпарак, шапалак ва боз чанд номи дигар доранд ин ҳашаротҳои ҷолиб. Шоҳпаракҳо беш аз 140 намуд доранд ва ба гурӯҳи пулакчаболҳо дохил мешаванд, қаноти онҳо бо пулакчаҳо пӯшида шудаанд. Ҳама шукӯҳ ва рангубори шоҳпаракҳо аз ҳамин аст: дар пулакчаҳо моддаи рангдиҳанда мавҷуд мебошад. Аммо дурахши вижаи рангро ба шоҳпаракҳо пулакчаи дигар – оптикӣ медиҳад. Онҳо пигмент (моддаи рангдиҳандаи ҳайвон ва рустанӣ) надоранд, аммо ба ҳар ҳол ба таври муъҷизаосо ҷило медиҳанд!

Аз он ки пулакчаҳои оптикӣ шуои офтобро мешикананд ва онҳоро ба рангҳои гуногун паҳн мекунанд, шоҳпарак ба сони рангинкамони бисёрранг ба назар мерасад. “Бесабаб нест, ки дар Руми Бостон ба ин назар буданд, ки шоҳпаракҳо аз рангҳои ҷудошуда аз рустаниҳо пайдо  шудаанд”,- менависад профессор Ф.Н. Правдин.

Аммо шоҳпаракҳое низ ҳастанд, ки пулакча надоранд ва қаноташон чун оина поку шаффоф аст ва шишаӣ ном гирифтанашон низ аз ҳамин аст.

Хӯроки шоҳапаракҳо шираи гулҳост. Аммо баъзе навъҳои онҳо шарбати меваҳои пӯсидаро низ мехӯранд. Шоҳпаракҳое ҳастанд, ки аслан чизе намехӯранд.

Аввалин шоҳпаракҳо дар рӯйи замин тахминан 100 миллион сол пеш пайдо шуданд. Ин замоне буд, ки дар Сайёраи мо гулҳо басо зиёд шукуфтанд, то ин замон барои онҳо аслан ғизо ҳам мавҷуд набуд.

Бисёр навъи шоҳпаракҳо ба ҳамагон маълуманд. Масалан, лимушаҳпарак. Вай баҳорон пеш аз ҳамаи шабпаракҳои дигар пайдо мешавад. Ҳанӯз алафҳо сар накашидаанд ва аввалин гулҳо шукуфтаанд, ки мебинем шоҳпараки зард ба парвоз омадааст. Инҳо наринаҳои онҳост. Модинаҳо сафедранганд. Хеле кам шоҳпаракҳое ҳастанд, ки чун лимушапалак умри дароз бинанд – 10 моҳ. Зимистонро мегузаронад ва баҳорон аз сари нав ба парвоз меояд. Тобистон тухм мегузорад.

Дар бораи шоҳпарак ё шапалак метавон зиёд ҳарф зад. Мо суханро мухтасар кардем ва аз хонандагон хостем то тибқи тасаввури худ бо истифода аз асбобҳои дафтардорӣ шаҳпарак созанд ё онро наққошӣ кунанд.

Хонандагон ҳар кадом бо завқу шавқи худ ин супоришро иҷро карданд.

Сайрон Сафарова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.