Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Сайид Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшанӣ (Ўротеппагӣ) ибни Сайид Маҳмудхони Назмӣ
Нашр шуд 2020-08-26 08:30
(таваллуди Ҷавҳарӣ-1289)
Аз дастхатти Ҷавҳарӣ
Ғазал
Субҳ чокест зи ҷайби дили савдоии мо,
Шом гарде зи тани бодияпаймоии мо.
Хоб ороми бурунтоз шуд аз дидаи дил,
Пушти по зад чу муҳаббат ба таносоии мо.
Бар тани иффати мо сўхт катони номус,
Номаи ишқи ту зад шуъла ба расвоии мо.
Аз хумулӣ шуда овозаи мо оламгир,
Нестӣ Қофи нишон гашт ба анқоии мо.
Юсуфистони ғаму дарди ту шуд козаи тан,
Анҷуман кард гул аз гўшаи танҳоии мо
Ҳоли ҳайратзадагони ту чи ҳайрат орост,
Хонаи ойина шуд чами тамошоии мо.
Доғи ту марҳами ороми дили сўхтагон,
Шаби андўҳи ту рўзи тарабороии мо.
Рўй бар хоки дарат мегузарад меҳри фалак,
Ҳасратолуди суҷуде зи ҷабинсозии мо.
Нафас аз субҳ баровард ба аҷзи тоқат,
Чарх чун хост шаб аз шавқи ту ҳампоии мо.
Ҷилва оинабаҳор омаду лекин чи тавон?
Дида накшуд як оғӯш ба биноии мо.
Ишқ он чо, ки зи мо вазъи чунун хоҳад, бод
Бехудӣ барқи фусуни адабиншоии мо .
Хома ангушти надомат шуду андеша газид,
Гашт то машқи сухан сархати раъноии мо.
Назаре сарфи таамул нашуд аз мо, ки чи буд
Иллати ғойӣ (?) дар ин нашъа ба пайдоии мо.
Ҷавҳарӣ арзи ҳунар он суи таҳқиқи фаност,
Мояи ҷаҳл бувад ҳосили доноии мо.
Аз шеърҳои Ҷавҳарӣ сарсарӣ гузаштан дуруст нест. Мумоилайҳи шеърро бағоят устодона менигорад. Зотан Ҷавҳарӣ ба тарзи қадим аз устодони адаби ин давра аст. Ҷавҳарӣ муқаллиди Бедил аст, аммо дар тақлид он қадар сохтакориву такаллуф ба кор набурдааст, бинобар ин, аз ин тақлид ба фасоҳати табиии забон зарари куллӣ рўй надодааст.
Ҷавҳарӣ дар насри форсӣ низ муқтадир аст, лекин насрашро бағоят душворфаҳм менависад. Ба хоҳиши фақир барои тарҷумаи ҳоли худ чизе навишта фиристода буд, ки нисбат ба соири мансуроташ хеле сода аст, ба тариқи намуна нақл мешавад.
Намунаи насри Ҷавҳарӣ
(Аз дастхати худаш)
«Ин тарозандаи саҳоифи хато ва нигорандаи девони нуқсон Ҷавҳарии оҷизии сармояе ҳеҷмадон минҷумла аҳволи асафомоли худро чунин рақамзадаи килки баён менамояд, ки дар таърихи як ҳазору дусаду ҳаштоду нуҳуми ҳиҷрӣ дар балдаи Истаравшан, дар маҳаллаи Намозгоҳ ҳангоми фасли рабеъ ба арсаи вуҷуд қадам ниҳодаам ва ба олами зуҳуру шуҳуд оғўши назар кушода.
Чунончи қитъаи таърихие, ки ҳазрати волиди моҷидам иншод фармудаанд, имои ин маънӣ менамояд. (Ин қитъа дар зайли намунаи ашъори Назмӣ дар бобби «нун» навишта хоҳад шуд.)
Баъди айёми сабо, чун аз тахтахонии мактаби ҳиҷову варақгардонии дабистони савод фароғате дастам дод, аз синни дувоздаҳ то биступанҷсолагӣ шабҳо дуди чароғ мехўрдам ва рўзҳо дар мадорис ҷузвкашӣ менамудам, то аз улуми арабия, он чи лобудду аҳамм буд, омўхтам ва аз фунуни адабия баҳраҳо андўхтам. Чун аз таҳсили дурусти маълума ва хатми кутуби маъруфа пардохтам, ба хидмати талабаи улум, чун ҷавзо камар баста, рўзгоре ба сар бурдам ва кўчаи қилу қолро пай сипардам.
Он гоҳ дар ибтидои давлати ҳуррият (яъне инқилоби уктабр ва ташкили ҳукумати шўроӣ) маҷбуран тақаллуди қазо намудам, то муддати се сол ба ин амри хатир иштиғолпазир будам.
Баъд аз он қилодаи ин тасаддиро аз зиммаи ўҳда барӣ сохта, акнун чанд гоҳ аст, ки бисоти ҳавову ҳавасро дар нури дидаам ва аз кору бори айём доман чида, дар гўшаи нестиву хумулӣ хазидаам.
Аммо аз аҳди шубоб то ба имрўз, ки санаи 1343 ҳиҷрия аст, бинобар салиқаи аслия, аз он ҷо ки истеъдоди ман фитрист ва гуфтори ман на такаллуфиву фикрӣ, чунончи дар шеъре, ки гуфта, дури ин маъниро суфтаам:
Қитъа
Сухан дар гавҳарам мавҷест васфи лозими зотӣ
Ки Назмизодаам, маънинажодам, фитратэҷодам,
Ба тақлиду такаллуф кай тавон шуд ҳамзабони ман,
Ки шамъи маҳфили таҳқиқаму нур аст иншодам.
Агарчи салосати баён ва саломати табъ ирсӣ нест, лекин абан ан ҷаддин аз ин варосат ҳам ҳаззи вофир дорам. Шоире мегўяд:
Мо ҳама дар асл шоирзодаем,
Дил ба ин меҳнат на аз худ додаем.
Ба гуфтани шеър бештар моилам, чи форсӣ ва чи туркӣ ва чи тозӣ, дар ҳар кадом аз ғазалиёту қасоид ва маснавиёту таъмия ва расоилу макотиб манзуман ва мансуран дафтарҳо ба тасвид расондаам. Лекин ба узри камбизоатии ҳавсала ҳеҷ як аз ин нуқудро ба сиккаи табъ нанишондаам.
Ин ҷо ба ҳукми он ки муште бувад намунаи хирворе, ду-се ғазал дар қайди таҳрир медарояд…»
Ҷавҳарӣ ба адабиёти ҷадида иштиғол наварзидааст, қасида иншод карда дар мадҳи Тоҷикистон ба услуби қадим, ки дар қисми саввум дар зайли адабиёти ҷадида дарҷ хоҳад шуд.
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.
Таҳияи Уғул Бобораҳимова,
мутахасиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.