Қорӣ Абдулмаҷид Зуфунуни Бухороӣ
Нашр шуд 2020-09-17 15:22
(вафот-1321 )
(Аз тазкираи Садри Зиё)
Дур дор аз сар ғуруру пок аз дил кинаро,
Ҷилвагоҳи хештан кун дидаи ойинаро.
Зуфунун, Фарҳод ҳам меканду ман ҳам меканам,
Ӯ ба теша Бесутунро, ман ба нохун синаро.
Зуфунун аз шогирдони рашиди Аҳмади Калла аст, мувофиқи лақабаш ҳақиқатан зуфунун буд, хусусан дар илми тиб ҳазоқати фавқулъода дошт. Чун атвори абнои рўзгорро намеписандид, хусусан аз аҳли дарбори амир бисёр танаффур дошт, ин нафрати худро биттабъ изҳор ҳам мекард, лоҷарам саломатро дар девонагӣ ёфта буд.
Бинобар ин, бо ҳама ақлу зако ва фазлу камол худро сохта (сунъӣ) девона ба қалам медод, то ки аз ҳар гуна бозхост эмин бошад.
Зуфунунро дар туркии усмонӣ, арабӣ ва форсӣ шеър бисёр буд. Аз он ҷо, ки дар шеър эҳтимом надошт ва ба касе ҳам намедод, осоре аз он боқӣ намонд.
Таҳияи Уғул Бобораҳимова,
мутахасиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон.
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.