Зан- модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон.
Зан модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ў пеши назар меояд, эҳсос мекунем, ки як нур пеши чашмамон пайдо шуда. Ин нур роҳи ояндаи моро равшан месозад.
Зан –модар офарандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои «Модар» мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин калима ин «Модар » аст.
Модар – қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор , чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, пурэҳсостарин фард. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба ин оламу одамият ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ў танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар ба олами рангини кўдакӣ ба воя мерасему аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзем. Аввалин ҳарфҳоро кўдак аз даҳони модар мешунавад ва қадамҳои нахустинашро ҳам бо ёрии дастони модар мегузорад. Оғўши ин сарчашмаи ҳаёт чун дунёи меҳр маконест муқаддасу ширин.
Меҳрубоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш Модар аст,
Қаҳрамоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш Модар аст.
Аввалин рафтору гуфторам бувад аз дасти ў,
Нуктадоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш Модар аст.
Дар ин маҳфили “Дастони моҳир”, ки дирӯз дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, муаллима дар бораи ин рӯз бо хонандагон суҳбат кард ва аз онҳо хост дар бораи модар шеъру таронае агар медонанд, бихонанд.
Дар поёни маҳфил хонандагон бо истифода аз м аводҳои конселярӣ расму тасвирҳо бахшида ба Рӯзи Модар кашиданд.